Нашрияи Омӯзгор

Камбудиҳо бартараф мешаванд

Сана: 2021-09-23        Дида шуд: 42        Шарҳ: 0

 

Маъмурияти мактаб – интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятим дар шаҳри Кўлоб мақолаи Шариф Абдулҳамид «Дар мактаб – интернат об нест»-ро, ки (№34 аз 26 августи соли 2021) дар ҳафтаномаи «Омўзгор» ба нашр расидааст, дар шўрои омўзгорони муассиса мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дод. Қайд кардан бамаврид аст, ки чоп шудани мақолаи мазкур аз таваҷҷуҳ ва дилсўзии муаллифи он ба соҳаи маориф гувоҳӣ медиҳад. Ҳамин аст, ки дар мақола мушкилоту проблемаҳои ҷойдоштаи мактаб-интернат мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Коллективи омўзгорону мураббиёни мактаб-интернат ба муаллифи мақола барои таҳлили холисона ва инъикоси воқеъбинонаи мактаб – интернат изҳори сипос менамояд. Маъмурияти муассиса баҳри ислоҳи камбудиҳои дар фаъолияти мактаб-интернат мавҷуда як зумра корҳоро ба анҷом расонданд. Аз ҷумла, дар соли 2020-2021 қубурҳои вайроншудаи хатти интиқоли оби нўшокӣ бо маблағи худӣ аз сари нав иваз карда шуда, манораи обанбор таъмиру тармим гардид. Айни ҳол тамоми бинои сеошёнаи хобгоҳи тарбиятгирандагон бо об таъмин гардидааст. Ҳамзамон, мушкилоти об дар ҳаммоми кўдакон ва ошхонаи мактаб-интернат ҷой надорад. Хушбахтона, дар соли хониши 2020-2021 Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кўдакон маводи ғизоӣ, рахти хоб, сабзавоту мева ва ашёи хонишро ба қадри лозим дастрас намуд. Ҳамчунин, аз тарафи ташкилоти ҷумҳуриявӣ (Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кўлоб, ҶСК Экспедитсияи нақлиёти роҳи оҳан, Маркази татбиқи лоиҳаи роҳи Душанбе - Чаноқ, ҶДММ «Муҳаммад-А», САҲШ-и Кўлоб, ГФ РКДМ ҶТ, КВД «Тоҷикаэронавигатсия», раёсати молияи шаҳри Кўлоб) дар рўзҳои ид ба миқдори зарурӣ маводи хўрока, сару либос ва дигар ашёи хониш барои тарбиятгирандагон тақдим намуданд. Мушкилоти дигаре, ки то имрўз ҳалли худро наёфтааст, дар ҳолати садамавӣ қарор доштани толори фарҳангии мактаб-интернат мебошад. Маъмурияти мактаб-интернат барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, таъмиру тармими толори фарҳангиро ба нақша гирифтааст ва дар ҳолати дастрас намудани маблағи муайян толори фарҳангӣ аз таъмири асосӣ бароварда мешавад. Маъмурияти мактаб-интернат минбаъд ҳаллу фасли мусбии масъалаҳои дар мақола зикргардидаро таҳти назорати ҳамарўза қарор медиҳад.

Сурайё БАДАРҒАЕВА,

директори мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятим дар шаҳри Кўлоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш