ММТ: ДАВРИ ТАКРОРИИ БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН

Ба таваҷҷуҳи хоҳишмандони иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2023, ки худро дар даври якуми бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) номнавис карда натавонистаанд, расонида мешавад, ки даври дуюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2023 аз 10-уми июн оғоз ёфта, то 30 юми июн идома меёбад.
Довталабоне, ки худро дар даври якум сабти ном накардаанд, метавонанд дар даври дуюми бақайдгирӣ дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт, ки рӯйхати онҳо дар сомонаи марказ оварда мешавад, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд.
Довталабоне, ки дар даври якуми бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) худро номнавис кардаанду интихобҳои аввалаашонро иваз кардан мехоҳанд, бо пардохти пурраи маблағи хидматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ метавонанд худро аз нав сабти ном кунанд.
Довталабоне, ки интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, бояд бо пешниҳоди (1) шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳру сурат), ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст; (2) варақаи бақайдгирии даври якуми бақайдгирӣ ва (3) расид аз яке аз марказҳои хидматрасонӣ ё филиалҳои Амонатбонк (ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл”) оид ба пардохти маблағи пурраи хидматрасонӣ дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ азнавбақайдгириро гузаранд.
Арзиши хидматрасонӣ барои шахсоне, ки бо мақсади иштирок дар ИМД-2023 аз қайд гузаштан мехоҳанд, дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти даври якум ва дуюми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 300 сомонӣ ва барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) 210 сомонӣ муқаррар гардидааст. Маблағи хидматрасонӣ барои азнавбақайдгирӣ дар даври дуюм 25 сомонӣ аст.
ТАВАҶҶУҲ! Довталабоне, ки худро дар даври дуюми бақайдгирӣ (аз 10 ум то 30-юми июн) номнавис мекунанд, имтиҳонҳоро (12-уми июл) танҳо дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе месупоранд.
Маркази миллии тестии
назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон