ҚАЛАМКАШЕ ДАР МАРЗИ НОМУС

Расулро шавқу рағбати илмомӯзӣ пас аз анҷоми хидмати ҳарбӣ (нимаи дуюми солҳои 80-ум) ба даргоҳи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко овард. Вай донишҷӯи фаъол буд, чакидаҳои хомааш дар рӯзномаҳо пайваста ба табъ мерасиданд.
Хуб дар хотир дорам, ки ҳанӯз соли 1989, айёми мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ як мақолааш таҳти унвони “Миллатро аз ному насабаш бишносанд” аз рӯзномаи “Насими Исфара” сар карда, дар аксар ҷаридаву маҷаллаҳои даврӣ ба табъ расиду сар то сари кишвар ҳаводорони зиёде пайдо кард.
Иштироку суханрониҳояш дар барномаҳои ҷавонии телевизионҳои ҷумҳурӣ гувоҳи ҳувияти баланди ватанхоҳиву хештаншиносии ӯ буданд.
Пас аз хатми донишгоҳ дар мактаби миёнаи №52 аз забону адабиёти тоҷик ба намояндагони миллати рус дарс мегуфт. Баробари фаъолияти омӯзгорӣ корҳои эҷодияш ҳам равнақ ёфтанд.
Ӯро имрӯз ҳамчун рӯзноманигори варзида ва шоир мешиносанд. Дорандаи нишонҳои «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» мебошад.
Расул саҳифаҳои нашрияҳоро бо гузоришҳои рангинаш, бо мақолаҳои публитсистӣ, очерк ва шеърҳои пуробурангаш зеб мебахшад.
Хусусан, вақтҳои ахир дар мавзуъҳои рӯз, аз ҷумла, оид ба муносибати сарду одоби костаи ҳамсоядорӣ маводи саршор аз санаду далелҳоро ба монанди «Тангии Ворух», «Одоби ҳамсоядорӣ», «Ворух ҷазира нест!», «Таърихи Хоҷаи Шибирғон», «Заҳматободи Ғорбобо», «Дараи пули офтобрӯй», «Санги шикоф», «Беди каҷ» интишор додааст, ки дархури муаммоҳои сарбастаи баҳсу мунозираҳои сарҳадӣ буда, аз ҷониби коршиносони соҳа баҳои арзанда гирифтаанд.
Шогирдонаш дар озмунҳои шаҳрию вилоятӣ ғолиб омада, давомдиҳандаи анъанаҳои ӯ ба ҳисоб мераванд.
Бобоҷон ТӮЙЧИЗОДА,
Аълочии маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон