Нашрияи Омӯзгор

Шеъри ӯ дар авҷи аълост!

Сана: 2020-10-15        Дида шуд: 6        Шарҳ: 0

 

Машраби ин бузургвор олист ва сухани ӯ софӣ. Воқеан, пояи ин мард бисёр баланд аст.

Ҳофизи Шерозӣ

***

Ҷомӣ аз он лаб сухан оғоз кард,

Шуд лақабаш тӯтии

шаккармақол.

Ёфт камоле суханаш, то

гирифт

Чошние аз суханони Камол.

Абдураҳмони Ҷомӣ

***

Дар ҳар байти ғазалҳои Камол шӯр ва хушию сармастӣ мавҷ мезанад.

Гулнисо Муҳаммадӣ, муҳаққиқи афғон

***

Бисёр Камоланд, Каримӣ, ба

ҷаҳон, лек

Онро, ки камоли сухан аст, он

зи Хуҷанд аст.

***

Ғазалсароиро чун тахаллуси худ ба пояи камол расонидааст.

Ҳусайнқулихони Азимободӣ

***

Баъди фавташ аз асбоби дунё дар ҳуҷраи ӯ ғайр аз буриёву санге, ки зери сар мениҳад, чизи дигар наёфтаанд ва ба лавҳи қабри ӯ ин байт сабт аст:

Камол, аз Каъба рафтӣ бар

дари ёр,

Ҳазорат офарин, мардона

рафтӣ.

Қозӣ Муҳаммадсодиқхони Ахтар

***

Сухани ӯ ба мартабаест, ки бештар аз он мутасаввир нест.

Алишери Навоӣ

***

Ғазалҳои  риндона, ки дарунмояи риндиву маломатӣ дорад ва дар меҳвари онҳо… сарзаниши муддаиёни бехабар ва ситоиши ишқ аз сармастӣ қарор дорад, намунаҳои он дар девони Камол фаровон аст.

Аҳмадалӣ Разони Бухороӣ

***

Ӯ аз барҷастатарин машоихи тасаввуф буд, ки шеъру адабро бо порсоиву зуҳд ва инзиво дар ҳам омехт.

Маҷиди Шафақ

***

Девони ашъори ӯ ҳовии ғазалиёту ашъори орифонаи бисёр мебошад.

Мирзо Муҳамадалии

Мударрис

***

Хоҷа Ҳофизи Шерозиро ба Шайх Камол ҳулуси эътимод муаккад буда ва ҳамвора суханҳои Шайх талаб намудӣ ва аз ғазалҳои Шайх вайро ҳолеву завқе ҳосил шудӣ…

Давлатшоҳи Самарқандӣ

***

Чун баъди вафоти вай хонаи ӯро диданд, ғайр аз буриёе, ки дар вай менишаста ё мехуфта ва санге, ки бар зери сар мениҳода чизи дигаре наёфтанд.

Муҳаммад Маълуми Шерозӣ

***

Шайх Камол дар латофати сухан ва диққати маонӣ ба мартабаест, ки беш аз он тасаввур  наметавон кард.

Хондамир

***

Шайх Камоли Хуҷандӣ аз аҳли ҳолу соҳиби камол буд, аҳволаш дар кутуби дигар мастур аст. Муосири Шамсиддин Ҳофизи Шерозӣ аст ва ҷониби Ҳофиз ба шунидани баъзе ашъораш маҳҷуз ва мутаассир шуда.

Сироҷиддин Алихони Орзу

***

Ҳар байти Камол, албатта, як мазмуни хоси обнарасида дорад ва ӯ аз дигарон ҳам ҳамин мазмуни хосро талаб мекунад. Камол устоди бузурги забон аст. Ӯ дар аксар байтҳои худ як ё ду сухани думаънидорро кор мефармояд, ки бо гирифтани ҳар кадоми он маъниҳо мазмуни он байт пурра мебарояд.

Садриддин Айнӣ

***

Камоли Хуҷандӣ… яке аз барҷастатарин устодони назм мебошад. Ғазалҳои ӯ равон ва хушоҳанг буда, баъзе аз онҳо бо мавзӯъ ва мазмуни худ ғазалҳои Ҳофизро ба хотир меоранд.

Бобоҷон Ғафуров

***

Шоири ширинкалом Камоли Хуҷандӣ бо ашъори латиф дар таърихи адабиёти тоҷику форс мавқеи босазое дорад ва бо Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва ғайра дар як қатор меистад.

Холиқ Мирзозода

***

Камол дар таърихи адабиёти тоҷик ҳамчун шоири лирик шинохта шудааст. Лирика рӯҳ ва равони назми шоир мебошад. Вай ин навъи шеъри тоҷикиро дар адабиёти мо ба авҷи боло ва олитарин мартабаи фасоҳат расонид.

Шарифҷон Ҳусейнзода

***

Камоли Хуҷандӣ дар мактаби адабии пешгузаштаи адабиёти форсу тоҷик тарбия ёфта, дар бой гардидани хазинаи ин адабиёт ҳиссаи босазое, нақши тозае аз худ боқӣ гузоштааст.

Аълохон Афсаҳзод

***

Лекин ҳақиқат он аст, ки мақому мартабаи ирфонӣ ва завқу ҳунари шоирии Шайх Камол ҳар ду дар як мақоманд ва яке дигареро такмил медиҳад. Иршоди роҳнамоии ӯро бидуни шеър ва шеъри ӯро бидуни рӯҳу равони ирфонӣ тасаввур наметавон кард.

Абдуманнони Насриддин

 

Таҳияи  Ҳасан Алимзода, омӯзгори мактаби №10 ба номи Камоли Хуҷандӣ, ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш