Нашрияи Омӯзгор

Сиккаҳои рамзии НБО-и «Роғун»

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 731        Шарҳ: 0

 

Инъикоси комёбиҳои бузурги давлатдории навини тоҷикон дар замони соҳибистиқлолӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосаро касб кардааст. Дар осорхона толори махсуси намоишӣ созмон дода шудааст, ки бевосита ба даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Дар толори “Истиқлолият” дастовардҳои кишвар вобаста ба ҳадафҳои стратегии давлат пешниҳод гашта, нахуст шиносоӣ аз гўшаи “Истиқлолияти энергетикӣ” – и кишвар оғоз меёбад. Дар ин гўша аксҳо аз рафти ифтитоҳи бузургтарин неругоҳҳои замони соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ, ба монанди НБО-и «Помир-1», «Сангтўда-1», «Сангтўда-2» ба намоиш гузошта шудаанд. Дар экспозитсияи мазкур неругоҳи барқи обии «Роғун» мавқеи асосиро ишғол менамояд.

Чуноне медонем, аз соли 2008 корҳои сохтмону барқарорсозии НБО-и «Роғун» аз нав оғоз гардида, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Неругоҳи мазкур пуриқтидортарин иншооти силсилаи неругоҳҳои рўди Вахш буда, аз 6 агрегат иборат аст, ки тавоноии ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. НБО-и «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт - соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд.

Хушбахтона, рўзи 16 ноябри соли 2018 чархаи якум ва 9 сентябри соли 2019 чархаи дуюми НБО-и «Роғун» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, ки ин рўйдоди муҳими таърихӣ аҳамияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дорад. Оғози кори НБО-и “Роғун” дар таърихномаи навини Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр бо ҳарфҳои заррин сабт гашта, боиси ифтихору сарфарозии наслҳои имрўзу ояндаи милати тоҷик мебошад.

Дақиқияти кори агрегати якум ва дуюми неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, бо гузоштани сикка муайян карда шуд ва ҳамин тавр кори нахустин агрегатҳои неругоҳ ҷавобгўи талабот арзёбӣ гардиданд.

Сиккаҳои мазкур 100 сомонӣ буда, аз нуқраи иёраш 925 зарб зада шудаанд. Вазни сиккаҳо 31,1гр буда, қутрашон 38,61мм мебошанд. Дар маркази рўи сиккаҳо Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зери нишон навиштаҷоти «100 сомонӣ», «Ag 925 31,1g» ва дар гирди сикка навиштори «Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Republic of Tajikistan» инъикос ёфтааст.

 Дар маркази пушти сиккаҳо сарбанди НБО-и Роғун тасвир шуда, дар атрофи ин тасвир навиштаҷоти «Оғози кори НБО-и «Роғун», «Launch of Rogun HPP» ва санаи «16.11.2018» инъикос ёфтааст. Сиккаҳои мазкур дар китоби воридотии Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти рақамҳои осорхонавии КВ-16016 ва КВ-17100 ба қайд гирифта шудаанд.

Сиккаҳои мазкур дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон асрҳо ҳамчун нигораҳои нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳифз ва муаррифӣ гардида, доир ба иншооти бузурги аср ва қаҳрамонии мардуми сарбаланди тоҷик қисса хоҳанд кард.

Фирдавси АБДУЛҲАМИД,

сардори шуъбаи таърихи нав ва  навини Осорхонаи миллии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш