Нашрияи Омӯзгор

Бозиҳои таълимӣ дар дарси забони модарӣ

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 22        Шарҳ: 0

 

Дар замони муосир хонандагони мактаб дар шароите таҳсил мекунанд, ки барои гузаронидан ва ташкили бозиҳо дар дарс имкониятҳои хуб доранд. Бозӣ фаъолияти равонии хонандагонро муътадил намуда, шавқу ҳавасашонро ба дарс, хосса ба омӯзиши фанни забони модарӣ афзуда, имконоти фарогирии маводро бештар сохта, хасташавиро рафъ менамояд ва ҷараёни омӯзишро осон мегардонад. Он чун омили пешбарандаи фаъолияти кӯдакон дар инкишофи нутқ нақши умда дорад.

Ҳангоми бозӣ кӯдакон бояд худро озод ҳис кунанд ва аз иштирокашон дар он қаноатманд бошанд. Бозиҳои таълимӣ шавқовар буда, беихтиёр хонандаро ба дарс ҷалб менамоянд. Дар ташкили бозиҳои таълимӣ нақши асосиро муаллим мебозад. Фаъолияти якҷояи муаллим ва хонанда обрӯю нуфузи муаллимро мустаҳкам намуда, аҳли синфро муттаҳид менамояд. Нақши муаллим дар ташкил ва гузаронидани бозиҳои таълимӣ ба нақши режиссёри театр монанд аст. Барои бо муваффақият ташкил намудани бозӣ муаллим бояд ҳангоми аз фаъолияти таълимӣ ба фаъолияти бозӣ гузаштан ё баръакс, аз фаъолияти бозӣ ба фаъолияти таълимӣ гузаштан, маҳорати кор карда баромадани тарзу усулҳои гуногунро дар лаҳзаҳои дарс мувофиқат намояд.

Аслан дарсҳои муаллим тибқи методи дарс-бозӣ баъзе аломатҳои типологӣ дорад. Дар ин масъала Ю. З. Гилбух чунин дарсҳоро ба ду зергурӯҳ ҷудо кардааст:

1. Таълимӣ;

2. Мусобиқавӣ.

Аҳамияти тарбиявии бозӣ дар он аст, ки он, асосан, хусусияти коллективона дорад. Дар бозӣ коллектив ташаккул меёбад, хонандагон ба мақоми махсус ҷудо карда мешаванд ва бозигар онро бояд иҷро намояд ва дар назди коллектив масъулият ҳис намояд. Бозӣ дар хонандагони хурдсол мушоҳидакорӣ ва кӯшишу ғайрат ва эҷодкориро инкишоф медиҳад. Бозии дуруст ташкилкардашуда ба инкишофи фаъолияти зеҳнии хонандагон мусоидат менамояд, вазъи таълимию табииро фароҳам меоварад ва фаъолияти нутқи шифоҳии хонандагонро ташаккул медиҳад.

Дар раванди бозиҳои дидактикӣ хонандагон нутқи худро инкишоф медиҳанд. Чӣ тавре ки таҷрибаҳо собит менамоянд, фаъолияти бозии дуруст ташкилкардашуда ба бунёди тайёрии психологии хонандагон ба робитаи нутқи шифоҳӣ мусоидат менамояд. Муаллим бояд имконияти бозиро ба ҳисоб гирад ва онро ба маҷрои зарурӣ равона созад, мавзӯъро фаҳмонида диҳад, ибораҳои такягоҳӣ пешниҳод намояд.

Дар ҳолати бозӣ ба чунин хатоҳои методӣ бояд роҳ дода нашавад, ба монанди: “бозӣ тамом, акнун китобҳоро кушоед” ё ки “бозӣ карда шудем”,  «акнун дарсро идома медиҳем” ва ғайра. Мутаассифона, дар таҷрибаи муаллимон аксар вақт ба чунин хатоиҳо дучор омадан мумкин аст.

Майсара МАВЛОНАЗАРОВА,

омӯзгори мактаби ибтидоии №34,

ноҳияи Шуғнон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш