Нашрияи Омӯзгор

Ақоиди ботили ифротиён

Сана: 2021-01-22        Дида шуд: 53        Шарҳ: 0

Исломгароёне, ки даҳсолаҳои охир пайдо шудаанд, як муддат давлатҳоро гирифтори ҷанги бародаркуш карданд ва ба ин васила ба раванди ҷомеаи муосир таъсири манфӣ расониданд. Тафаккури исломгароён сад дар сад дигар буда, онҳо на рукнҳои мусулмониро қабул доранду на мафкураи пешсафи олами дунявиро. 
Раванди дингароиҳои хурофотбунёд халқро аз тараққӣ ва рушди фикриву маънавӣ боздошта, садсолаҳо ба қафо мебарад. Қадамҳои устувор дар роҳи рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ аз ҷумлаи аҳдофи ҷомеаи дунявӣ мебошад. 
Ифротгароён ҳеҷ гуна давлати мустақил, истиқлолияти давлатҳои мусулмонӣ ва сохтори давлати дунявиро эътироф накарда, мехоҳанд онҳоро дар таркиби «хилофат»-и худ маҳв созанд. Чунин андеша дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, низомнома ва варақаҳои таблиғотии гурӯҳҳои ифротии динӣ ба таври расмӣ ва возеҳ ифода ёфтааст.
Масалан, ҳаракати ифротгарои «Ҳизб-ут-таҳрир» солҳост, ки дар оиннома ва варақаҳои таблиғотии худ ба таври расмӣ назарияи «бунёди хилофати ягонаи исломӣ»-ро таблиғу ташвиқ менамояд ва созмони ифротгарои «Давлати исломӣ» низ харитаи сиёсии «хилофати исломӣ»-и худро тартиб додааст. 
Ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом, ки ҳамчун пайрави гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ҳисобида мешавад, низоми демократии давлатро барои мусулмонон нолозим ҳисобида, муқобили он мубориза мебурд. Ин фикр дар тамоми варақаҳои таблиғотии наҳзатиҳо расман баён ва ба таври ошкоро таблиғ мешуд. Айнан ҳамин ақидаро ҳам созмони ифротгарои «Давлати исломӣ» ва ҳам ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом барои аз байн  бурдани  давлатҳои дунявӣ ва демократӣ замимагузорӣ карда, аз мақсади нопоки худ хонда буданд. 
Хушбахтона, имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик  аз бозиҳои пасипардагии кулли ташкилотҳои террористӣ ба хубӣ огаҳӣ доранд ва ҳаргиз намегузоранд, ки ин хоинон ба мақсадҳои ғаразнокашон бирасанд.

С. ҒАФФОРЗОДА, 
омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш