Нашрияи Омӯзгор

Барномаи ҷавобгӯ ба ниёзҳои ҷомеа

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 46        Шарҳ: 0

 

Мулоҳизаҳо оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Дар арафаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадҳо ба ин мансаб барномаҳои пешазинтихоботии худро пешниҳод мекунанд. Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо тақозои равандҳои ҷомеаи муосир, дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дарназардошти дурнамои ҳафт соли оянда таҳия гардида, тамоми масъалаҳои мубрами ҷомеаро дар худ ғунҷонидааст. Он аз ҳафт банд иорат буда, аз амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ ва масоили иқтисодӣ оғоз мегардад. Ин бесабаб нест, зеро рушди ҳар кишвар ба иқтидори иқтисоди он марбут аст. Дар ҳафт соли охир ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз ду баробар афзуда, суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодӣ ба ҳафт фоиз баробар шуд, ки ин мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ нишондиҳандаи баланд ба ҳисоб меравад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолии мамлакат аз панҷ ҳазор сомонии соли 2013 ба 8, 8 ҳазор сомонӣ дар соли 2020 расонида шуд. Дар ҳафт соли охир зиёда аз 1200 корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз карда, ҳамасола 150 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуд ва шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ 50 фоиз кам гардид. Далелҳо шоҳиди онанд, ки иқтисоди мамлакат давра ба давра рушд мекунад ва Тоҷикистон ба давраи нави рушди иқтисодӣ ворид мегардад.

“Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ташаккул додани инфрасохтори замонавии сайёҳӣ дар Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақши меҳварӣ дошта, барои рушди бонизоми иқтисодии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи “Барномаи рушд ва омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, зиёд намудани таваҷҷуҳи ҷавонон ба илмомӯзӣ, ихтироъкорӣ, навоварӣ ва бунёд кардани марказҳои инкишофи зеҳнии наврасону ҷавонон, ба хотири васеъ намудани фаъолияти занон дар рушди иқтисоди миллӣ таҳия ва амалӣ кардани “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, идома додани сиёсати “дарҳои кушода”, рушди муносибатҳо бо кишварҳои минтақа, шарикони стратегӣ ва дигар кишварҳои ҷаҳон аз нуктаҳои меҳварии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Аз натиҷаи сиёсати пешгирифта ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки амалӣ намудани ормонҳои миллӣ, ҳампои ҷомеаи ҷаҳонӣ намудани Тоҷикистон, ба кишвари шукуфо ва саноатӣ табдил додани он, фароҳам овардани зиндагонии шоиста барои сокинони мамлакат, тарбияи мутахассисони мусаллаҳ бо донишҳои муосир, таҳкими сулҳ, ваҳдат ва созгории миллӣ, дар замири ҳамагон шуълавар намудани ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ ва меҳр варзидан ба ин зодбум, бо заҳмати рӯзафзун саҳмгузорӣ ба ободонии меҳан мақсади асосии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ин нуктаҳо орзу ва ормонҳои чандинҳазорсолаи миллати тоҷикро амалӣ менамояд, чун чароғи роҳнамо барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ хизмат мекунанд, Тоҷикистонро шукуфо ва миллати ин сарзамини куҳанбунёди тамаддунофарро бо имиҷи нав ба ҷаҳониён муаррифӣ хоҳанд кард.

Вақтҳои охир гурӯҳе аз ҳамватанони мо аз хориҷи кишвар тавассути васоити дурӯғпарокании хориҷӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷониби кишвар ва роҳбарияти он сангандозӣ намуда, дастовардҳои замони истиқлол, раванди ободонӣ ва дурнамои рушди Тоҷикистонро нодида мегиранд ва мехоҳанд тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба афкори ҷомеа таъсир расонида, тафаккури ҷомеаро дигар намоянд.

Феълан дар ҷумҳурӣ 3 ҳазор созмони ҷамъиятӣ мавҷуданд, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ грант дарёфт менамоянд. Онҳо бар ивази ин “кори хайр” хостаҳои онҳоро амалӣ карда, дар арафаи чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, бавижа, интихоботҳо фаъол ва манфиатҳои онҳоро ҳимоя мекунанд. Аз ин лиҳоз, дар арафаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд зиракии сиёсиро аз даст дод. Ҳар як интихобкунанда бо мутолиаи барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо амри виҷдон онҳоро таҳлил намуда, хулоса барорад, ки кадоме аз онҳо барои пешрафти мамлакат ва фароҳам овардани зиндагонии шоиста мусоидат менамоянд. Ба ҷонибдории номзади арзанда овоз додан маънои ба пешрафти Тоҷикистони озод раъй додан аст.

Ба назари мо, Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз барномаҳои дигар номзадҳо бо мазмун, дарбаргирии маҷмӯи масъалаҳо, баррасии ниёзҳои ҷомеа, матраҳсозии дурнамои рушди мамлакат тафовути ҷиддӣ дорад. Хизмати содиқона ба миллат ва ба тариқи мусбат бозтоб намудани мавқеи давлат дар ҷаҳони муосир маҳаки асосии барномаи мазкур аст.

 

Нуъмонҷон ҒАФФОРӢ,

доктори илмҳои таърих, профессор,

 Саидмуроди ХОҶАЗОД,

доктори илмҳои филологӣ, профессор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш