Нашрияи Омӯзгор

Таълим такмил меёбад

Сана: 2020-12-18        Дида шуд: 22        Шарҳ: 0

Дар толори «Кохи Ватан»-и шаҳри Бохтар бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, роҳбарият ва кормандони раёсати маорифи вилоят, муовинони соҳавии раисони шаҳру навоҳӣ ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷаласаи Шӯрои рушди маориф баргузор гардид. 
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Раиси Шӯро, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ҷаласаи Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро оғоз намуд. Муовини сардори раёсати маорифи вилоят Сайфулло Лутфуллоев зимни суханрониаш иброз намуд, ки ҷиҳати иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон дар бораи тасдиқи нақша – чорабиниҳо оид ба татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2015-2020» корҳои муайяне ба сомон расидааст. Дар ин самт барои баланд бардоштани маърифатнокӣ, ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқ, забономӯзию забондонии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тадбирандешӣ намудаанд. Дар миқёси вилоят соли ҷорӣ дар муассисаҳои таълимӣ 6 ҳазору 418 нафар омӯзгори забонҳои русӣ ва англисӣ фаъолият менамоянд. Ин таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сол то сол шумораи омӯзгорони фанҳои зикргардида бамаротиб зиёд шудааст. Ҳамасола аз рӯи ин фанҳо баргузории олимпиадаҳо собит менамояд, ки забондонии хонандагон беҳ гардида, онҳо бо иштироки фаъолона дар миқёси вилоят ва ҷумҳурӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб мегарданд. Раиси Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии минтақаи Кӯлоб Арафамоҳ Даминова дар бораи қарори раиси вилоят оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ барои солҳои 2012–2020” дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ибрози андеша намуд. Таъкид гардид, ки иштироки хонандагон дар озмунҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ боз ҳам тақвият бахшида мешавад. 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш