Нашрияи Омӯзгор

“Офтобак” дурахшон шуд

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 20        Шарҳ: 0

 

1 октябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар деҳаи Элоки шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳия Муассисаи таҳсилоти томактабии “Офтобак”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Кӯдакистони хусусии “Офтобак” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Марям Юсуфова бунёд шуда, аз се ошёна иборат аст.

Дар марҳилаи аввал Кӯдакистони хусусии “Офтобак” 240 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро мегирад. Марҳилаи дуюми ин муассисаи таълимӣ дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд, ки он низ барои 240 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Айни ҳол 40 нафар омӯзгор ва мураббияҳои ботаҷриба бо кӯдакон машғулият мегузаронанд.

Дар Муассисаи таълимии томактабии “Офтобак” кӯдакон дар 12 гурӯҳ тақсим шуда, бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълим мегиранд. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз утоқҳои машғулиятҳо ва ҷойи хобу истироҳати кӯдакон дидан намуда, ба масъулони боғчаи бачагона ҷиҳати тарбияи дурусти кӯдакон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш