Модар. Чӣ қадар меҳру муҳаббат, бузургию хоксорӣ зери ин мафҳум ниҳон аст. Дар олам бузургтар аз модар мавҷуде нест.
Меҳру муҳаббати самимии модар ва шабзиндадориҳои ӯро ба ҳеҷ чиз баробар наметавон кард. Кист он касе, ки суруди «Алла»-и модарро нашунидаву аз шири сафеди ӯ баҳра набурда бошад. Модар! Ҳаёти инсон аз ту сарчашма мегирад. «Модар» мафҳуме мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон оҳанги навозишкорона дорад. Ҳар қадаре ки муҳаббати шахс ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшон аст.
Модар, модар, ту беҳтарин армонӣ,
Шодӣ ба дилу ба хонадон эҳсонӣ.
Аз меҳру навозишат мунаввар олам,
Дар даҳр ҳамеша ҷовидон мемонӣ.
Модар бо ҳастию дили бузургаш ба кас қуввату неру, тавоноию меҳру муҳаббати беканор ато мекунад.
Модар офаранда аст, тифлро ба дунёи равшан оварда, тарбият мекунад ва ба камол мерасонад. Аз ин офаридаи бузурги ӯ замину осмон, ҷаҳони ҷовидон ва ҳастии олам равшанию нур, хушию сурур ва руҳу неру мегиранд.
Ба қавли бузургон, модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад. Модар ба фарзандон шири сафед медиҳад, то дар зиндагӣ роҳи сафеду бахти сафед ёрашон бошад.
Зайтуна ҚАРАЕВА,
омӯзгори таърих ва ҳуқуқи
мактаби №18,
ноҳияи Шаҳринав