Нашрияи Омӯзгор

Нахли меҳр

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 8        Шарҳ: 0

 

Ба назар чунин менамояд, ки омӯзгор ва заҳмат ҳарду бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд, яъне, агар омӯзгор шудан хоҳӣ, бояд заҳмат бикашӣ ва ё чун мехоҳӣ, ки дар ҷодае комёб гардӣ, пас бояд ҳатман бо худ устод дошта бошӣ.

Дарвоқеъ, омӯзгорӣ пешаест бас пурмашаққат, вале бошарафу пурифтихор. Дар хурдӣ чун омӯзгори хешро мебинем, озодаву бомаърифат, ӯро барои хеш намуна медонем ва чун ӯ шуданро орзу менамоем.

Хосатан, омӯзгорӣ дар деҳоти кишвар ё худ кӯҳистони мамлакат сабуриву меҳнатдӯстиро металабад. Дар шароити носозгор, дар гармову сармо, ба мактаб рафтану ба хонандагон - насли ояндасози миллат дарс гуфтану онҳоро бо роҳи рост раҳнамун сохтан хеле таҳаммулталаб аст. Зиҳӣ, омӯзгор - машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ.

Ман низ чун садҳо нафар аз меваҳои шаҳдбори боғи маънавии омӯзгорони деҳ самара бардоштааму фарзанди омӯзгор мебошам. Модарам Холбӣ Бозорова зиёда аз 30 соли умри пурбаракати хешро сарфи таълиму тарбияи насли наврас кард. Модарам корро аз бахшҳои фарҳангиву иҷтимоии мактаб шурӯъ намудааст. Ҳамин тавр, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68-и шаҳри Ваҳдат ба ҳайси муаллими синфҳои ибтидоӣ ва забону адабиёт 33 сол дарс гуфт ва ҳоло бознишаста буда, аз хондану омӯзиш даст накашидааст ва пайваста ба мутолиа машғул мебошад. Нури чароғи маърифати хонадони мост.

Ин нукта, ки «Муаллимӣ шуғл не, ишқ аст. Агар онро чун воситаи рӯзгузаронӣ қарор додаӣ, раҳояш кун. Агар он ишқи туст, муборак бошад!», ҳақ асту рост. Зеро аз гуфтаҳои модарам бармеояд, ки дар зиндагияш оила ва мактаб яке дигареро мукаммал гардонида, боиси рафъи хастагиаш гардидаанд: «Агар аз мушкилоти рӯзгор хаставу дилозурда мегардидам, дидори шогирдону дарсу машғулиятҳо ин ҳамаро ба боди фаромӯшӣ мебурд. Бо расидан ба дидори дӯстрӯяконам низ хастагии корамро аз ёд мебурдам».

Тавре ин чароғи хонадони мо андеша дорад: «Илму дониш баҳри беканорест. Аз ин рӯ, барои толибилмон бояд ҷавҳари онро фаҳмонид, то онҳо дар оянда, дар кору зиндагӣ роҳгуму саргардон нашаванд. Муаллим нафарест, ки чун ғаввос ба дарёи маърифату маънавиёт ғарқ гардида, баҳри сохтани ояндаи насли наврас марворид дарёфт менамояд ва онро пешкаши хонандагон месозад».

Модарам доимо дар тарбияи мо, фарзандон, ҳиссаи босазои хешро мегузорад. Моро соҳибмаълумоту соҳибкасб гардонидааст. Яке аз бародаронам касби модарро бо мароқи том пеш идома мебахшад.

Лозим ба ёдоварист, ки мудири мактаби №68 Ҳомид Каримов яке аз шогирдони бовафои модарам мебошад.

Ростӣ, қаблан шароити омӯзгорону хонандагон дар деҳа он қадар ба талабот ҷавобгӯ набуд. Хонандагони ду деҳа роҳи тӯлониро тай намуда, дар мактаби деҳаи Найдара  ба таълим машғул мешуданд. Ҳоло вазъи муассисаҳои таълимӣ беҳтар гардида, ин мактаб аз таъмири асосӣ бароварда шудааст ва дар ҳудуди он биноҳои иловагӣ сохта шудаанд.

Ҳамчунин, дар деҳоти ҳамсояи деҳаи Найдара - деҳаҳои Арбобдараву Сангпар муассисаҳои наву замонавӣ қомат афрохтанд, ки аз баракати соҳибистиқлолӣ ва қадрдонии заҳмати омӯзгорони деҳоти кишвар гувоҳӣ медиҳанд. Сол то сол шумораи онҳое, ки аз ин деҳот барои идомаи таҳсил ба муассисаҳои олӣ тариқи Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супорида, соҳиби номи пуршарафи донишҷӯӣ мегарданд, меафзояд.

Чун модарам шогирди хешро дар маснадеву минбаре мебинад, мефахрад, ки заҳматҳояш барабас нарафта, шогирдона дар пешбурди фаъолияти иҷтимоию иқтисодии мамлакат саҳми босазои хешро мегузоранд. Зиҳӣ, модар! Зиҳӣ, омӯзгор!!!

 

Наврӯз ҶОБИРОВ,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш