Нашрияи Омӯзгор

Дарсҳои тарбиявӣ бояд муассир бошанд

Сана: 2020-11-27        Дида шуд: 31        Шарҳ: 0

Солҳои охир созмону ташкилотҳои террористиву экстремистӣ  бо амалҳои даҳшатбори хеш ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, ҳазорон инсони бегуноҳро қатл намуданд. Ин гурӯҳҳои тундгаро вазъи ҷомеаи ҷаҳониро мураккаб намуда, бо истифода аз роҳу воситаҳои гуногун мехоҳанд ҷавононро ба доми хеш кашанд. Вобаста ба ин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2019) таъкид доштанд: «Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одами бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст. Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд». Вазъи мураккаби ҷаҳон омӯзгоронро вазифадор мекунад, ки ба масаъали тарбияи хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи бештар намоянд. Дар дарсҳо мо – омӯзгоронро зарур аст, ки хонандагонро аз вазъи сиёсии ҷаҳон огоҳ намоем, ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ расиданро талқин намоем ва онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоем. Барои ин дарсҳои тарбиявиро дар мактаб ба таври ҷиддӣ ба роҳ мондан ва дар ҳар дарс перомуни масъалаҳои худшиносиву худогоҳии хонандагон таваҷҷуҳ зоҳир намудан зарур аст. Аз тарафи дигар, хонандагонро бояд пайваста ба омӯзишу мутолиаи осори бадеӣ талқин ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ тарбия намоем. Зеро он нафаре фирефтаи гурӯҳҳои тундгарою ифротӣ мегардад, ки на дониш дораду на ҷаҳонбинӣ. Гумон мекунам, ки  роҳи асосии ба доми ин гурӯҳҳо наафтидани ҷавонон, пеш аз ҳама, дониш ва ҷаҳонбинии васеъ ва дарки воқеяти замон аст. Аз ин рӯ, мо – аҳли таълиму тарбияро зарур аст, ки дар раванди таълим хонандагонро пайваста ба омӯзиш ва дӯст доштани Ватани азизамон тарғибу ташвиқ намоем.

Миҷгона САФИЕВА,

омӯзгори забони англисии мактаби №24-и ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш