Нашрияи Омӯзгор

Тақдири давлат дар дасти миллат

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 33        Шарҳ: 0

 

Интихобот дар равандҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳаммияти муҳим бархӯрдор аст, зеро аз ҷумлаи нишонаву принсипҳои асосии мавҷудияти ҷомеаи демократӣ мебошад. Дар моддаи аввали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.

Мувофиқи меъёрҳои Конститутсияи мамлакат халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ менамояд. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст.

Интихобот дар амалигардонии ҳокимияти давлатӣ бисёр муҳим мебошад. Ҳар шаҳрванди ба синни 18 расида, новобаста аз аҳволи иҷтимоӣ ва молумулкӣ, мансубияти миллӣ ва нажодӣ, ҷинс, забон, маълумот, муносибат ба дин, навъу шакли машғулият ҳуқуқи дар интихобот ширкат карданро дорад, ба истиснои шаҳрвандоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо мекунанд.

Мардум тавассути интихобот ба шахсиятҳои арзанда ва мувофиқ овоз дода, онҳоро ҳамчун роҳбар ва ҳимоягари манфиатҳои давлату миллат ва халқ интихоб менамоянд.

Интихобот ҳамчун унсури муҳимми ҷомеаи демократӣ дар таҷассуми иродаи шаҳрвандони мамлакат, ташаккул ва таҳкими системаи сиёсӣ ва амалӣ гардонидани ҳокимияти мардуми Тоҷикистон нақши бузург дорад.

Воқеан ҳам, ҳодисаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки набояд шаҳрвандон дар маъракаҳои муҳимми сиёсӣ, монанди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бетараф бошанд, балки баҳри ояндаи неки кишвар бояд саҳми худро дар овоз додан ба номзади арзанда гузоранд.

Шаҳрвандон дар интихобот на танҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ояндаи давлату миллат ва ояндаи худ ва фарзандонашонро интихоб мекунанд.

Инсони оқилу болиғ дар интихобот бояд номзади арзандаашро муайян созад. Номзади арзанда шахсеро мегӯем, ки дар ҳақиқат лоиқи интихоб гардидан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. Зеро танҳо номзади арзанда метавонад мардуми кишварро дар атрофи худ муттаҳид намуда, баҳри рушду нумӯи ин диёри биҳиштосо саҳми арзанда гузорад. Таърих борҳо собит сохтааст, ки дар ҳар сарзамине, роҳбари он марди шуҷоу оқил, хирадманду дурандеш, халқпарвару ватандӯст бошад, он кишвар рӯз то рӯз шукуфо гардида, мардуми он бо меҳнати софдилонаву ҳалол диёрро боз ҳам ободтар месозанд.

Мо набояд дар интихоб хато кунем, зеро интихоби нодурусти мо ояндаи кишвари азизи Тоҷикистонро зери суол мебарад. Ҳодисаҳои баъдазинтихоботии кишварҳои хориҷ бояд барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ дарси ибрат бошад ва халқу миллат нагузорад, ки ҷониби бегона дар маъракаҳои муҳимми сиёсии кишвар даст дароз кунад.

Ин ҷо метавон бо боварии комил гуфт, ки иштирок дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва овоз додан ба номзади арзанда, ки метавонад бо амри илоҳӣ давлату миллатро ба саодату сарфарозӣ, ваҳдату иттиҳод ва пешрафту тараққиёти ҳамаҷониба раҳнамун созад, кӯшиши тағйир аз замири интихобкунандагон аст ва Худованд ин халқу миллатро ба комёбиву амну офият мерасонад.

Аълохӯҷа ХОЛОВ,

омӯзгори ДИТ ба номи

Имоми Аъзам Абӯҳанифа


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш