Нашрияи Омӯзгор

Раъно соҳиби «Шоҳҷоиза» шуд

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 9        Шарҳ: 0

 

Дар вилояти Суғд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид. Зимни он хонандаи синфи 11–и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №28 - и шаҳри Панҷакент Раъно Насриддинова «Шоҳҷоиза»-и озмун ва ҷоизаи махсуси раиси вилояти Суғд – 20 ҳазор сомониро ба даст овард.

Дар маросими ҷамъбасти озмун 39 нафар ғолиби озмун аз рӯи 5 номинатсия муайян гардида, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо диплом ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки даври чоруми озмун – даври ҷумҳуриявӣ бо иштироки ғолибони даври сеюм то 10 декабр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор мегардад.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш