Нашрияи Омӯзгор

Ба дониш тавон риштану бофтан

Сана: 2021-02-19        Дида шуд: 15        Шарҳ: 0

Ҳанӯз соли 1901 муаррихи маъруфи рус И. Гейер дар хусуси донишу фарҳанги тоҷикон гуфта буд: «Дар миёни миллатҳои Осиёи Марказӣ тоҷикон мардуми босаводу бофарҳанг буда, кулли дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ ва меъмории минтақа натиҷаи заҳмати онҳост». В оқеан, агар дақиқан андеша  намоем, ҳама дастоварду кашфиёти илмии олимони тоҷик дар асрҳои 8 – 15 саҳифаҳои дурахшон ва муҳимтарини илму фарҳанги умумибашариро дар бар мегирад. Чунки  ҳанӯз аз асри 8, илмҳои ҷудогонаи табиатшиносӣ: нуҷум (астрономия), табииёт (физика), кимиё (химия), ҳаётшиносӣ (биология), заминшиносӣ (геология), ҷуғрофиё (география) ва ғайра тадриҷан рушд мекарданд.  Бояд гуфт, ки дар байни кулли илмҳо илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ бештар  нақши пешбарро  мебозанду дастовардҳои рӯзафзуни онҳо  зиндагӣ ва фаъолияти инсонҳоро рангу нумуи тоза мебахшанд. Бо назардошти масъалаи мазкур Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки  таҳлилу баррасии мавзӯъҳои илмӣ ва ҳамзамон, ба таври мунтазам ҷиҳати аз худ кардани донишҳои илмӣ солҳои 2020 – 2040 – ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд. Таҳаввулоти техникии замони муосир аз мо, омӯзгорон, тақозо менамояд, ки ба хотири бо замона ҳамқадам будан бояд ба рушди фанҳои дақиқ, ки асоси пешрафти иқтисоди миллӣ ба ҳисоб мераванд, заминаи мусоид фароҳам оварем. Зеро омӯзиши фанҳои дақиқ ба хонандагону донишҷӯён имкон медиҳад, ки ғояҳои муҳими миллӣ ба таҳаввулоти равандҳои технологӣ,   рушди соҳаҳои саноат, тандурустӣ, илм, маориф, иқтисод, тиҷорат таъсир расонида истода, дар навбати худ ба пешрафти сатҳи зиндагии ҷомеа мусоидат намояд. Ҳамзамон, рушди илму маърифат дар ташаккули шахсият, фароҳам овардани замина барои ихтироот ва технологияи инноватсионӣ саҳми бориз мегузорад. Айни замон метавон аз хидматҳои академикҳо   Нусрат Раҷабов, Фарҳод Раҳимӣ, Мамадшо Илолов, Мирганд Шабозов, Зафар Усмонов, узви вобастаи АМИТ С. Исҳоқов, А. Табарӣ, М. Юнусӣ, Ҷ. Сафаров ва даҳҳои дигар ёдовар шуд, ки ба таҳқиқ ва тадқиқоти илмии хеш саҳифаҳои нопурраи илмҳои номбурдаро мукаммал мегардонанд.  Ба андешаи мо, дар муассисаҳои таълимӣ  хонандагон бояд  дарк кунанд, ки дар замони мусоир ва ҷаҳонишавӣ нақши илм то кадом андоза муҳим мебошад. Ҳоло дар аксар соҳаҳои илму техника дигаргуниҳои назаррас ба вуқӯъ  пайваста истодаанд, ки бо баробари инкишофи илму  техника, пеш аз ҳама, кашфиёт дар соҳаи физикаи фундаменталӣ (бунёдӣ) муяссар гардида истодааст, ки инсоният ин гуна донишҳоро ба таври амиқ ва пурра азхуд карда, қадами устуворе дар масири илмҳои техникӣ ба пеш гузорад. Ба ин васила ба инсон муяссар гардид, ки на танҳо садо, балки тасвирро  ҳам ба масофаи  муайян   интиқол диҳад. Агар мо хоҳем, ки дар оянда аз рушди илм аз дунё ақиб намонем, бояд ҷавононамонро ба омӯзиши илмҳои дақиқ шавқманд ва ҷалб намоем. Боиси хушбахтии мост, ки Президенти мамлакат аз оғози фаъолияти  хеш илму маорифро соҳаҳои афзалиятноки кишвар эълон намуда, ба рушди ҳамаҷонибаи илму маориф, бахусус, илмҳои дақиқ ва тавсеаи равандҳои технологияи муосир, аз ҷумла, суръат бахшидани рушди илмҳои дақиқ як қатор тадбирҳои муҳимро амалӣ гардонда,   заминаву шароитҳои мусоид фароҳам оварданд. Мисоли барҷастаи ин гуфтаҳои мо эълон кардани «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» (2010) мебошад, ки эълони Бистсолаи омӯзиши илмҳои дақиқ идомаи мантиқии он ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳои пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳамагон бояд тамоми кӯшишу ғайрати худро равона созем, зеро амалӣ гардидани ин аҳдофи созанда, бешак, барои тарбияи кадрҳои лоиқи даврон, насли нави эҷодкору ихтироъкор, муҳандисону татбиқгарони илму истеҳсолот мусоидат хоҳад намуд. 

Алишер РАҲИМОВ, 
муовини директори Институти математикаи АМИТ, номзади илмҳои физика – математика


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш