Нашрияи Омӯзгор

Маҳфилҳои математикӣ таҳкимбахши дониши хонандагон

Сана: 2021-02-19        Дида шуд: 13        Шарҳ: 0

Яке аз шаклҳои дастрас ва самараноки таҳсилоти иловагӣ аз фанни математика ташкили маҳфилҳои фаннӣ мебошад. Маҳфилҳо шавқу ҳаваси хонандагонро ба фанни мазкур бедор мекунанд. Д ар маҳфилҳои фаннӣ маводи дарсҳо такроран омӯхта нашуда, ба тариқи машғулияти шавқовар маҳорату малакаи хонандагон нисбат ба математика такмил дода мешавад. Бинобар ин, маҳфил хонандагонро ба мустақилона дониш гирифтан бештар одат мекунонад. Аъзои маҳфил озодона ҳангоми муҳокимаронии ин ё он мавзӯъ камбудии худ ва ҳамсабақонашонро ҳис мекунанд ва ислоҳ менамоянд. Агар маҳфилҳо самаранок ташкил карда шаванд,  дарсазхудкунии хонандагон низ беҳтар мегардад. Аз ҳамин ҷост, ки ба сифати машғулиятҳои маҳфилҳои фаннӣ ва фаъолияти аъзои онҳо эътибори махсус додан лозим аст. Ба ҳамин мақсад мо дар синфҳое, ки миқдори хонандагон кам ҳастанд, аз ҳар як синф хонандагоне, ки шавқу ҳавасашон ба фанни математика бештар аст, интихоб менамоем ва онҳоро ба маҳфили “Математикони ҷавон” аъзо мегардонем. Дар машғулияти аввалини ташкили маҳфил мо рӯйхати аъзои маҳфилро тартиб дода, мухтасаран онҳоро  бо нақшаи корӣ ва тартиби кори маҳфил шинос намуда, ба онҳо супоришҳои аввалинро медиҳем. Ҳамчунин, мефаҳмонем, ки дар машғулиятҳои оянда онҳо чи гуна бояд тайёр шаванд. Нақшаи корӣ асосан барои як нимсола тартиб дода мешавад ва машғулиятро асосан моҳе як маротиба мегузаронем. Дар машғулиятҳо (машғулияти якум) аъзои маҳфил, сардор, котиб, инчунин, барои ороиш додани газетаи деворӣ муҳаррири онро интихоб менамоянд, яъне вазифаи ҳар яки онҳо муайян мегардад. Албатта, дар синфхонаҳо на ҳама аз уҳдаи иҷрои инҳо баромада метавонанд ва бевосита дар ин кор бештар омӯзгор масъулиятро нишон дода, дар давраи аввал ҳамаи корҳоро ба анҷом мерасонад. Онҳо дар аввал ҳамчун мушоҳидакор, сипас оҳистаоҳиста маводи заруриро ҷамъ мекунанд ва маҳфилҳоро рангин мекунанд. Барои хонандагон расмҳо тайёр карда, онҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо мекунем ва гурӯҳе, ки аз ҳама пеш корро ба сомон мерасонад, ғолиб дониста мешавад. Ғайр аз ин боз бозиҳои “Ҷойи ман дар куҷо?”, “Кӣ зудтар?”, “Зинача” ва ба ин монанд бозиҳоро ташкил мекунем, ки шавқу рағбати хонандагонро ба  математика хеле зиёд мекунад. Парвина ШОМУҚИМОВА, омӯзгори математика


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш