Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳ ба илмҳои дақиқ меафзояд

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 26        Шарҳ: 0

 

Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таконбахши тамоми соҳаҳои ҷомеа, бахусус, илму маорифи мамлакат мебошанд.

Бо ибтикори Пешвои миллат дар ҷумҳурӣ «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шудааст. Танҳо ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷомеаи бо донишҳо ва тафаккури техникӣ мусаллаҳ метавонад алайҳи ҳама гуна буҳрони ҷаҳонӣ рақобатпазир, тобовар ва муваффақ бошад.

Таъсири илм ба тамоми самтҳои ҳаёти инсон-технология ва саноат, иқтисодиёт, кишоварзӣ, сиёсат, фарҳанг ва ҷаҳонбинӣ торафт меафзояд.

Мо бояд омӯзиши муқаддимаи табиатшиносиро аз боғчаи кӯдакон шурӯъ намуда, дар тамоми зинаҳои минбаъдаи таҳсилот омӯзиши асосҳои табиатшиносии муосирро барои тамоми соҳаҳо ва ихтисосҳо ба роҳ монем, стандарт ва нақшаву барномаҳои таълимиро бо дарназардошти дастури раҳнамо ва созандаи Пешвои миллат бо бартарӣ додан ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таҷдиди назар намоем, муассисаҳои таълимиро бо асбобҳои аёнӣ ва лавозимоти озмоишгоҳии муосир таъмин созем, мазмуну моҳияти омӯзиш, пажӯҳиш ва дарки ҳодисоти табиат низ дар асоси консепсияи ягонагии инсону табиат ва талаботи муосир бояд сурат гирад.

Қайд кардан лозим аст, ки барои рушди илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ шароити мусоид лозим аст, яъне, барои инкишофи онҳо бояд заминаи кофии моддиву техникӣ вуҷуд дошта бошад.

Барои расидани ба ин ҳадафҳои нек ҳар яки мо – шаҳрвандони ватандӯсти кишварро зарур аст, ки дар ҳар кадом вазифаю мақом ва соҳаҳои марбути худамон содиқона хидмат карда, баҳри амалӣ гардидани ин иқдомҳои созанда бештар саъю кӯшиш намоем.

Роҳбарияти коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ дар ин самт пайи амалӣ намудани корҳои мушаххас талош дорад. Ҳанӯз моҳи декабри соли 2020 фармоиши директори муассисаи таълимӣ  «Дар бораи иҷрои фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040» ба тасвиб расид. Мутобиқи банди 2-и фармоиши мазкур нақшаи чорабиниҳои коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» тасдиқ карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар нақшаи чорабиниҳои мазкур тадбирҳои мушаххас, аз ҷумла, таҳким бахшидани пояҳои моддию техникии муассисаи таълимӣ (озмоишгоҳҳои таълимӣ, илмӣ, паркҳои технологӣ), таъмин ва истифодаи васеи тахтаҳои электронӣ, видеопроекторҳо ва дигар васоити муосири техникӣ дар ҷараёни таълим, аз ҷумла, дар омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, таҳия ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз намудани кабинетҳои фаннии муассиса, бахусус, кабинетҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ пешбинӣ гардидааст.

Роҳбарияти муассисаи таълимӣ тасмим гирифтааст, ки бандҳои дар нақшаи чорабинӣ пешбинишударо барои панҷ соли оянда дар вақташ ва сифатнок иҷро намояд. Дар ин самт корҳо шурӯъ гардидаанд ва баргузор намудани конфронсҳои илмию амалӣ ва назариявӣ марбут ба бандҳои нақшаи чорабиниҳои мазкур аст. Зеро тибқи банди 17-и Нақшаи чорабиниҳо ташкил ва гузаронидани конфронсҳои сатҳи гуногуни илмию амалӣ ва назариявӣ дар мавзӯъҳои «Тавсеаи тафаккури техникии насли наврас», «Истифодаи технологияи муосир дар раванди таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ», «Омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ-тақозои замон» ва ғайра пешбинӣ гардидааст.

Дар муассисаи мо бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» 18 марти соли 2021 конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ – тақозои замон» баргузор шуд, ки дар он меҳмонон аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии кишвар ва дигар мақомоти марбута ширкат варзидаю суханронӣ намуданд.

 

Гулхумор Ҳусейнзода,

директори коллеҷи техникию

омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ,

номзади илмҳои филология


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш