Нашрияи Омӯзгор

Тарғибгари ахлоқи воло

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 9        Шарҳ: 0

 

Асарҳои безаволи  Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ «Девони кабир» ё «Куллиёти Шамс», «Маснавии маънавӣ», «Маҷолиси саъб», «Фиҳӣ мо фиҳӣ» ва «Мактубот» хонандаи худро бо роҳи дурусти зиндагӣ ва мактаби ҳаёт ҳидоят менамоянд.

Мутолиаи «Маснавии маънавӣ»-и ин нобиға на танҳо ба фарди навомӯз, балки ба ҳар як хонандаи гуногунсол дарси ибрат аст. Аз ҷумла, дар таҳлили ҳикоятҳои ӯ метавон тамоми паҳлуҳои мусбату манфии зиндагиро дарёфт ва хулоса намуд.

Мавлоно дар ашъораш   мағруриву худписандиро  маломат менамояд. Мавлоно чунин дӯстонро ба сулҳу салоҳ, донистани қадри якдигар ва доштани хулқу атвори нек даъват намудааст. Ба андешаи ӯ, дӯст бо дӯст набояд ғараз дошта бошад ва расми дӯстию бародариро чунин ба қалам додааст:

Биё, то қадри якдигар бидонем,

Ки то ногаҳ зи якдигар намонем.

Ғаразҳо тира дорад дӯстиро,

Ғаразҳоро чаро аз дил наронем?

Бо хулосаи Мавлоно якдилу якмаром будан ва дар пояи сарҷамъию иттиҳод қарор ёфтан касро муқтадир менамояд. Ҷамъи ёрон лашкареро метавонад  аз пой занад.   Мисраъҳои зайл  ба ҳамин масъала ишора мекунанд:

Паркандагӣ аз нифоқ хезад,

Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад.

Қайд  кардан бамаврид аст, ки имконияти фарох ҷиҳати омӯзиши эҷодиёти Мавлонои Балхӣ танҳо  баъд аз соҳибистиқлолии кишвар ба даст омад.

Сафармоҳ ГАДОЕВА

омӯзгори гимназияи давлатии №1,

 ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ,

 Аълочии маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш