Нашрияи Омӯзгор

Дар ҳалқаи шогирдон

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 10        Шарҳ: 0

 

Омӯзгорӣ касби пуршараф асту омӯзгор дар ҷомеа ҳамеша соҳибэҳтиром.  Дар васфи омӯзгорону устодон шоирон  васфияҳои зиёде сурудаанд ва  нобиғагони олам ба заҳмати эшон баҳои баланд додаанд. Абармарди дунёи адаб Л. Н. Толстой дар бораи омӯзгори ҳақиқӣ чунин гуфтааст: “Ҳар омӯзгоре, ки касбашро дӯст медорад, омӯзгори хуб аст. Ҳар омӯзгоре, ки шогирдонашро дӯст медорад, низ омӯзгори бад нест. Вале омӯзгори ҳақиқиқӣ онест, ки ин ду навъ дӯстдориро ба ҳам тавъам кардааст”.  Ин хислатҳоро дар симои омӯзгори  гимназияи хусусии «Тоҷикистон» Сукач Валентина Анатолевна метавон мушоҳида кард.  Ин омӯзгори меҳрубон, вале дар айни ҳол сахтгир ҳар хонандаро мисли фарзанди хеш дӯст медораду тамоми ҳастиашро ба таълиму тарбия бахшидааст. Мавсуф кӯшиш менамояд, ки доираи  омӯзишу мутолиаи шогирдонаш васеъ гардида, дар маҳфилу чорабиниҳои фаннӣ фаъолона иштирок намоянд. Дарсҳояш ҳамеша рангину ҷолиб ва бо истифода аз васоити аёнию технологияи нави муосир мегузаранд ва шогирдонаш бо тайёрии ҷиддӣ ба дарсҳояш ҳозир мешаванд. Зинаи таҳсилоти ибтидоӣ заминагузори раванди омӯзиши минбаъдаи насли наврас ба ҳисоб меравад. Дар ин давра омӯзгор бояд кӯшиш намояд, ки ба ҳар як хонанда мустақилона кор кунад ва ҳар ҳарфу ҳиҷо омӯзонад, то ки онҳо ҳар чи зудтар хондану навиштанро ёд бигиранд. Ин амалро Сукач Валентина Анатолевна бо сари баланд иҷро мекунад. Аз ин рӯ, волидайни хонандагон  кӯшиш мекунанд, ки фарзандонашонро маҳз ин омӯзгор сабақ омӯзонад. Мавсуф дар байни ҷомеаи  омӯзгорони гимназия  соҳибэҳтиром аст ва   бо муносибати хубу меҳрубононааш дар дилу дидаи ҳамагон ҷой гирифтааст. Хонандагон низ   ӯро чун модар дӯст медоранд ва ҳар субҳ хушнудона истиқболаш мекунанд.

Ин муаллимаи фидоӣ  таҷрибаи зиёди омӯзгорӣ дошта, ҳастии хешро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст.  Дар раванди дарсҳояш аз методу усулҳои гуногун истифода мекунад. Дарвоқеъ, дарс гуфтан  дар синфҳои ибтидоӣ кори сангин аст ва дар ин марҳалаи омӯзиш омӯзгори соҳибтаҷриба вазифаи худро бо маҳорати баланд иҷро мекунад.

 Хонандагон ҳамеша атрофи  Сукач Валентина Анатолевна мисли парвона ҷамъ мегарданд, ки гумон мекунам, аз ин лаҳзаи  саодатмандтар барои омӯзгор нест ва  ҳар гоҳ ки хонандагон ӯро  «муаллима» гуфта садо мекунанд, худро хушбахттарин инсони рӯйи олам меҳисобад.  Шогирдоне, ки  муаллима ба онҳо сабақ додааст, дар чорабиниҳои фарҳангии мактаб иштироки фаъолона доранд. Омӯзгор бо дарсҳои ҷолибу рангини хеш дар маърифатманд кардани насли наврас минбаъд низ хидмати шоиста менамояд. Дар давраи фаъолияти хеш шогирдони зиёдеро тарбияву ба камол расондааст, ки мактабҳои олиро хатм намудаю дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳми босазо мегузоранд.

Ба омӯзгори варзидаву собитқадам Сукач Валентина Анатолевна комёбиҳои нав ба нав таманно дорем.

 

Н. Сангинзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш