Нашрияи Омӯзгор

Чароғи илму маърифат

Сана: 2021-02-13        Дида шуд: 21        Шарҳ: 0

Ҳанӯз аз давраҳои қадим дар китобдорию китобхонӣ халқи тоҷик дар сафи пеш қарор дошт. Китоб сармояи ақлу хирад, сарвати бебаҳо, кони ганҷҳо, маърифат ва маҷмӯи ахлоқи накуст, ки инсонро ба ростиву росткорӣ, хирадмандиву мардонагӣ ва матонату бузургӣ раҳнамо месозад.
Ҷавонони имрӯза бояд ҳамқадами замона бошанд, ба мутолиаи китоб машғул шаванд. 
Дар замони муосир ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардонидани донишу ҷаҳонбинии хеш рӯ ба китобхонӣ оварад. Доир ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони  муассисаҳои таълимиро вазифадор намуда буданд, ки муносибати хонандагонро бо хондани китоб ва аз ёд кардани порчаҳои назмиву насрӣ ҷиддӣ назорат кунанд ва барои боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва сухандону сухангӯ шудани насли ояндаи кишвар тадбирҳои ҷиддӣ ва судмандро ба роҳ монанд. Ҳамин аст, ки  ҳамасола озмуни  ҷумҳуриявии «Фурӯғи  субҳи  доноӣ китоб аст» баргузор мегардад, ки  ба ҷалби  бештари  насли  наврас ба китобхонӣ мусоидат менамояд.
Китоб тарбиятгар аст, бе китоб бунёди ҷомеаи солим имконнопазир аст.   Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем. Олимону донишмандони моро зарур аст, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату оинҳои мардумӣ низ, ки тайи  асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. 

Лейлӣ НАРЗУЛЛОЕВА,
омӯзгор
 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш