Нашрияи Омӯзгор

Камбудиҳоро ислоҳ бояд кард

Сана: 2021-01-13        Дида шуд: 5        Шарҳ: 0

Коллеҷи давлатии тиббии шаҳри Кӯлоб соли 1953 таъсис дода шудааст. Дар солҳои фаъолияти худ он зиёда аз 17 ҳазор нафар мутахассиси соҳаи тандурустиро тарбия намудааст. Тавре ки дар суҳбат ҷонишини директор оид ба таълим Б. Абдусамадзода иброз намуд, дар ин ҷо аз рӯи 7 ихтисос : табобатӣ, ҳамширагӣ, момодоягӣ, фарматсевтӣ, дандонсозӣ, тиббӣ-ташхисӣ ва тиббӣ-профилактикӣ  мутахассисонро омода менамоянд. Шумораи умумии донишҷӯён дар шуъбаи рӯзона ва ғоибона 3912 нафарро ташкил додааст. Азхудкунии барномаҳои таълимӣ ва давомоти донишҷӯён ба 99,4% баробар гардида, санҷиши сифати таҳсилот тариқи тестӣ, дар умум, 48,1%-ро ташкил медиҳад. Бояд қайд намуд, ки фаъолияти таълимӣ дар соли таҳсили 20192020, аз гузаронидани сессияҳои имтиҳонии зимистона ва тобистона, фаъолияти Шӯрои илмӣ-методӣ, фаро гирифтани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ, таъмини иштироки донишҷӯён дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ иборат буд. Солҳои охир рушду равнақи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз ҷониби 12 кафедраи коллеҷ таҳким ёфта, дар маҷмӯъ, 17 мақолаи илмӣ оммавӣ аз тарафи омӯзгорону устодони коллеҷ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар соли таҳсили 2019 – 2020 бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва маҳорати касбии донишҷӯён дар коллеҷ маркази таълимӣ-табобатии стоматология, маркази таълимӣ-истеҳсолии фарматсевтӣ, ташхисгоҳи таълимӣ-лабораторӣ ва маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ фаъолият дошта, донишҷӯён дарсҳои назариявии худро ба таври амалӣ меомӯзанд. Иштироки фаъоли донишҷӯён ва олимони ҷавони коллеҷ дар ин давра дар озмунҳои илмию фаннӣ ва маърифатию варзишӣ дар ҳудуди вилоят ва ҷумҳурӣ назаррас буда, ҳамзамон, комёбиҳои донишҷӯёни коллеҷ дар озмунҳо ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, тими духтаронаи волейбол ва футболи коллеҷ дар мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, дар лигаи олии футбол ҷойи 6-ум ва волейбол ҷойи 1-умро дар шаҳри Душанбе сазовор гаштанд. Раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯёни коллеҷ аз тарафи ҷонишини директор оид ба таълим мунтазам зери назорат буда, донишҷӯён дар 30 муассисаи тиббию профилакторӣ тибқи шартнома таҷрибаи истеҳсолии худро мегузаронад. Дар коллеҷ бо мақсади ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ-амалӣ, ки ҷузъи муҳими низоми тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ба шумор меравад, тамоми шароитҳои лозимӣ дастрас мебошад. Ба ҳамаи ин муваффақиятҳо, дар самти фаъолияти коллеҷ мушкилоту проблемаҳои зиёде ҳастанд, ки боиси коста шудани сифати таълиму тарбия мегарданд. Аз ҷумла, нарасидани омӯзгорони асосӣ ва соҳибкасб, таҷҳизоту асбобу анҷоми муосир аз фанҳои клиникӣ ва махсус, нарасидани кабинетҳои таълимӣ дар заминаи таълими амалӣ (муассисаҳои тиббӣ профилактикӣ ва фарматсевтӣ), дар ҳолати ногувор будани кафедраи клиникӣ, мавҷуд набудани дармонгоҳ ва клиникаи наздиколлеҷӣ барои омӯзгорону донишҷӯён, ба анҷом расонидани сохтмони хобгоҳ барои 700 нафар донишҷӯ аз ҷумлаи мушкилотест, ки бояд роҳи ҳалли худро ёбанд.

Шариф АБДУЛҲАМИД, «Омӯзгор» 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш