Нашрияи Омӯзгор

Фурӯғи олам аз омӯзгор аст!

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 28        Шарҳ: 0

 

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мақому мартабаи омӯзгор хеле баланд аст ва ҳамагон омӯзгоронро самимона эҳтиром мекунанду роҳнамои хеш ва машъалафрӯзи хирад медонанд. Метавон гуфт, ки халқи тоҷик табиатан эътиқодманду арҷгузори омӯзгорон аст ва мақоли машҳури «Қадри устод аз қадри падар беш аст» аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад.

Ба мартабаю манзалати баланди омӯзгор ситоишномаҳои воқеиятбунёди устодони сухани тоҷик низ гувоҳӣ медиҳанд. Чунин ба мушоҳида мерасад, ки бузургони миллати маърифатоину тамаддунпарвари мо беҳтарину волотарину самимитарин суханонро дар мадҳу ситоишу бузургдошти омӯзгор гуфтаанд. Шоҳбайти зерини муҳаббатбору ҳикматрези Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ садсолаҳо боз сари забонҳосту ҳамагонро аз рисолати олии омӯзгор ва моҳияти фаъолияти ӯ ҳушдор медиҳад:

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Аҳли хирад ва абармардони миллат ҳурмату эҳтироми омӯзгорро фазилати фархундаи ҳар фард дониста таъкид бинмудаанд:

Агар дар дилат меҳри устод нест,

Ба дасти умеди ту ҷуз бод нест.

Бо гузашти айём мақому мартаби омӯзгор боз ҳам боло меравад, эҳтиромаш меафзояд. Имрӯз дар Ватани маҳбуби мо омӯзгор ҳамчун «махзани маърифат»-у «чароғи хирад» ва «раҳнамои миллат» шинохта мешавад ва дар устуворсозии пояҳои истиқлоли кишвар ва мунавварсозии роҳи фардои ҷомеа нақши барҷаста дорад. Ба ифтихори ҳамаи мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз эътиқодмандони самимии омӯзгорон мебошанд ва аҳли маорифро аз маҳбубтарин афроди ҷомеа медонанд. Пешвои миллат таъкид кардаанд, ки «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба шогирдон-фарзандони худ медиҳад ва хешро аз ин хушбахт мешуморад». Сарвари кишвар, ҳамчунин, эътиқодмандии худро нисбат ба омӯзгорон чунин иброз доштаанд: «Тақдири хушбахтии мардум, ободии кишвар ва афзоиши сарвати маънавии ҷомеа дар дасти шумо – омӯзгорони муҳтарам аст. Мо ба қудрату тавоноии шумо бовар дорем».

Хушбахтона, аҳли маориф сазовори чунин боварии меҳрбори Пешвои миллат фаъолият доранд ва доираи амали худро пайваста вусъат мебахшанд. Ба ин фаъолияти пурсамару доманадори аҳли маорифи пойтахти ҷумҳурии азизамон – шаҳри нозанини Душанбе низ метавонад бурҳони қотеъ бошад.

Алоқамандони соҳаи маорифи пойтахт дар дарозои 29 соли истиқлоли мамлакат марҳила ба марҳила фаъолияти худро густариш бахшида, ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд. Дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари кишвар барои фаъолияти фарогиру бафайз баҳри кулли омӯзгорони маркази ҷумҳурӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Ҳоло дар шаҳри Душанбе 8863 омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд, ки аксар соҳибтаҷрибаю баландтахассус ва эҷодкору навоваранд. Омӯзгорони муҳтарами мо бо камоли масъулият ба кори худ машғул мешаванд ва ифтихорманданд, ки дар рушду такомули соҳаи маорифи пойтахт ҳиссагузорӣ мекунанд ва ҳамагон бар он назаранд, ки дар таълимгоҳҳои пойтахт фаъолият доштан ҳам ифтихор асту ҳам масъулият. Ба шарофати ҷидду ҷаҳди ҳамешагии омӯзгорони арҷманд солҳои охир сатҳи таълиму тарбия дар тамоми муассисаҳои таълимӣ нисбат ба солҳои пешин хеле боло рафтаву норасоиҳои мавҷуда бартараф карда шудаанд.

Имрӯз кӯдакистонҳою мактабҳои пойтахт бо навтарин таҷҳизоти таълимӣ ва бо технологияҳои муосир таъминанд, ороиши хуб доранд, ободу назаррабоянд. Омӯзгорон дар ҷараёни таълиму тарбия аз тахтаҳои электронӣ, мониторҳо, дастгоҳҳои компютерӣ, шабакаҳои дахлдори иҷтимоии интернетӣ, аз навтарин ва пурсамартарин усулҳои омӯзиш васеъ истифода мебаранд. Аттестатсияи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии шаҳр, ки моҳи январи соли равон баргузор гашт, собит сохт, ки аҳли маорифи пойтахт нисбат ба пешаи пуршарафи хеш бештар масъулиятшинос шудаанд ва пайваста меомӯзанду такмили ихтисос мекунанд, ҳамқадами замонанд. Ин нукта ҳам шоистаи зикри махсус аст, ки омӯзгорони мо дар кори омӯзиши амиқ ва тавзеҳу тарғиби сиёсати хирадбунёду созандаи Президенти муҳтарами ҷумҳурӣ ва муҳимтарин асноди ҳукумати кишвар фаъолияти вусъатманд доранд ва аз ин лиҳоз, дар байни аҳли ҷомеа мавқеи шоиста дарёфтаанд. Ин рисолати муҳими омӯзгорон аст, зеро омӯзгори асил бояд машъалафрӯзи ҷомеа ва ҳидоятгару раҳнамои ҳамагон ба ҷодаҳои ростини зиндагӣ бошад.

Сол то сол афзудани теъдоди ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагон аз ҳисоби мактабиёни шаҳри Душанбе, иштироки бомуваффақияти шогирдони мо дар озмуну олимпиада ва мусобиқаҳои байналхалқӣ, ҷалби миқдори зиёди муҳассилини таълимгоҳҳои шаҳр ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», зиёд шудани шумораи хатмкунандагон – соҳибони медалҳои тилло (аттестати аъло), нашри пайвастаи силсилаи мақолаву дастуру китобҳои таълимию методии устодон ва амсоли инҳо аз такомулу пешрафти  пайвастаи  соҳаи маорифи пойтахти кишвар гувоҳӣ медиҳад. Ин ҳам далели ҷолиб аст, ки соли равон аз 11484 нафар хатмкунандаи мактабҳои шаҳри Душанбе 9150 нафар тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ шомил шуданд, ки ин нисбат ба соли гузашта 16% зиёд аст ва низ далели болоравии сатҳи таълиму тарбия дар мактабҳои пойтахт мебошад.

Вусъати сохтмон, бозсозӣ ва таъмири комили муассисаҳои таълимӣ дар шаҳри Душанбе такони ҷиддие ба фаъолияти аҳли маориф бахшидаву барои кори пурсамари омӯзгорон ва таҳсили муваффақонаи хонандагон имконоти зарурӣ фароҳам овардааст.

Солҳои охир дар тамоми маҳаллаҳои шаҳр мактабҳои нав бунёд карда шуданд. Чанде пеш – ба муносибати оғози соли нави таҳсил бо иштироки Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №102 дар ноҳияи Шоҳмансур барои 1200 хонанда дар як баст, бинои иловагии литсей – интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқат бо ғунҷоиши 624 хонанда ва хобгоҳ барои 320 ҷой, бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии назди Мактаби байналмилалии Президентӣ барои 120 ҷой мавриди истифода қарор дода шуданд.

Айни замон сохтмону бунёди бинои нави беш аз 15 муассисаи таълимӣ дар минтақаҳои гуногуни пойтахт бомаром идома дорад. Пас аз анҷоми ин сохтмонҳо, дар маҷмӯъ, барои хонандагон иловатан 13970 ҷойи нишаст дар як баст (дар ду баст 27940 ҷойи нишаст) фароҳам оварда мешавад ва ин имкон медиҳад, мушкилии норасоии ҷойи нишаст барои хонандагон бо дарназардошти зиёдшавии аҳолӣ то соли 2021 бартараф карда шавад…

Ҷавобан ба ин ҳама ғамхорию дастгириҳои Пешвои миллат ва Раиси шаҳр аҳли маорифи пойтахти ҷумҳурӣ бо камоли масъулият ҷидду ҷаҳд менамоянд, ки фаъолияти худро ҳар чӣ бештар вусъату такомул бахшанд ва дар таълиму тарбияи насли навраси созандаи фардои Ватан тамоми маҳорату малакаи худро ба харҷ диҳанд ва шаъну шарафи маорифи пойтахтро боз ҳам афзун намоянд.

Ин ҳам рамзу гувоҳи эҳтироми ҳамагонӣ ба аҳли таълиму тарбия аст, ки дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо Рӯзи омӯзгор муқаррар карда шудааст. Ба муносибати ин фархундарӯз омӯзгорони арҷманду воломақоми пойтахти кишвари маҳбубамонро самимона табрику таҳният мегӯям ва таманнои онро дорам, ки ҳамеша комёбу пешраву сарбаланд ва собитқадаму тансиҳат бошанд. Бигзор:

Фурӯзон бод умре бар сари мо

Чароғи илму ирфони муаллим!

 

Муҳаммадалӣ Азизӣ,

сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, доктори илмҳои педагогӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш