Аз 2 то 4 июни соли равон мусобиқаи байналмилалии Гран-прии Душанбе — 2023 оид ба ҷудо бори аввал дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Барои иштирок дар он 314 варзишгар аз 44 кишвари ҷаҳон сабти ном шуда буд, ки аз ин 34 нафар варзишгар Тоҷикистонро ба унвони мизбони Гран-прии Душанбе — 2023 муаррифӣ карданд.
Дар рӯзи ниҳоии мусобиқаи Гран-прии Душанбе-2023 оид ба ҷудо ғолибон ва ҷоизадорон дар панҷ вазн муайян гардиданд. Дар рӯзи охир ҷудочиёни Тоҷикистон Комроншоҳ Устопириён (дар вазни -90) медали тилло ва Темур Раҳимов (дар вазни +100) медали нуқра ба даст оварданд.
Ғолибону ҷоизадорони Гран-прии Душанбе-2023 дар баробари медалҳо бо ҷоизаҳои пулӣ сарфароз гардиданд. Ғолибони ҷойи аввал соҳиби 3000 евро, ҷойи дуюм 2000 евро ва ҷойи сеюм 1000 евро шуданд.
Бояд гуфт, ки Гран-прии Душанбе-2023 мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 низ буда, ба рейтинги варзишгарон хол илова карда мешавад. Барои ҷойи 1 — 700 хол, ҷойи 2 — 490, ҷойи 3 — 350, ҷойи 5 — 252 хол дода мешавад.
Аз рӯи натиҷаи мусобиқаи Гран-прии Душанбе — 2023 мунтахаби ҷудои Тоҷикистон миёни варзишгарони 44 мамлакати олам бо ба даст овардани 7 медал (3 медали тилло, 3 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ) мақоми аввалро касб намуданд.
Таҳияи С. МУРОДОВ,
«Омӯзгор»