КИТОБИ «РЕКОРДҲОИ ГИННЕС» КАЙ ВА ДАР КУҶО ПАЙДО ШУДААСТ?

Тамоми ҳодисаву воқеаҳои булаҷаб, рекордҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бино бар аз ҳама баландтарин дар ҷаҳон буданаш дар китоби «Рекордҳои Гиннес» дарҷ гардидааст. Мехоҳам донам, ки ин китоб бори аввал кай ва дар куҷо чоп шудааст?
Абдуваҳҳоб АБДУРАҲИМОВ,
омӯзгори МТМУ №123,
ноҳияи Рӯдакӣ
Моҳи майи соли 1951 Хю Бивер – директори корхонаи пивои «Гиннес» — и Ирландия ҳамроҳи дӯстонаш ба шикор меравад. Ҳангоми шикор дар байни онҳо баҳс оғоз меёбад. Суоле ба миён меояд, ки мурғи аз ҳама тезпарвоз кадом аст? Чаковаки зарринбол ё титави шотландӣ? Чунин баҳсҳо дар байни мардуми ҷазираҳои Британия зуд – зуд ба вуқуъ мепайваст.
Хю Бивер барои посух ёфтан ба савол роҳбарони оҷонсии ахбори Лондон бародарон Норрис ва Рос Махуиртерро ҷалб мекунад. Дар натиҷа моҳи августи соли 1964 нахустин китоби маълумот бо теъдоди 1000 нусха бо иқдоми Хю Бивер чоп ва ба дӯстону наздикони ӯ тақдим карда мешавад. Соли дуюм китоб бо ҳамин теъдод дар ҳаҷми 197 саҳифа ба муносибати рӯзи мавлуди Исои масеҳ бо ороиши аҷиб чоп мешавад. Пас аз як соли дигар бо талабу дархости хонандагон теъдоди китоб ба 70 ҳазор нусха мерасад.
Бародарон Махуиртерҳо, ки бо лақаби «Хазинаи дониш» машҳур буданд, боре дар барномаи телевизионии «Рекордсменҳо» иштирок карда, мухлисонро бо ҷавобҳои саҳеҳу оҷил дар ҳайрат гузоштанд. Ҳамин тариқ, чопи мунтазами китобе бо номи «Рекордҳои Гиннес» ба ҳукми анъана медарояд.
Айни замон ин китоб бо теъдоди 100 миллион нусха дар 100 мамлакати олам ба 24 забон ба табъ мерасад.
Масъули гӯша Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»