Нашрияи Омӯзгор

Адибон ҳаммароми омӯзгоронанд

Сана: 2020-10-15        Дида шуд: 52        Шарҳ: 0

 

Раиси бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод моро дар дафтари кораш, ки дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, самимона пешвоз гирифта, зуд оғози суҳбат кард: - Хуш омадед, ба Хуҷанди Тоҷикистон! Медонед, мо, кулли қаламкашони тоҷик аз тамоми манотиқи мамлакат, бо ҳамдигар ҳамеша дар иртиботи маънавием, аз ҳолу аҳволи якдигар аз вазъи эҷоду дастовардҳоямон пайваста огаҳӣ дорем, ба ин нашрияҳои даврӣ, воситаҳои техникии иттилоот мадад мерасонанд, вале суҳбати рӯ ба рӯ, файзи дидор, балки лаззати дидор дигар аст. Ва барҳақ, «аз ҳар чӣ мерасад, сухани дӯст хуштар аст».

-Устод, бо сафари хидматӣ бо ҳадафи ошноӣ аз вазъи таълиму тарбия дар чанде аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба ин минтақаи хирадгустару маърифатпарвари кишвари маҳбубамон омадам. Хостам барои ҳафтаномаи «Омӯзгор» бо шумо  дар ҳошияи ин сафар суҳбате дошта бошам.

-Чӣ хубе! Мо ба нашрияи «Омӯзгор» ҳамеша таваҷҷуҳмандем. Ин нашрия  собиқаи дерин ва таърихи рангин дорад. Саҳми он дар такмили таълиму тарбияи насли наврас, инъикоси воқеии ҳаёту фаъолияти аҳли маориф бағоят бузург аст. Илова бар ин, ман хуб медонам, ки нашрияи  «Омӯзгор» (собиқан «Маориф ва маданият» ном дошт») дар рушди адабиёти тоҷик низ хидматҳои арзишманде кардаасту мекунад. Дар ин нашрияи бонуфуз зумрае аз адибони номвари тоҷик кор кардаву навиштаҳои худро ба чоп расондаанд. «Омӯзгор», ба мушоҳидаи ман, имрӯз низ барои нашри осори адибон, омӯзгорони эҷодкор ва ба вижа, қаламкашони ҷавон ҳамеша ҷидду ҷаҳд менамояд. Бояд гуфт, ки адабиёти бадеӣ бо таълиму тарбия иртиботи ногусастанӣ дорад.

Маълум, ки нахустҳадафи адабиёт мусоидат ба тарбияи инсони комил аст. Асари бадеӣ неруи тавонову муассирест, ки инсонҳоро ба накукориву хушниҳодиву шарафмандӣ, ба ватандӯстиву бунёдкорӣ ва дӯстиву башарпарварӣ ҳидоят менамояд. Хонанда зери таъсири каломи адиб эътимод пайдо мекунад, ки: «дониш андар дил чароғи равшан аст», «ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ», «касеро, ки коҳил бувад, ганҷ нест», «ҳунар пояи мард афзун кунад», «сухан шоҳиди ҷилвагоҳи дил аст», «хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар», «ибодат ба ҷуз хидмати халқ нест», «бувад дӯст мар дӯстро чун сипар», «одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт», «накукорон ҳамеша растагоранд», «фатҳу кишоиш орад дасти дуои модар»… Ва ин хама тарбия аст, тарбияи инсонгароёна ва самарбор. Бидуни ҳадафи тарбиявӣ қалам ба даст гирифтану азму эҷод кардани нависанда маъние надорад. Ҳар асари хуб дар афкору омоли хонанда инқилобе ба вуҷуд меорад, ӯро кӯшову ҷӯёву пӯёву ҷасуру иродатманд месозаду ба кирдори нек раҳнамун менамояд.

Алқисса, адабиёт ва таълиму тарбия ду боли як шоҳини баландпарвозанд. Ва аз ин рӯ, метавонем бигӯем, ки ин суҳбати мо на дар ҳошияи сафари хидматии шумо ба  таълимгоҳҳои вилояти мо, балки дар доираи ин сафар баргузор мешавад.

- Бисёр хуб гуфтед. Аз таваҷҷуҳатон ба ҳафтаномаи «Омӯзгор» сипосгузорем. Ҳамакнун мегуфтед, ки вазъи корҳо дар бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд чӣ гуна аст? Солҳои охир чӣ тадбирҳое бо ибтикори бахш дар вилоят амалӣ гаштаанд?

- Фаъолияти бахши мо мувофиқи нақшаи муайян дар чанд шоха ҷараён дорад. Нахустаҳдофи мо мусоидат ба рушду такомули адабиёт дар вилоят, дастгириву раҳнамоии адибон, чопи осори онҳо, ташкили робитаи ҳамешагии аҳли адаб бо мардум, таҷлили шоистаи ҷашну солгардҳо, муҳокима ва таҳриру такмили асарҳои тозаэҷоди адибон ва амсоли инҳо мебошад. Вобаста ба ин ҳама баъзе комёбиву дастовардҳо дорем, ки ҳоло на аз рӯи худситоӣ, балки дар иртибот ба мақоли «ситоиш бо дӯст некуст» баъзе аз онҳоро тавзеҳ мебахшам. Мо дар фаъолияти хеш, пеш аз ҳама, ба нашри китоб таваҷҷуҳ дорем. Китоб парчаме дар дасти аҳли қалам, баёнгари фаъолияти барҷастаи эшон аст, китоб пулест, ки эҷодкоронро бо аҳли ҷомеа мепайвандад. Ба шарофати китоб нависанда бо мардум иртибот пайдо мекунад, дар ҷомеа мавқеи шоистаи худро дармеёбад, писанду маҳбуби ҳамагон мегардад. Дар диёри арҷманди мо дар солҳои истиқлол мақому мартабаи китоб ба шарофати сиёсати хирадгустаронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамвора боло меравад. Сарвари кишварамон китобро «машъали хирад» ва «фурӯзонгари ҷодаҳои ростин» номида, аз аҳли  мамлакат чунин даъват бинмудаанд: «Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳар чӣ бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем».

Имрӯз дар ҷумҳуриамон дар заминаи нигоҳи неки Пешвои миллат ба «фурӯғи субҳи доноӣ» дар нашри асарҳои шоиставу ҳунармандона ва баландғояи адибон монеае намондааст, ки ин нуктаро дар мисоли фаъолияти бахши мо низ метавон собит кард. Бовар кунед, ҳар моҳ ду-се китоби тозаи адибони вилоят ба нашр мерасад, ки дар ин кор бахши Иттифоқи нависандагон нақши меҳварӣ дорад. Соли гузашта китоби «Осори устод Рӯдакӣ»-ро бо ҳуруфи сириллик ва форсии арабиасос бо сифати баланду ороиши дилчасп ба нашр расондем, ки ба як ҳодисаи гуворову сурурбахш табдил ёфт.  Нусхаҳое аз ин китоби мунаққашро ба меҳмонони ҷашни Наврӯз дар вилоят тақдим намудем. Ҳамчунин, бо ибтикори бахши мо ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар давоми як-ду соли охир китобҳои адибони номвари вилоят Гулнози Тоҳириён «Чатри наҷоти садо», Анвари Олим «Дар ломакон», Додохони Эгамзод «Нигина ва Мирмалик», Маъруф Бобоҷон «Тавба», маҷмӯаҳои адибони ҷавон Таҳмина Мисробӣ «Қиблагоҳам, ёдгоҳам», Замираи Ҳоҷӣ «Чашмаи меҳр», Омина Муҳиддинова «Фариштаи ҳунар», Камоли Рӯмонӣ «Аз обак то офтобак» ва як силсила китобҳои дигар ба нашр расиданд. Ҳодисаи дигари басо фараҳбахш нашри китоби  «Пешвои муаззами мо» (ба ифтихори Рӯзи Президент ва оғози кори чархаи дуюми НБО-и Роғун) гардид. Ин китоб ба тамоми муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои илму фарҳанги вилоят ройгон тақсим карда шуд. Чопи китоби мазкур низ бо ташаббуси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дастгирию маблағгузории раиси вилояти Суғд ба вуқӯъ пайваст. Бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва Конфронси байналхалқии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе китоби бузургу мусаввари «Вилояти Суғд: захираҳои об ва истифодаи онҳо»-ро бо сифати баланд ба нашр расондем, ки аз ҷониби хонандагон истиқболи гарм дарёфт ва бознашр ҳам шуд.

Хеле сипосгузор аз онем, ки дар нашри китобҳо моро раиси вилоят, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ ва нашриёту чопхонаҳои вилоят мунтазам дастгирӣ менамоянд.

Китоб сарчашмаи хираду маърифат аст ва мо мекӯшем, ки пайванди маънавии аҳли  ҷомеа бо китоб ҳар чӣ бештар ва неруманду самаровар бошад.

-Албатта, фаъолияти бахш танҳо бо нашри китоб маҳдуд намешавад ва бовар дорем, ки дар самтҳои дигар низ бахш амалиёти судманду фарогир роҳандозӣ шудааст.

-Мекӯшем, ки робитаи адибонамон бо мардум, бо доираи васеи хонандагон ҳар чӣ бавусъаттар бошад. Дар боло  перомуни чопи китобҳо ҳарф задем. Вобаста ба ин, бояд бигӯям, ки мо расми муаррифии аксар китобҳои тозанашрро дар таълимгоҳҳову идораву ташкилотҳо баргузор менамоем. Дар ин кор маҳфили адабии «Суханварони Суғд» фаъол аст. Тавассути ин маҳфил, ҳамчунин, ҳамоишҳои адабӣ бахшида ба эҷодиёти адибон Муҳиддин Хоҷазод, Муқим Воҳид, Матлубаи Мирзоюнус, Абдуҳамид Ҷӯраев, Равшан Замир, Камоли Рӯмонӣ… баргузор шуданд. Фаъолияти  маҳфилҳои адабии «Наврӯзи ҷаҳонӣ», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Адибони ваҳдатсаро» низ муассиру муҳтавоманд ва ҷолиб аст. Ба масал, ҳамоишҳои маҳфили «Адибони ваҳдатсаро» дар шаҳру ноҳияҳи Исфара, Хуҷанд, Конибодом, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Панҷакент, Зафаробод, Ашт бо иштироки адибон А.Раҳматзод, Фарзона, Маъруф Бобоҷон, М.Хоҷазод Д.Эгамзод, М.Воҳид, Гулноз, Озарахш, Ҷӯра Юсуфӣ дар сатҳи баланд баргузор шуданд ва ҳозиринро ба ваҷд оварданд.

Бо ибтикори маҳфили «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар шаҳри Хуҷанд базми эҷодии шоири шинохта,  барандаи Ҷоизаи ИН Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода Акбари Абдулло ва дар шаҳри Истаравшан базми эҷодии нависандаи маъруф, барандаи Ҷоизаи ИН Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Ато Ҳамдам ҷараён ёфт, ки низ хотирнишину фараҳфизо буд. Дар маҳфилҳои ёдбуди адибон Норинисои Алимуҳаммад (дар Хуҷанд), Қурбон Алӣ (дар ноҳияи Б.Ғафуров), Мирзомурод Ҳошимзода (дар Истаравшан), Озод Аминзода (дар Хуҷанд) ҳаводорони каломи бадеъ фаъолона ширкат варзиданд. Маҳфили адабию илмии «Ганҷи сухан», ки моҳе як маротиба дар сатҳи баланд баргузор мешавад, дар тамоми ҷумҳурӣ шуҳрат дорад, ҳаводорон низ. Ҳамоишҳои ин маҳфил банавбат дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилоят созмон дода мешаванд. Мо, ба вижа, аз кори маҳфили адабии «Дӯстии адабиётҳо-дӯстии халқҳо» қаноатмандем. Он дар таҳкиму тақвияти рафоқату ҳамдилии халқҳои тоҷику ӯзбеку қирғиз  ҳам дар дохили вилоят ва ҳам хориҷ аз он нақши  муассир дорад. Бо ширкати адибони ӯзбекистонӣ Асад Гулзода, Аслиддин Қамарзода ва чанде аз олимони ин ҷумҳурии ҳамсоя дар китобхонаи вилоятии ба номи Т.Асирӣ ҳамоиши махсуси маҳфили  мазкур баргузор шуд, ки ба базми дӯстиву бародарӣ табдил ёфт.

Дар маҳфили «Шукӯҳихонӣ», ки мо байни муассисаҳои таълимии 12 шаҳру ноҳияи вилоят ташкил намудем, хонандагони зиёде иштирок карданд ва дар ҷамъбаст 14 нафар пирӯзу соҳибмукофот гаштанд. Маҳфилҳои вилоятии «Рӯдакихонӣ», «Камолхонӣ», «Туғралхонӣ»  ва «Лоиқхонӣ» дар минтақаҳои гуногуни вилоят ҷараён ёфтанд ва ба ҷалби доираи васеи хонандагон ба адабиёти бадеӣ мусоидат карданд.

- Имсол дар ҷумҳурӣ 700-солагии шоири маъруфу пуровозаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ  таҷлил мешавад. Бовар дорем, ки ин ҷашн дар шаҳри Хуҷанд, ки зодбуми шоир аст, шукӯҳи вижае хоҳад дошт.

-Мо дер боз ба ин ҷашн омодагӣ дорем. Чанд маҳфили «Камолхонӣ» баргузор намудем. Дар нашрияҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ шеъру мақолаҳои адибонамон оид ба ҳаёту эҷодиёту бузургдошти шоири тавоно ба табъ расиданд. Дар барномаҳои симои вилоят низ, ки ба солҷашни шоир бахшида шуда буданд, қаламкашонамон борҳо суханронӣ карданд.

Ба муносибати ин фархундаҷашн китоби идонаи «Девони Камоли Хуҷандӣ»-ро бо пешсухани  Пешвои миллат ба чоп  омода намудем. Ҳамчунин, ба ифтихори солҷашни шоир китобҳои «17 ғазали Камол» (бо даҳ забони дунё), «Маъвои дил»-и Раҳим Ҷалил ва чанд китоби дигар ба нашр хоҳанд расид.

Бояд ёдовар шавем, ки мо ба ифтихори 5500-солагии Саразми бостонӣ бо номи «Саразми бостонӣ. Панҷакенти қадим ва навин» китоби баландсифату муҳтавомандеро чоп кардем, ки мақолаҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилоят, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва як гурӯҳ олимону адибони вилоятро фаро гирифтааст. Ин китоб ҳамчун яке аз беҳтарин ҳадяҳо ба ҷашни мазкур пазируфта шуд.

-Шунидем, ки дар вилоят барои адибон ҷоизаҳои махсус таъсис дода шудаанд.

-Дуруст. Мо барои аҳли эҷоди вилоят Ҷоизаи Камоли Хуҷандӣ, Ҷоизаи Маҳастӣ, Ҷоизаи Раҳим Ҷалил ва  Ҷоизаи Қутбӣ Киромро таъсис додаем, ки барандагонашон соҳиби нишон, шаҳодатнома ва мукофоти пулӣ мешаванд. Ҳамчунин, ҳамаи адибони вилоят моҳе ба андозаи 150 сомонӣ мададпулӣ мегиранд. Тасмим гирифтаем, ки бо дастгирии раиси вилоят аз соли 2021 онро ба 200 сомонӣ дар як моҳ бирасонем. Мо ба муносибати ҷашнҳои миллӣ ва дар мавридҳои алоҳида ба аёдати адибони куҳансолу эҳтиёҷманд рафта, ба қадри имкон дастгириашон мекунем…

Дар фарҷоми суҳбат устод Аҳмадҷони Раҳматзод таманно карданд, ки ваҳдату дӯстиву созандагӣ дар Тоҷикистон боз ҳам вусъат пайдо кунанд, устувортару густурдатар гарданд, хонадони мардум ободу файзбор бошад ва ҳамагон ҳаводори ҳамешагии адабиёту китобу фарҳанг бошанду Ватани хешро самимона дӯст доранд.

Мусоҳиб Абдурауф Муродӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш