Нашрияи Омӯзгор

Дурахши “Хуршеди Тоҷикистон”

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 83        Шарҳ: 0

 

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии “Хуршеди Тоҷикистон” барои 600 ҷой, воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Донишро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи томактабӣ аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, дорои 24 толор, аз ҷумла, толорҳо барои бозӣ ва дарсҳои мусиқию рассомӣ, ошхона барои 275 нафар, ду адад ҳавзи шиноварӣ барои 48 нафар, маҷлисгоҳ бо 224 ҷойи нишаст, китобхонаи маъмулӣ ва электронӣ, утоқҳои роҳбарият ва идоракунӣ, маркази тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, фаввораву соябон ва гулгашт мебошад.

Ҳар як ошёна барои 8 гурӯҳи кӯдакон тарҳрезӣ гардидааст. Сохтмони бинои кӯдакистон дар майдони 10 436 метри мураббаъ сурат гирифтааст. Масоҳати умумии иншоот 12 000 метри мураббаъро ташкил дода, ҳар як ошёнаи он аз 2400 метри мураббаъ иборат мебошад.

Дар саҳни кӯдакистон фаввораҳои замонавӣ, майдончаҳои бозии футбол, майдончаҳои бозии кӯдакон, соябонҳо, ҳавзҳои шиноварӣ, таваққуфгоҳи автомобилӣ бо сифати баланду ороиши муосири меъморӣ бунёд ёфтаанд.

Дар таҳхонаи иншоот ошпазхона, амбор, ҳуҷраи санитарӣ, ҳуҷраҳои дастурӯшӯии кӯдакон, ҳуҷраи шустушӯи либосу матоъҳо, ҳуҷраи дарзмолкунӣ, ҳуҷраи машваратӣ, ошхона, ҳуҷраҳои мураббиён, 2 ҳавзи шиноварӣ, ҳуҷраҳои техникӣ барои ҳавзҳои шиноварӣ, ҳуҷраҳои техникию муҳандисии бино ва ҳуҷраҳои хоҷагидорӣ ҷойгир карда шудааст.

Дар ошёнаи якуми бино 8 гурӯҳи алоҳида ҷудо карда шудааст, ки ба ҳар як гурӯҳ 25 нафари кӯдак рост меояд. Дар ҳар як гурӯҳ, синфхона барои дарсхонӣ, ҳуҷраи бозикунӣ, ҳуҷраи хоб, ҳуҷраи санитарӣ барои мураббиён ва хурдсолон, ҳуҷраи хӯроктақсимкунӣ сохта шудааст.

Маркази дилхушии кӯдакон бо таҷҳизоти замонавӣ дар масоҳати 415 метри мураббаъ дар ошёнаи дуюми кӯдакистон сохта шуда, дорои муосиртарин шароит барои фароғати хурдсолон мебошад.

Толор барои гузаронидани маҷлису чорабиниҳо бо 224 ҷой дар ошёнаи сеюми бинои муассиса бунёд гардидааст.

Дар ошёнаи чоруми Муассисаи таҳсилоти томактабии “Хуршеди Тоҷикистон” барои кӯдакон синфхонаҳои дарсҳои иловагӣ, китобхонаҳо, ҳуҷраҳои компютерӣ ва дар қисмати дигари он толорҳои варзишӣ, гимнастика, таэквандо, акрабатика, толори расмкашӣ, мусиқӣ ва курсҳои иловагӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ифтитоҳи иншооти муосиру хуштарҳро ба кӯдакони хуштолеъи кишвар муборакбод гуфтанд.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш