Нашрияи Омӯзгор

Хиёнат бар амният

Сана: 2020-12-11        Дида шуд: 26        Шарҳ: 0

Ҳар сол 9 декабр дар саросари олам ҳамчу Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди коррупсия қайд карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 2006 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсияро имзо ва қабул кардааст. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон имрӯз ҳамчун яке аз мамлакатҳои муборизи фаъоли зидди коррупсия шинохта шудааст. Соли 1999 дар кишвари мо Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул гардид, ки дар он мафҳуми терроризм ба таври саҳеҳ тавсиф ёфтааст. Он ҳамчун зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи террор нисбат ба шахсони воқеӣ, маҷбур кардан ё таҳдид намудани шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин, нобуд сохтан (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтан (зарар расонидан ба) молу мулк ё дигар объектҳои моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир бо мақсади аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ва амсоли инҳо тавсиф бахшида мешавад. Дар ҳуҷҷатҳои СММ террор чунин маънидод шудааст: терроризм бо мақсадҳои сиёсӣ – дигаргун сохтани сохти давлатдорӣ, ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, воҳима андохтан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, пайдо кардани нобоварии халқ нисбат ба ҳукумат, президент, фалаҷ гардонидани фаъолияти мақомоти сохторҳои давлатӣ амал менамояд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва коррупсия» дар кишвари мо мубориза бар зидди терроризмро қувват бахшид. Солҳои охир дар кишварамон заминаҳои қонунӣ ва сохтории мубориза бар зидди коррупсия такмил меёбанд. Асноди қонунгузорие, ки ба масоили пешгирии коррупсия, барои амалиёти коррупсионӣ ба ҷавобгарӣ кашидан ва чораҳои мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ва тахрибкор қабул гардидаанд, барои вусъати мубориза бар зидди душманони амният ва осоиштагии мардум заминаи созгортаре фароҳам оварданд.

Бояд гуфт, ки амалиёти террористӣ ва шомил шудан ба гурӯҳҳои экстремистӣ боиси ҳалокати зиёди одамон ва халалдор шудани осоиштагии сокинони кишварҳо мегарданд. Террористон ба аҳли ҷомеа фишори сахти рӯҳӣ меоранд, сарватҳои моддиву маънавиро нобуд месозанд, байни халқҳову кишварҳо тухми нифоъ мекоранд ва низоми ҳаёти бунёдкоронаи мардумонро халалдор месозанд.

Муваффақ шудан дар мубориза бар зидди коррупсия ба пешрафту шукуфоии давлату миллат мусоидат мекунад, аҳли ҷомеаро ба оянда мунаввар мерасонад ва кинаю нифоқро аз байн мебарад. Ҳамагон бояд хуб донем, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ дар баробари ҷиноятҳои муташаккилона барои миллату давлат ва кулли шаҳрвандон хавфнок буда, пешгирии онҳо вазифаю рисолати асосии ҳар як шаҳрванд маҳсуб меёбад. Мубориза бар зидди коррупсия муқовимату фаъолияти ҳамагониро тақозо дорад.

 

Майсара ОДИНАЕВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш