Нашрияи Омӯзгор

Интихобот - ифодагари иродаи шаҳрвандон

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 15        Шарҳ: 0

 

Соли 1991 баробари ба даст овардани истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон роҳи демократӣ ва дунявиро пеш гирифт. Бо қабули Конститутсия майлу иродаи халқи Тоҷикистон  оид ба эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ муайян гардид ва дар кишвар бунёди давлатдории сифатан нави миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оғоз ёфт. Дар ин баробар, дар кишварамон шакли идораи ҷумҳурии президентӣ (ибтидои солҳои 90-ум)  рӯйи кор омад ва минбаъд  дар замони истиқлоли давлатӣ рушд ёфт.

Воқеан, дар  ҳар  як ҷомеаи  демократӣ  афзудани  таваҷҷуҳи  аҳолӣ  ба  ҳаётӣ  сиёсӣ  ва  талошу  кӯшиши  онҳо дар  дигаргунсозиҳои  ҳаёти   ҷомеа  яке  аз  омилҳои муҳимтарини рушду инкишофи  кишвар  маҳсуб  мегардад. Дар ин замина, ҷомеаи демократиро бе раванди интихоботи демократӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳамин аст, ки интихобот ҳамчун талаботи  ҷомеаи демократӣ ба ҳаёти сокинони Тоҷикистони соҳибихтиёр ворид гардид.  

Тавре ки натиҷаи омӯзиши сарчашмаҳои муътамади таърихӣ, таҳлили адабиёти махсуси таълимӣ ва рисолаҳои арзишманди илмӣ шаҳодат медиҳанд, интихобот яке аз қадимтарин падидаҳои ҷомеаи башарӣ ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз дар замони пайдо шудани қабилаву сохтори иҷтимоӣ одамон пешвоёну роҳбарони худро интихоб мекарданд ва ҳамин гуна мақомоти ибтидоии ҳокимият пайдо шуд.   Дар замони муосир низ интихобот яке аз унсурҳои ҷудонопазири ҳаёти сиёсию ҷамъиятии кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Мувофиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ халқ  маҳз ба воситаи интихобот ва раъйпурсӣ мақсаду мароми худро амалӣ карда, ба ин восита дар идоракунии давлат саҳм мегузорад. Дар ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз бунёди ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандиро мақсади хеш қарор додааст, рӯ овардан ба интихобот амри воқеист.  Ҳамин аст, ки  Конститутсия дар кишварамон  низоми бисёрҳизбиро пешбинӣ намуд, ки он раванди интихоботро демократитар намуда, имконият фароҳам овард, то ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф ёбад.  Воқеан, қабули Конститутсия яке аз аввалин дастоварди  Тоҷикистон баъди соҳибистиқлолӣ  мебошад. Нақши он чун санади олии сиёсию ҳуқуқӣ ва заминаи асосии қонунгузории миллӣ дар таъмини ҳуқуқу кафолатҳои иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсии кишвар беназир аст. Аз ҷумла, моддаҳои 27,28,29,30,31  Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандонро муайян намудааст. Тавре дар моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дарҷ шудааст: “Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти давлатӣ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст”.

Тавре ишора гашт, низоми бисёрҳизбӣ  хоси ҷомеаи демократӣ аст.   Шаҳрвандон бо назардошти манфиатҳои худ ҳизбу иттиҳодияҳои гуногунро таъсис дода, ба ин васила дар кори идоракунии давлатӣ ва пешбурди ҳаёти сиёсӣ фаъолона иштирок менамоянд. Айни замон дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ ва садҳо иттиҳодияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд. Қонунгузорӣ ба онҳо имкон фароҳам овардааст, то онҳо чун субъектҳои созандаи ҷомеа ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии худро дар байни сокинон озодона тарғиб намуда, ҷонибдорону ҳамфикрони худро пайдо кунанд ва барои пешрафти кишварамон саҳм гузоранд. Имрӯз дар Тоҷикистон қонунгузорӣ барои рақобати озоди ҳизбҳои сиёсӣ тамоми имкониятҳои ҳуқуқиро фароҳам овардааст ва давлат онро кафолат медиҳад.  Дар ҷумҳурӣ имрӯз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиал -демократии Тоҷикистон, Ҳизби халқии демокартии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон,  Ҳизби ислоҳоти иқтисодии  Тоҷикистон ба таври расмӣ ба қайд гирифта шуда, фаъолият доранд. Тавре шоҳидем, то  имрӯз якчанд номзад аз ҷониби ҳизбҳои сиёсиву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар кишвар пешбарӣ гаштанд. Дар баробари ин, бояд зикр намуд, ки тибқи моддаи 8 Конститутсия мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба сифати мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ танҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда таъсис меёбанд ва фаъолият мекунанд.  

Имрӯз дар Тоҷикистон тартиб, шаффофияти баргузории интихоботро қонунгузорӣ ба низом медарорад. Дар ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия, Қонуни Конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихобот”, Қонуни конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон” ва боз як қатор санадҳои дигари ҳуқуқӣ раванди интихоботро ба танзим медароранд. Тарзи ташкилу баргузории интихоботи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистонро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи интихоботи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон” танзим менамояд.

Боиси хурсандист, ки  кишварамон давоми 29 соли соҳибистиқлолӣ бо таҷрибаи баргузории интихоботи шаффоф ва дар ин замина эҳтиром  ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон  қадамҳои устувор гузошта истодааст. Дар Тоҷикистон заминаву таҷрибаи бунёдии ташкил ва баргузории  интихоботи озоду демократӣ мавҷуд аст.    Аз ҷумла,  1 марти соли 2020 яке маъракаҳои муҳими сиёсӣ – интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар фазои озод баргузор гардид. Маъракаи сиёсӣ бо риояи меъёрҳои таҳаммулу муошират ва дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар маҷмӯъ, натиҷаи интихоботҳои баргузоршуда нишон медиҳад, ки бо иштироки фаъолонаи хеш шаҳрвандон муҳим будани овози худро барои пешрафти кишварамон беш аз пеш дарк намудаанд. Ин худ гувоҳи он аст, ки маърифати сиёсӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва фарҳанги ҳуқуқии сокинони кишвар сол ба сол густариш меёбад ва шаҳрвандон интихоботро ҳамчун як василаи амалишавии ҳуқуқҳои сиёсии худ ва дар баробари он, воситаи саҳм гузоштан дар инкишофи ҷомеа пазируфтаанд.

Мо бо раъйи худ бевосита ояндаи миллату давлатамонро муайян мекунем. Бо итминон метавон хулоса намуд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дар  интихобот бо рӯҳияи баланд, бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ ширкат варзида, ба ин васила саҳми худро барои ояндаи Тоҷикистон  мегузоранд.

Раҳмонқул ШАРИФЗОДА,

профессор, мушовири адлияи дараҷаи 1, мудири кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи  маорифи ДҶТИБКСМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш