Нашрияи Омӯзгор

Равшангари ояндаи кӯдакон

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 17        Шарҳ: 0

 

Борҳо таъкид ва собит шудааст, ки дар ташаккули инсон ва камолоти маънавии ӯ китоб ҳамчун сарчашмаи дониш ва илму маърифат нақши хеле муҳим ва тақдирсоз дорад.

Китоб раҳнамои  хирадманд аст ва ҳеҷ гоҳ ба кас хиёнат намекунад. «Рӯе, ки нагардад зи касе, рӯи китоб аст», - гуфтааст суханвари бузурге. Аз ин рӯ, ҳар қадар насли наврас ба китоб унс бигираду онро ҳамдаму ҳамроз, рафиқи бовафои худ бихонад, ҳамон қадар бурд хоҳад карду ҳамчун инсони донишманду ботаҳаммул ва комилу тавоно ба камол хоҳад расид. Бояд мо фарзандонамонро аз хурдиашон ба китоб ҳамдам созем.

Вобаста ба ин, тарғиби китоб, муаррифии онро ба насли наврас аз кӯдакистон оғоз бояд кард. Бисёр хусусият, одат ва кирдори тифлакон дар кӯдакистон пайдо мешаваду шакл мегирад, аз ҷумла, муҳаббат ба китоб низ. Мураббияҳо ва умуман, тамоми масъулини кӯдакистон бояд бар он бикӯшанд, ки кӯдакон нисбат ба китоб меҳр пайдо кунанд, онро дӯст доранду бо майли том ба даст бигиранд.

Маълум, ки нашриётҳои мо як силсила китобҳоро махсус барои муассисаҳои томактабӣ ба нашр расондаанд. Ин китобҳо асосан аз суратҳои ранга ва ҷумлаҳои содаю осонфаҳм иборатанд. Дар марҳилаҳои минбаъда (синни миёна дар кӯдакистон ва синни томактабӣ) китобчаҳои бачагона нисбатан фарогиртар мешаванд.

Мураббия ба кӯдакон китобчаҳои суратдорро нишон дода, оҳиста-оҳиста варақгардон мекунад ва ҳар сафҳаро шарҳ медиҳад. Дар зер як намунаи чунин шарҳро меоварем. Фарз кардем, ки дар дасти мураббӣ китобчае бо суратҳои ранга оид ба фаслҳои сол мавҷуд аст. Чанд саҳифаи аввал манзараҳои фасли баҳорро инъикос менамояд.

Мураббӣ:

-Бачаҳо, шумо дар ин сурат чиҳоро мебинед?

Кӯдакон:

-Расми гулҳоро мебинем.

Мураббӣ:

-Гулҳо дар кадом фасли сол мерӯянд?

Кӯдакон:

-Дар баҳор.

Албатта, мураббӣ ҳангоми саволу ҷавоб ба кӯдакон мадад мерасонад. Ё худ, мураббӣ аввал дар бораи фасли баҳор ва хусусияту аломатҳои асосии он ба хонандагон мухтасаран нақл мекунад ва сипас бо онҳо саволу ҷавоб ташкил менамояд. Дар идома боз ҳам бо ёрии мураббӣ кӯдакон вобаста ба мавзӯъ ҷумлаҳо мегӯянд. Намунаҳо: Баҳор омад. Баҳор фасли зебои сол аст. Дар баҳор гулҳо мешукуфанд. Ман гулҳои лола, бунафша, садбарг…-ро медонам. Ман фасли баҳорро дӯст медорам. Баҳор аз се моҳ иборат аст: март, апрел, май.

Мураббӣ ба ин  гуна фаслҳои солро ба хонандагон тавзеҳ бахшида, дар ҷамъбаст аз кӯдакон мепурсад: - Бачаҳо, мо дар бораи фаслҳои сол маълумот пайдо кардем. Барои ин ба мо чӣ ёрӣ расонд. Бачаҳо ҷавоб медиҳанд: - Китоб.

Мураббӣ: - Офарин, бачаҳо!  Бидонед, ки китоб рафиқи хеле доною бовафои мост. Он ба мо аз ҳар хусус дониш медиҳад, бисёр чизҳоро меомӯзад. Шумо китобро дӯст доред. Онро варақ занед, эҳтиёт кунед. Биёед, баробар мехонем.

Агар китобро хонӣ,

Ҳама чизро медонӣ.

***

Китоб аз ҳама доност,

Дӯсти бовафои мост.

Дар оянда шумо, бачаҳои азиз, ҳарфҳоро меомӯзед ва китоб хонданро ёд мегиред. Китоб барои шумо дари илму донишро боз мекунад…

Дар ҳар машғулият кӯшиш бояд кард, ки ба кӯдакон китобе муаррифӣ шавад ё худ китобҳои қаблӣ батакрор варақгардон гарданд. Кӯдаконро ба тамошои намоишҳои китоб, фурӯшгоҳи китоб бурдан, бо онҳо намоишҳои  ба китобу китобхонӣ бахшидаи телевизиони «Баҳористон»-ро тамошо кардан, дар бораи китобҳои шавқовари бачагона нақл намудан хеле пурманфиат мебошад. Аз кӯдакӣ ба китоб меҳр бастан барои хурдтаракон хеле  манфиатбор хоҳад буду дар оянда ба онҳо комёбиҳо хоҳад овард.

 

Ҷумагул Исоева,

мураббияи кӯдакистони №55-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш