Нашрияи Омӯзгор

Манфиатҳои забондонӣ

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 15        Шарҳ: 0

 

Қабули Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав ва ҳамасола 5-уми октябр таҷлил намудани Рӯзи  забон боз як саҳифаи наверо дар рушду пешрафти забони мо кушод. Воқеан,  забон хишти аввалини кохи миллат  аст.

Бузургони мо дар мавриди нақшу мавқеи забон  зиёд гуфтаанд. Онҳо забонро, ки муҳимтарин ва асоситарин рукни тамаддуни инсонӣ, пурарзиштарин муқаддасот аст, воситаи муҳимми гуфтугӯю муоширату халқу миллатҳо маънидод намудаанд. Боиси ифтихор аст, ки забони модариамон таърихи дуру дарозро аз сар гузаронида,   тавонистааст, рисолати таърихӣ ва миллии худро комилан нигоҳ  дорад. Дар давраҳои гуногуни таърих тоҷикон борҳо тавонистанд   забони   миллии тоҷикиро аз нестшавӣ эмин нигоҳ  доранд.  Инро   мо   дар мисоли лашкаркашиҳои Искандари Мақдунӣ, салибдорон, арабҳо, муғулҳо,  туркҳо,  Россияи  подшоҳӣ  дида  метавонем.  Дар   асрҳои   миёна,   дар  натиҷаи ҳуҷуми  арабҳо давлатҳои Миср, Тунис, Марокаш,  Алҷазоир   ва  ғайра аз  забон ва анъанаҳои миллии худ маҳрум  шуда, ба  ҳайати   давлатҳои араб дохил  шуданд, вале тавре зикр намудем, забони тоҷикиро гузаштагонамон тавонистанд, ки то имрӯз ҳифз намоянд. 

              Бо ифтихормандӣ месазад зикр намоем, ки забони  тоҷикӣ  яке  аз  забонҳои муқтадир ва соҳибхати дунё  буда,  дар  замони  давлатдории Сомониён ба мақоми давлатӣ  расида  буд. Шахсиятҳои бузурги миллат,  аз  ҷумла, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Камол, Синову Балхӣ, Беруниву  Хайём  маҳз бо ин забон эҷод намудаву дар   густариши забони тоҷикӣ  ва   ҳимояи  он  аз  олудашавӣ   бо   дигар   забонҳо  ва нестшавӣ  саҳми   бузург  гузоштаанд. Эҷодиёт ва дастоварди ин шахсиятҳои   таърихӣ  ба  забони  тоҷикӣ дар  соҳаҳои фарҳанг, иқтисод, кимиё, ситорашиносӣ ва  тиб  дар   пешрафтатарин кишварҳо, бахусус, Аврупо мавриди тарҷума қарор    гирифтааст. Имрӯз забони давлатӣ мақоми устувор гирифта, ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди  ҷумҳурии мо зиндагӣ мекунанд, барои муттаҳид намудани сокинони ватанамон, пойдории давлат ва ҳифзи фарҳанги миллӣ  нақши муҳим мебозад. Бояд зикр намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи  забони давлатӣ бештар аҳамият пайдо мекунад.

Чун Тоҷикистон ба сифати давлати соҳибихтиёри миллӣ дар арсаи байналхалқӣ кайҳо эътироф гаштааст, ниёз ба мутахассиси забондон (иқтисодчӣ, муҳандис, агроном, бинокор, табиб...) хоҳ-нохоҳ зиёд мегардад. Ба ибораи дигар, дар шароити торафт густариш ёфтани ҳамкориҳои байни кишварҳо, равуои бемайлони халқҳо, ривоҷи муносибатҳои илмию адабӣ донистани забонҳои хориҷӣ, бахусус, русиву англисӣ, ки дар ҷаҳони мутамаддин пешсаф мебошанд, ногузир аст. Забондонӣ омили муҳимми шиносоии халқҳои гуногунзабони дунё ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, забондонӣ як воситаи муассири равобити судманд ва ҳамкориҳои  байни давлат ва халқҳои ҷаҳон аст.  Бесабаб нест, ки забонро калиди ҷаҳон ва забондонро соҳиби калиди мушкилкушо гуфтаанд. Аз худ намудани забони хориҷӣ дарвозаи илмҳои зиёдеро  барои инсон мекушояд. Забондонӣ  дар пешрафти илмиву ҷаҳонбинии мо нақши муассир мебозад. Умуман, забондонӣ барои тамоми инсонҳо, новобаста аз мавқеашон дар ҷомеа ва соҳае, ки дар он кору фаъолият мекунанд, муфид ва хеле муҳим аст. Пас, меҳри забон  ҳанӯз аз хурдсолӣ  дар зеҳну қалби кӯдакон бояд маъво гирад.

 

Ойҷонбӣ НАЗАРОВА,

омӯзгори коллеҷи

тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш