Нашрияи Омӯзгор

Устод Айнӣ ва масоили имло

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 14        Шарҳ: 0

 

Устод Садриддин Айнӣ дар баробари таҳия ва эҷоди асарҳои адабӣ ва таърихӣ дар бораи забони адабӣ, лаҳҷа ва шеваҳои он, масъалаҳои имло, сабк ва услубу забони адибону нависандагон, соҳаҳои фарҳангнигорӣ ва истилоҳшиносӣ як силсила мақолаву асарҳо офаридааст.

Ақида ва пешниҳодҳои устод имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накарда, он масъалагузориҳо дар забони адабии тоҷик вуҷуд доранд. Давраи аввали таваҷҷуҳи устод Айнӣ ба масъалаҳои имлои забони адабӣ ба замони гузариш ба алифбои лотинӣ рост меояд. Аслан устод Айнӣ баробари оғоз шудани маъракаи гузариш ба алифбои лотинӣ ба таври фаъол ба баҳсу мунозираҳо оид ба гуногунии навишти калимаҳо дар алифбои нави лотинӣ дохил гардида, тарафдори истифодаи меъёрҳои таърихӣ дар таҳияи имлои забон буд.

 Дар соли 1938 ду маҷлиси машварати забоншиносии Тоҷикистони Шӯравӣ барпо шуд, ки дар онҳо роҳҳои минбаъдаи инкишофи забони тоҷикӣ баррасӣ гардида, лоиҳае ҳам дар ин боб таҳия шуда буд.

Ин чорабиниҳо ба барҳам додани калимаҳои аслан куҳнашуда, арабӣ ва шеваи  эронӣ  дар забони тоҷикӣ, ба барҳам додани аломати ҷудоии сунъии байни забони адабӣ ва забони зиндаи гуфтугӯӣ  равона карда шуданд. Дере нагузашта, лоиҳаҳо дар бораи масъалаҳои грамматика, терминологияи (истилоҳшиносии) забони тоҷикӣ ва  имлои забони тоҷикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Калимаҳои интернат-сионалӣ ба забони тоҷикӣ аз русӣ ва ё ба воситаи забони русӣ ворид шуда айнан бо ҳарфҳои тоҷикӣ навишта мешуданд. Мисол: колхоз, комсомол, коллектив, план, аэроплан, кооперация ва монанди инҳо. Дар баъзе калимаҳои хориҷии ба воситаи забони русӣ иқтибосгардида,  овози «ҳ» агар дар русӣ бо «г» навишта шаванд, дар тоҷикӣ ҳам бо «г» навишта мешуданд.  Мисол: гидростансия, Голландия».  Дар навишти калимаҳои «қуфл, китф» ва «анбор, занбур, занбар» шакли талаффузи онҳоро дар шакли «қулф, китф» ва «амбор, замбур, замбар» қонунӣ гардониданд.

Ба таври умум, ин санад ва тадбирҳои баъдӣ оид ба табдили алифбо барои русикунонии истилоҳот ва дар маҷмӯъ, ба тағйири сарфиву наҳвӣ (грамматикӣ) ва овозии (фонетикии) забони тоҷикӣ роҳи васеъ кушод.

Бояд гуфт, ки ин фармон ба алифбои лотинӣ таҳия шуда, сарахборе барои табдили алифбои лотинӣ ба алифбои русӣ дар Тоҷикистон буд ва маъракаи ба алифбои русӣ гузаштан оғоз шуда буд.  Тавре ки  ба ҳамагон маълум аст, дар моҳи майи соли 1940, яъне, баъд аз соле бештар дар Тоҷикистон алифбои русиасос ба таври расмӣ ҷорӣ гардид. Метавон гуфт, ки то қабули қоидаҳои имло дар замони истиқлол ин санад асоси қоидаҳои имлои мо дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ гардид.  Баъд аз гузаштан  ба алифбои русиасоси тоҷикӣ, моҳи майи соли 1940 12 қоидаи имлои забони мо ҳам ба ин алифбо мувофиқ карда шуд, аз 21 январи соли 1941 қарор оид ба «Қоидаҳои асосии имлои забони тоҷикӣ» қабул гардид.

«Қоидаҳои асосии имлои забони тоҷикӣ» собит месозад, ки ҳанӯз забони адабӣ ба таври муайян шакл нагирифта буд ва дар он иштибоҳоти дастурӣ дида мешуд. Ҳол он ки дар забони тоҷикӣ аз талаффуз то навиштан фарқ доштани  суханҳои дар боло қайдшуда тасодуфӣ ва ғалати омма набуда, балки ба як асоси илмӣ такя мекард, ки ин аз хусусияти ҳамонвақтаи забони тоҷикӣ вобаста буд.  Дар забони тоҷикӣ ҳар гоҳ баъд аз нуни сокин (ан, зан, ҷан, қан ва монанди инҳо) ҳарфи «б» ояд, дар талаффуз он «б» ба «м» табдил меёбад. С. Айнӣ мегӯяд: “Имлочиёни мо, ки аз ин хусусияти забони тоҷикӣ хабар надоранд, дар навиштан ҳам ҳарфи «б»-и монанди калимаҳои мазкурро ба «м» табдил дода менавиштанд, бо ин корашон аз як тараф хусусияти забони тоҷикиро поймол мекарданд, аз тарафи дигар, луғатҳои бисёреро вайрон карда ба халқ пешниҳод менамуданд”.

Хулоса, пешниҳоди устод С. Айнӣ оид ба тарзи навиштани вожаҳои занбур, танбур, анбор дар шакли тоҷикии онҳо, яъне, бо “нб”,   на бо “мб”, ки дар имлои  соли 1941 вуҷуд дошт ва забоншиноси машҳури тоҷик Муҳаммадҷон Шукуров   ҳам онро дастгирӣ кардааст,  минбаъд мавриди истифода қарор гирифт.

 

Гулрухсор Гурезова, омӯзгори забон ва

адабиёти мактаби №1-и ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш