Нашрияи Омӯзгор

Кумаки Боҷ ба мактабҳои Тоҷикистон

Сана: 2020-12-25        Дида шуд: 11        Шарҳ: 0

15-уми декабр Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид 180 тонна равғани растаниро ҳамчун кумак барои амалигардонии Барномаи ғизои мактабӣ ба як қатор муассисаҳои таълимии кишвар тақдим намуд.
Дар расми ин тақдимнамоӣ Игор Семенович Лякин-Фролов - сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, хонум Марико Кавабата - иҷрокунандаи вазифаи намояндаи Барномаи озуқавории СММ дар Тоҷикистон, Латофат Назирӣ - муовини вазири маориф ва илм, намояндагон аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шарикони рушд ширкат доштанд.
Гуфта шуд, ки аз ҷониби Барнома кумаки мазкур бо мақсади ташкили хӯроки гарми яквақтаина барои хонандагони синфҳои 1-4-и 2000 муассисаи таълимии 52 шаҳру ноҳияи кишвар расонида мешавад. 
Хонум Марико Кавабата дар суҳбат бо рӯзноманигорон иброз дошт, ки ин ҳанӯз оғози кор аст ва то охири соли 2020 бо мақсади рушди Барномаи ғизои мактабӣ 123 тонна равғани растанӣ ба Тоҷикистон ворид хоҳад шуд.
- Тибқи нақша мо имсол бояд 303 тонна равғани растаниро ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ҳамчун тақдим намоем, ки он барои беҳтар гардонидани ғизои мактабие, ки ба кӯдакони аз синфи 1 то 4 дода мешавад, сарф хоҳад шуд. Дар баробари ин, мо тасмим гирифтаем, ки дар назди муассисаҳои таълимӣ ошхона, нонвойхона ва гармхонаҳои мактабиро бунёд намоем, инчунин, ошхонаҳои қаблан вуҷуддоштаро таъмир ва бо таҷҳизоти нави муосир таъмин созем. Умедворам, ки дар доираи Барномаи ғизои мактабӣ якҷоя бо шарикони рушд ба натиҷаҳои назаррас ва муфид даст хоҳем ёфт,-таъкид кард М. Кавабата.
Гуфта мешавад, ки Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ дар Тоҷикистон аз соли 2012 барои эҳё ва амалигардонии Барномаи ғизои мактабӣ бо маблағгузории Ҳукумати Федератсияи Россия фаъолият мекунад. 
Латофат Назирӣ, муовини вазири маориф ва илм, иброз дошт, ки маҳсулоти хӯрокворӣ ҳатман ва танҳо барои хонандагони синфҳои 1-4 ҳамарӯза дар шакли хӯроки гарми яквақта дастрас мешавад.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш