Нашрияи Омӯзгор

Таъмин бо таҷҳизоти санитарӣ

Сана: 0000-00-00        Дида шуд: 9        Шарҳ: 0

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ - Хазинаи кӯдакони СММ дар 45 муассисаи таълимии 19 шаҳру ноҳияи кишвар инфрасохтори зарурӣ вобаста ба таъмини об, беҳдошт ва санитарияро бунёд ва барқарор намуд, ки зиёда аз 42000 кӯдакро (аз ҷумла, 20422 нафар духтар ва 235 кӯдаки маъюб) ба дастрасӣ бо об, санитария ва иншооти асосӣ барои беҳдошти саломатӣ таъмин менамояд. Чунин иншоот қисми калидии фаъолияти бехатарии муассисаҳои таълимӣ дар давраи пандемияи COVID-19 мебошанд.
Дар доираи корҳои анҷомдода муассисаҳои таълимӣ бо шабакаҳои обрасонӣ пайваст ва дар бархе аз муассисаҳо обанборҳо барои нигоҳ доштани об сохта шудаанд. 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш