Нашрияи Омӯзгор

«Ҳабдаҳ чаман» бо тарҷумаи 17 ғазали Камоли Хуҷандӣ

Сана: 2020-10-15        Дида шуд: 16        Шарҳ: 0

 

Дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва кормандони муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» ва дастгирии бевоситаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ китоби наве таҳти унвони «Ҳабдаҳ чаман» (тарҷумаи 17 ғазали Камоли Хуҷандӣ ва 17 гуфтор дар бораи ӯ бо 8 забон) тариқи нашриёти «Хуросон» нашр гардид. Мураттибони китоб Баҳром Раҳматов ва Фирӯза Қодирова мебошанд.

Мақсади асосии мутарҷимон зимни тарҷума шинос намудани хонандагони гуногунзабон (форсӣ-тоҷикӣ, англисӣ, олмонӣ, чинӣ, ӯзбекӣ, арабӣ, урду ва русӣ) бо намунаи эҷодиёти шоири мумтози тоҷик аст.

Нуъмон РАҶАБЗОДА, “Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш