Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

барои ишғоли вазифаҳои мудири кафедраҳои зер озмун эълон менамояд:
Мудири кафедра – 29 ҷой;
– фалсафа — 1 ҷой;
– умумидонишгоҳии психология — 1 ҷой;
– умумидонишгоҳии забони русӣ — 1 ҷой;
– сиёсатшиносӣ -1 ҷой;
– таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо — 1 ҷой;
– ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ — 1 ҷой;
– фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо — 1 ҷой;
– фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳо — 1 ҷой;
– педагогика — 1 ҷой;
– мудофиаи гражданӣ — 1 ҷой;
– тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ — 1 ҷой;
– забони ҳозираи рус — 1 ҷой;
– адабиёти хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти рус — 1 ҷой;
– математика ва методикаи таълими он — 1 ҷой;
– методикаи таълими физика ва технологияи материалҳо — 1 ҷой;
– физикаи умумӣ ва назариявӣ — 1 ҷой;
– илмҳои компютерӣ — 1 ҷой;
– методикаи таълими информатика — 1 ҷой;
– забоншиносӣ ва таърихи забон — 1 ҷой;
– умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ — 1 ҷой;
– адабиёти тоҷик — 1 ҷой;
– журналистика — 1 ҷой;
– забонҳои хориҷӣ — 1 ҷой;
– химия ва методикаи таълими он — 1 ҷой;
– биология ва методикаи таълими он — 1 ҷой;
– таърих ва методикаи таълими таърих — 1 ҷой;
– таърихи халқи тоҷик — 1 ҷой;
– иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ — 1 ҷой;
– менеҷмент ва маркетинг — 1 ҷой.
Барои иштирок дар озмуни ишғоли вазифаи мудири кафедра пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин тақозо мешавад:
– ариза ба номи ректори донишгоҳ оид ба иштирок дар озмун;
– варақаи шахсӣ;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (доштани собиқаи беш аз 5-солаи корӣ дар соҳаи маориф ва илм);
– ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дараҷаи илмӣ (ҳадди ақал номзади илм);
– рӯйхати маводи нашрӣ дар 5 соли охир;
– нусха аз ҷаласаи Шурои олимони факултет (барои кормандони донишгоҳ).
Ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 20.05.2023 қабул карда мешаванд.
Нишонӣ: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, кӯчаи С.Сафаров, 16, тел.: 2-35-06, 2-35-09, E-mail: info@kgu.tj, www.kgu.tj