Нашрияи Омӯзгор

3 ҷойи ифтихорӣ дар олимпиадаи байналмилалӣ

Сана: 2020-12-25        Дида шуд: 17        Шарҳ: 0

7-15-уми декабри соли ҷорӣ тариқи фосилавӣ олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика (IdPhO) баргузор гардид, ки дар он аз 38 кишвари дунё зиёда аз 190 нафар хонанда иштирок намуд. 
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи мазкур фаъолона иштирок намуда, соҳиби 3 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Инҳо Далер Пиров, хонандаи синфи 11, литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ПВ» дар шаҳри Душанбе (соҳиби ҷойи 2-юм), Маҳмадхӯҷа Камолиддинзода, хонандаи синфи 10, литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ПВ» дар шаҳри Душанбе (соҳиби ҷойи 3-юм), Абдураҳмон Абдулҳамидов, хонандаи синфи 10, литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ПВ» дар шаҳри Душанбе (соҳиби ҷойи 3-юм) мебошанд. Яҳё Шамсиев, хонандаи синфи 11 литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ «Ҳотам ПВ» дар шаҳри Душанбе ва Абдуллоҷон Юсупов, хонандаи синфи 11, литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе соҳиби ифтихорнома гардиданд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш