Нашрияи Омӯзгор

Давлати дунявӣ ва фарҳанги миллӣ

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 17        Шарҳ: 0

 

Мардум дар ҳамаи давру замон ба ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, осоиштагӣ, рифоҳи молию маънавӣ, ҳамзистӣ ва ҳамкорӣ ниёз дошт ва дорад. Ин гуна ниёзҳо, ки аз вуҷуди маънавӣ ва иҷтимоии инсон буруз мекунанд, асли зиндагӣ маҳсуб меёбанд ва мушаххас кардану ба тартиби муайян даровардани силсилаи ниёзҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданӣ тарҳу қолабҳои нави фикриро ба вуҷуд овард.

Аз ҳама муҳим, инсон аз бомдоди зиндагӣ ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ ба ҳамбастагию ҳамзистӣ ниёз доштааст ва ин навъ биниш раванди ормонгароиро дар таърихи тафаккури инсонӣ ташаккул додааст.

Барои он ки ба таври бояду шояд барномаҳои вежаи сиёсию иҷтимоӣ ва маданӣ бар мабнои хираду дониши инсонӣ таҳия ва роҳандозӣ бигарданд, вуҷуди давлат зарурат дорад. Дар зимн, на ҳар гуна давлат метавонад барномаҳои вежаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маданӣ ва миллиро ба таври шоистаю боиста дар амал татбиқ намояд, балки давлати дунявӣ ниёзу хостаҳои инсониро бароварда месозад.          Дар доираи фарҳанги миллӣ (манзур фарҳанги тоҷик аст) ҷустани тарҳ ва ё модели сохтусози давлати дунявӣ, ки дар он арзишҳои инсонӣ ва хираду дониш аслу асос маҳсуб меёбанд, аз аҳамият холӣ нест. Дар қадимтарин бовардоштҳои миллӣ, ки дар қолабҳои устурӣ ва мифологӣ рехта шудаанд, масъалаи сохтусози давлати дунявӣ ҷойгоҳи асосӣ дорад. Ба ин тариқ, дар асотири бостонии миллӣ, аз ҷумла, устураҳои Симурғ, Ҷамшед, Фаридун, Кайхусрав масоили марбут ба давлатдории дунявӣ инъикос ёфтаанд.

Дар асотири бостонии миллӣ таърихи зиндагии инсонӣ ба ҳазораҳо тақсим шудааст. Ба ин маъно, дар фарҳанги бостонии форсу тоҷик умри ҷаҳон 12 ҳазор сол муқаррар шудааст, ки 8 ҳазори он ба таърихи инсонӣ марбут аст ва  бо ҳазораи Ҷамшед оғоз меёбад. Ин аст, ки ҳазораи Ҷамшед ба унвони ҳазораи сиёсат, давлатмадорӣ, хирад, дод ва фарҳанги миллӣ шинохта мешавад. Дар ин ҳазора модели давлат ва ҷомеаи дунявӣ аз тарафи Ҷамшеди Пешдодӣ бунёд мешавад ва элитаи  давлатӣ бар мабнои хирад ва дод ҳукуматдорӣ мекунанд. Мувофиқи устураи Ҷамшед, дар имтидоди давлатдории ӯ (ҳазораи Ҷамшед) мусибату бадбахтӣ, ки дар маргу нестӣ ва дарду ранҷурӣ таҳаққуқ меёбанд, аз байн мераванд ва сиҳатию тандурустӣ ва хушнудию рифоҳ мавқеъ ва мақом пайдо мекунанд.

Ба ин тартиб, Ҷамшед ба бунёди ҷомеаи озоди мардумсолорӣ (демократӣ) ва дунявӣ (секулорӣ) камар барбаста, асос ва хишти нахустини чунин давлатро дар таърихи фарҳанги миллӣ гузошт. Ӯ бо воқеъбинӣ, андешамандӣ ва дунёпарастии худ, ки ҳамагӣ ба биниши илмӣ гироиш доранд, дар олами андешаи миллӣ соҳибмақом гардидааст.

Ҷамшед, ки бемуҳобо, метавон аз ӯ ба унвони поягузори давлати дунявии миллӣ дар қолиби устурӣ-мифологӣ ёд ва тамҷид кард, бо такя ба ақлу хирад ва иродаю қудрат тавонист, як давлат ва ҷомеаи намунавии секулорӣ бунёд намояд.

 Дар модели сохтаи Ҷамшед инсонҳо бо дарназардошти донишу биниш ва ҳунару маҳорат ҷойгоҳи иҷтимоӣ касб мекунанд. Ба ин тартиб, Ҷамшед ба унвони нахустин бунёдгузори давлат ва фарҳанги дунявӣ сохтори табақотӣ (синфӣ)-ро ба вуҷуд меоварад, ки тибқи он ҳар кас, мувофиқи донишу биниш ва ҳунару фаросаташ ба коре ҷалб карда мешавад ва бо ин тарзи мудирияту фаъолият таносуби неруҳои корӣ ва фикриро танзим мекунад.

Қолиб ва моделҳои устурӣ ва мифологии моро имрӯз метавон дар шаклу сохтори давлатдориҳои урупоӣ мушоҳида кард. Ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки урупоиён мероси сиёсӣ, фикрӣ, илмӣ, адабӣ, ахлоқӣ ва мадании моро ба худ ихтисос додаанд. Ин маънои онро дорад, ки урупоиён бо такя ба донишу мантиқу маърифати зинда (на дониши хурофотию карахту мурда) моделҳои нави давлатдорӣ ва ҷомеасолориро сохта, мавриди истифода қарор додаанд. Дар ин миён моделҳои давлатдорӣ, дунёмадорӣ, ҷомеасозӣ ва фарҳанггустарии мо ҳам мавриди омӯзиш, пажӯҳиш, корбурд ва истифода қарор гирифтааст. Гап сари ин аст, ки мо, мутаассифона, аз он мероси бузурги бостонӣ, ки дархӯри ҷаҳониён шудааст, хуб истифода накардаем ва имрӯз ҳам дар ин замина саҳлангорӣ ва бетафовутӣ мекунем. Агар мо, воқеан, ба фарҳанги сиёсӣ, ҷомеасозӣ, мардумсолорӣ ва додпарварии миллӣ ҷиддӣ таваҷҷуҳ мекардем, ниёз ба омӯзишу истифодаи дигар фарҳангҳо хеле кам медоштем. Вале тайи таърихи тӯлонӣ зеҳни хурофӣ ва тафаккури баста моро ҳамеша дунболагирӣ карда, аз масири дурусти ҳаракати фикрӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, илмӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ боздоштааст.

Хушбахтона, миллати тоҷик ва мардуми тоҷикистонӣ тайи 29 соли ахир дар масири сохтмони давлатдории миллӣ ва татбиқи низоми дунёмадорӣ гом бармедорад ва аз ин интихоб зарар надида, балки бурд кардааст. Бурд он аст, ки низоми давлатдории миллӣ ва ҷомеаи дунёмадорӣ имкониятҳои баробарро барои афроди миллат фароҳам меоварад ва ҳалли дастаҷамъонаи мушкилотро тақозо мекунад. Қатъи назар аз он ки дар самти таҳкиму тақвият додани раванди сохтмони давлатдории миллӣ мушкил дорем, вале интихоби низоми дурусту мантиқиии дунявӣ имконияти мусоид фароҳам меоварад, ки дар ҳамбастагии иҷтимоию сиёсӣ ва эҷодию маданӣ камбуду мушкилот ҳаллу фасл шаванд.

 Н. НУРОВ,

устоди ДДФСТ

ба номи М. Турсунзода


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш