Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» қабул гардид, ки масъулият ва вазифаҳои омӯзгорро дар раванди таълиму тарбия муқаррар мекунад. Тибқи қонун, омӯзгор на танҳо омӯзонанда, балки тарбиятгар, роҳнамо ва намунаи барҷастаи ахлоқи ҳамида барои шогирдон мебошад.
Қонуни мазкур ҳуқуқҳои омӯзгоронро кафолат медиҳад, аз ҷумла, ҳуқуқ ба меҳнати шоиста, ҳифзи шаъну эътибор, амнияти иҷтимоӣ ва рушди касбӣ.
Ҳамзамон, дар қонун уҳдадориҳои омӯзгор низ мушаххас гардидаанд, аз қабили риояи одоби касбӣ, таъмини сифати таълим ва эҳтироми ҳуқуқу манфиатҳои хонандагон ва донишҷӯён.
Яке аз нуктаҳои муҳимме, ки қонун муқаррар кардааст, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии омӯзгор дар ҷомеа мебошад ва давлат уҳдадор аст, ки барои беҳтар намудани шароити кору зиндагии омӯзгорон, такмили ихтисос ва ҳавасмандгардонии онҳо чораҳои зарурӣ андешад. Ин тадбирҳо ба рушди соҳаи маориф ва баланд шудани сифати таълим мусоидат мекунанд.
Дар воқеъ, дар ҳама давру замонҳо шинохти миллат, аломати рушду инкишофи ҳар як давлат ва сатҳи зиндагию дараҷаи некуаҳволии халқиятҳо аз пояи маориф, хосса, таълиму тарбия баҳогузорӣ карда мешавад. Агар соҳаи маориф бо тарҳрезию роҳандозии барномаю стандартҳои пурмуҳтавои ҷадиди созгор бо замони муосир, омода намудани мутахассисони варзидаи педагогӣ, таълифу нашри китобҳои дарсии иртиботманд бо тағйироту дигаргуниҳои даврони соҳибистиқлолӣ, пешниҳод ва истифодаи ҳадафмандона аз технологияи навтарин ва дастгоҳҳои техникӣ, фароҳам овардани шароити ҳамаҷонибаи зиндагӣ баҳри устодону омӯзгорон ба пешравию муваффақиятҳои чашмрас ноил гардад, ин маънии онро хоҳад дошт, ки давлату ҷомеа мустаҳкам ва мардуми сарзамин дар амну рифоҳи комил умр ба сар мебаранд. Хушбахтона, Давлат ва Ҳукумат ҷиҳати амалӣ намудани чунин ниятҳои судманд барои тамоми аҳли маориф шароитро фароҳам овардааст. Замони пурпечутобу мураккаб ва пур аз тазоди муосир тақозо мекунад, ки дар ғояю консепсияи маорифи кишвар, шеваҳои таълиму тарбия ва дурнамои рушди он, ҳамчунин, ба паҳлуҳои маърифатӣ ва оҳангҳои миллию ҳувиятхоҳӣ бояд такя кард. Маорифи мо дорои тобишҳои миллӣ буда, дар тарбияи инсонҳои асилу собитқадам, ки манофеи кишварро аз кулли бардоштҳои шахсию инфиродӣ беҳтару болотар меҳисобанд, саҳмгузор аст. Маҳз муассисаи таълимӣ дар тарбияту такомул ва ташаккули неруи зеҳнӣ ормонҳои озодихоҳонаю ватанпарварона ва бо тараққии ҳамаҷонибаи худ то ба сатҳи давлатҳои пешрафтаю мутараққӣ расидани Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши мондагор мегузорад. Даст ёфтан ба комёбиҳои беназир дар ҷомеа соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар мустақиман аз насли донишманду фозил ва дорои фаҳмишу диди васею пешрафта вобаста мебошад.
Наҷоти миллат ва таҳкими давлатамон ваҳдати комили халқи азизамон буда, барои таъмини чунин фазои хурраму осуда ҳамагӣ масъулем.
Афкори ҳакимонаи Пешвои миллат перомуни бахши маориф ва тарбияи насли наврас дар таърихи давлатдории тоҷикон беҳтарин дастуру ҳидоятҳоянд, ки аз раванди ҳаёти сиёсиву воқеии мамлакат маншаъ мегирад. Ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» аз ибтикороти созандаю бунёдкоронаи Сарвари давлат дар ин масир ба шумор меравад.
Бо боварии комил гуфта метавонем, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» санади муҳимми ҳуқуқӣ буда, мақом ва ҷойгоҳи омӯзгорро дар ҷомеа баланд бардошта, заминаи устувор барои рушди соҳаи маориф фароҳам меорад.
Меҳриддин ҒИЁСӢ,
ёвари директори Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонии ДБССТ,
номзади илмҳои педагогӣ,
Шуҳрат КАМОЛЗОДА,
сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрии Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонии ДБССТ,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ













