22 -уми апрели соли равон адиб ва публитсисти шинохта, собиқ корманди нашрияи «Маориф ва маданият» (ҳоло «Омӯзгор») Раҷаб Мардон дар синни 83 оламро падруд гуфт. Шодравон соли 1940 дар деҳаи Ҳалқаёри ноҳияи Ховалинг таваллуд шуда, баъди хатми мактаби №4-и шаҳри Кӯлоб ба факултаи филологияи тоҷики УДТ ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) дохил шуда, онро бомуваффақият ба итмом расондааст.
Мавсуф солҳои тӯлонӣ дар нашрияҳои «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият»), «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») ва «Маориф ва маданият» («Омӯзгор») дар вазифаҳои мудири шуъба ва муҳаррири калону ҷонишини сармуҳаррир фаъолият доштааст. Соли 1987 ба ҳайси мудири шуъбаи нашриёти «Адиб» ифои вазифа намудааст. Раҷаб Мардон бо таълифи очеркҳо дар васфи қаҳрамонони арсаи кор ва мақолаҳои пурмуҳтавои публитсистӣ дар байни аҳли қалам соҳиби шуҳрати хоса гардида, баъдан ба навиштани ҳикоёту қиссаҳои ҷолибу рангин пардохтааст. Асарҳои публитсистии Р.Мардон дар шакли китобҳои алоҳида нашр гардида, ба тасвири зиндагӣ ва заҳмати софдилонаи коргарони корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ, сохтмончиёни неругоҳҳои барқи обии Нораку Роғун, нақбсозони Данғара бахшида шудаанд. Хидматҳои Раҷаб Мардон бо ордени «Шараф», унвони «Журналисти хидматнишондодаи ҶСШ Тоҷикистон» ва як қатор нишонҳои соҳавию ифтихорномаҳо қадр гардидаанд.
Хотираи неки инсони шариф ва эҷодкори асил Раҷаб Мардон дар дили дӯстону ҳамкорон ва шогирдонаш абадӣ боқӣ хоҳад монд.
