Нашрияи Омӯзгор

Татбиқи қонун амали дастҷамъист

Сана: 2020-10-15        Дида шуд: 61        Шарҳ: 0

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» давоми солҳои мавриди амал қарор гирифтанаш тарбияи фарзандон ва масъулияти омӯзгорону волидонро ба танзим даровард.

Ниёзалӣ Ашӯров, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Левакант, изҳор дошт, ки дар муассисаҳои таълимӣ комиссияи ҷамъиятӣ оид ба иҷрои қонуни номбурда фаъолият намуда, риояи онро аз тарафи омӯзгорон ва падару модарони хонандагон назорат менамояд. Бо ин мақсад рӯзҳои шанберо дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ «Рӯзи волидон» эълон намудаем, ки маҷлисҳои падару модарон гузаронида мешаванд ва волидон дар дарсҳои омӯзгорон иштирок менамоянд. Барои кам ва ё умуман қатъ кардани маблағи моҳонаи хонандагон аз оилаҳои камбизоат ва ятиму нимятимҳо дар литсей ва гимназияҳо ҷаласа бо иштироки намояндагони мақомоти маҳаллӣ, шуъбаи маориф ва роҳбарони литсейю гимназияҳои шаҳр гузаронида шуд. Рӯйхати хонандагон аз оилаҳои камбизоат, ятим ва нимятимҳо пешниҳод ва мавриди баррасӣ қарор гирифт.

- Дар бахши маориф ва муассисаҳои таълимӣ гурӯҳи корӣ аз тарафи кормандон ва омӯзгорон ташкил карда шудааст, ки ҳар моҳ бо навбат вазъи аз тарафи аъзои он дарстайёркунӣ ва шароити хонандагон дар хона санҷида шуда, барои беҳтар гардидани сифати дарстайёркунии толибилмон бо волидон ҳамкорӣ менамоянд, - гуфт Н.Ашӯров. – Якҷо бо котиби комиссияи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар сохторҳои дахлдор рейдҳо дар марказҳои интернетӣ, дилхушӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ гузаронида шуданд, ки дар натиҷа 12 нафар падару модари хонандагон барои риоя накардани талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди ҷаримабандӣ қарор гирифтанд. Ёдовар бояд гардид, ки дар ҳамин давраи соли гузашта 21 нафар падару модар бо сабаби риоя накардани қонун ҷаримабандӣ шуда буданд.

Майдамо Назриева, омӯзгори муассисаи таълимии №2 афзуд, ки дар муассиса таълим бо ду забон, русӣ ва тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Дар муассиса зиёда аз 1900 хонанда таҳсил мекунанд ва волидон қариб ҳамарӯза дар дарсҳо иштирок карда, вазъи таълимро назорат мекунанд.

Шарофат Шехова, директори муассисаи таълимии №4 афзуд, ки бо хонандагони душвортарбия ва сустхон ҳамарӯза кор бурда мешавад. Волидони хонандаи синфи 8-и муассиса М.А. бо сабаби номаълум фарзандашонро ба дарс омадан намемонданд ва ӯро аз мактаб гирифтанӣ буданд. Аз аввали сол ба дарс намеомад. Бо роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ якҷо бо масъулини сохторҳои дахлдор хонанда М.А.-ро ба муассиса баргардонидем. Чунин ҳолат зиёд мешавад ва бо пеш овардани талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пеши роҳи ин гуна амалҳоро мегирем.

 

С.АЗИЗӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш