ҲАМОИШ ДАР МАВЗУИ МУҲИМ

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 . 10 . 2017, №487 «Дар бораи омодагӣ ва амалигардонии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар мавзуи «Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – мудирияти Маҷмаи СММ оид ба масъалаи об» мизи мудаввар барпо гардид.
Дар он доираи васеи шунавандагони курсҳои такмили ихтисос, кормандони донишкада ва намояндагони филиалҳои донишкада дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Кӯлоб ва Хоруғ ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ карданд. Дар ҳамоиш омӯзгорони кафедраи методикаи таълими фанҳои табиӣ – риёзии ДҶТИБКСМ Ш. Акобиров, С. Комилов, М. Қаҳҳоров, Х. Мӯсоев оид ба мавзуъҳои «Гармшавии иқлим ва ҳолати пиряхҳои кӯҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Об ва хусусиятҳои он», «Пиряхҳо – манбаи оби ширин», «Аҳамияти оби тоза дар ҳаёт» ва «Об — манбаи ҳаёт» андешаронӣ намуданд.

Мамараҷаб БӮРОНОВ,
омӯзгори ДҶТИБКСМ