Нашрияи Омӯзгор

Гармшавии иқлим оқибатҳои ногувор дорад

Сана: 2021-07-28        Дида шуд: 55        Шарҳ: 0

 

Олимон муайян кардаанд, ки экосистемаҳои замин миқдори зиёди газҳои дуоксиди карбон, метан ва оксиди нитрогенро ҷаббидаву бухор карда, барои беҳшавии иқлим хидмати арзанда мекунанд. Тайи солҳои охир гармшавии аз ҳад зиёди иқлим ба қайд гирифта мешавад, ки ин раванд ба экосистемаҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ҷангалзорҳои рӯйи замин, ки вазифаҳои экосистемаро иҷро мекунанд, бо дахолати бевоситаи одам бераҳмона буридани дарахтон, мутаассифона, аз байн рафта истодаанд. Инсон бояд ба назар гирад, ки ҷангалҳои рӯйи замин нақши шуши сайёраро мебозанду ҳолати муҳити зистро танзим менамоянд, оксиген ҳосил мекунанд, боришот ба амал меоранд. Агар экосистемаҳои замин вайрон шаванд, дигар дар танзими вазъи иқлим иштирок карда наметавонанд, аз ин сабаб, боришот зиёд шуда, зуд-зуд офатҳои табиӣ рух медиҳанд...

Дар ҳоли ҳозир гармшавии иқлим сабаби марги ҳайвоноте мешавад, ки ба ҳарорати муътадил мутобиқанд ва пасту баландшавии он барояшон таъсири марговар мерасонад. Масалан, мувофиқи маълумоти расонаҳои хабарӣ баъзе навъҳои сангпушт ва қурбоққаҳо дар мамнуъгоҳи “Монтеверде Клауд”-и Коста-Рика дар садади нестшавиянд. Аз 50 намуди қурбоққа 25 навъи он, аз ҷумла, қурбоққаи тиллоранг (намуди Golden toad) нест шудааст. Сабаби асосии ин ҳодисаҳои ҳузнангезро олимон дар гарм шудани ҳарорати рӯйи замин медонанд.

Гармшавии ҳаво ба равандҳое, ки дар экосистема ба амал меоянд, таъсири ҷиддӣ расонда, онро вайрон мекунад. Сохт ва вазифаҳои экосистема куллан иваз гардида, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ кам мешавад. Вайроншаваии экосистемаи замин ба саломатии инсон низ таъсири манфӣ мерасонад, чунки дар бисёр минтақаҳо бемориҳои нав ба вуҷуд омада, оммаи зиёди мардумро сироят мекунанд. Ҳамчунин, захираҳои экосистема дар натиҷаи истифодаи бетартибонаи инсон кам шуда, қисми зиёди ҳайвонот хӯрок намеёбанд ва аз байн мераванд.          

Олимон пешбинӣ кардаанд, ки 15-40 дарсади навъи растанию ҳайвонот, ки ҳозир дар рӯи Замин мавҷуданд, дар натиҷаи гармшавии иқлим нест хоҳанд шуд. Ҳайвоноте, ки дар доманаи кӯҳҳо зиндагӣ мекунанд, аз гармии ҳаво ба баландкӯҳҳо мебароянд. Аммо бо вуҷуди ин, вақте мерасад, ки дигар имкони ба боло баромадан аз байн меравад ва дар сурати поён фаромадан низ ба онҳо гармӣ таҳдид мекунад. Оқибат ин намуди ҳайвонҳо нест шуда, тамоман аз байн мераванд. Аз ҳама бештар намудҳои стенобионтҳо, аз ҷумла, хирси сафед, рӯбоҳи шимолӣ, оҳуи бухорӣ, маймунҳо, заррофа, панда, ки дар рӯйи замин доираи паҳншавии маҳдуд доранд ва дар шароити махсус зиндагӣ мекунанд, зарар мебинанд. Аз буттаву растанӣ ва дарахтон сарви камчаткаӣ, палма, қаҳва, аккатсияи регӣ низ дар маърази хатар қарор мегиранд.

Моҳира Мӯсоева,

омӯзгори географияи литсейи №3  барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш