ОМӮЗГОРИ ҶӮЯНДА

Маҳмадсаид Сафаров пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 33-и ноҳияи Файзобод таҳсилро дар омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Ҳисор идома медиҳад. Баъд аз ба итмом расондани омӯзишгоҳ дар таълимгоҳи зодгоҳи худ ба фаъолияти педагогӣ пардохт. Ӯ дар ин муассиса шогирдонро дар руҳияи худогоҳӣ, эҳтироми Ватан-модар тарбия намудааст.
Маҳмадсаид Сафаров барои такомули донишу малакаи худ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсилро дар шуъбаи ғоибонаи методикаи таълими синфҳои ибтидоӣ давом дода, донишгоҳро бомуваффақият хатм намудааст. Ӯ соли 1984, баъди адои хидмати ҳарбӣ ба муассисаи таҳсилоти рақами 33 ба кор омада, аз пайи таълиму тарбияи синфҳои ибтидоӣ мегардад. Дар ин таълимгоҳ муддати 20 сол фаъолият карда, хидматҳояш дар раванди таълиму тарбияи шогирдон бо сипосномаҳои шуъбаи маорифи ноҳия ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. Мавсуф айни замон дар муассиссаи таҳсилоти миёнаи рақами №27-и ноҳияи Файзобод ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ дарс мегӯяд.
Муаллими заҳматкаш ва талошманду кӯшо амиқу неку медонад, ки барои беҳтар гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия ва донишандӯзии хонандагон, робитаи мактаб бо падару модарон нақши муассир ва судманд дорад. Аз ин рӯ, вай дар ин самт ҷаҳду ҷадал намуда, дар ташкил ва баргузории тадбирҳои тарбиявӣ ва умумимактабӣ саҳм мегузорад.

Ҳокими САФАР,
ноҳияи Файзобод