Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиши осори маорифпарваронаи Пешвои миллат

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 66        Шарҳ: 0

 

Замони муосир бо дарназардошти авзои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии ҷомеаи ҷаҳонӣ ғояҳои навини дархӯри вазъро ба вуҷуд овард. Истиқлолияти воқеӣ ва комили давлатии кишварамон - Тоҷикистон барои эҷоди ғояҳои олӣ ҷиҳати ташаккул ва рушди ҷомеа шароитро фароҳам овард. Ва таърихи тамаддуни башарӣ ба исбот расондааст, ки танҳо шахсияти бузурги дорои тафаккури интеллектуалӣ метавонад ҳифзи Истиқлолияти давлатиро таъмин намуда, дар рушди он саҳмгузор бошад.

Дар тӯли 29 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди қавию муътамад ва саршор аз муҳаббату самимият ба халқу Ватани хеш, хиради азалӣ, ҷонбозиҳои бемислу монанд ва ниҳоят ҷасорату матонати вижа миллати тоҷикро аз варшикасти абадӣ раҳо бахшида, бо роҳкушоиҳои азиму омӯзанда ба саодату хушбахтӣ расонд.

Дар сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат соҳаи маорифи кишвар самти афзалиятнок эълон гардида, бо тақозои ниёзи ҷомеа барои насли худшиносу худогоҳ ва худҷӯй ҷиҳати тарбияти насли давронсоз аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми тадбирҳои судманд андешида шуда, марҳила ба марҳила татбиқ шуда истодаанд.

Бояд зикр кард, ки тарбия ва таълими наврасону ҷавонон дар ҳар давру замон аҳамияти бештару беҳтареро касб менамояд ва мусаллам аст, ки ин масъулияти азим ба дӯши муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон вогузор шудааст. Ин нукта дар дастуру ҳидоятҳои Сарвари кишвар ба маротиб таъкид гардидааст. Аз ҷумла:

“Дар тарбияи насли худогоҳу худшинос мактабу муаллим нақши муҳим доранд ва онҳо, воқеан, ганҷинаи маънавии халқамон ба ҳисоб мераванд”.

Бо дарназардошти аҳамияти ҳаётан муҳими ҳидоятҳои Пешвои миллат раёсати Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф пайи татбиқи онҳо нақшаю чорабиниҳо таҳия намуда, зина ба зина онро роҳандозӣ менамояд.

Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016 таъкид гардидааст:

“Ҷиҳати ташкили курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии муаллимон мунтазам чораҷӯӣ карда, доир ба вазъи корҳо дар ин самт ба Ҳукумати мамлакат ҳар сол гузориш диҳанд”.

Аз ин рӯ, дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф тайи солҳои охир ҷиҳати омӯзиши мукаммали дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар бахши маорифи кишвар аз руйи асарҳои пурмуҳтавои - “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Аз Ориён то Сомониён”, (иборат аз чаҳор китоб), 2002., Маориф омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат аст, «Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, 2007, “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Аз Ориён то Сомониён”, Душанбе, 2007, “Чеҳраҳои мондагор”, Душанбе, 2016, “Уфуқҳои истиқлол”, Душанбе, 2018 ва амсоли ин семинарҳои махсус ва мақсаднок бо иштироки васеи омӯзгорону кормандони донишкадаи мазкур ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос баргузор гардид.

 Дар семинарҳои зикршуда мазмун ва мундариҷаи осори Пешвои миллат роҷеъ ба тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи арзишҳои миллӣ шарҳу тавзеҳ ёфта, ҷиҳати роҳандозии онҳо дар ҳаёти воқеӣ тавсияҳои манфиатбахш дода мешавад. Тараққию шукуфоии ҳар як мамлакат аз пешрафти илму маориф вобастагии қавию ногусастанӣ дорад. Ба ин маънӣ, фаъолияти омӯзгор бояд ҳамеша дар пояи маърифатмандӣ сурат гирад, он гоҳ ҳувияти миллии насли оянда ҷилои тоза хоҳад гирифт. Аз ин лиҳоз, омӯзгори даврони навин бо тақозои замони дигаргуниҳои куллӣ дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт бояд тавре фаъолият намояд, ки шогирдон дар масъалаи аз бар намудани дастовардҳои муосири илмиву технологӣ ба мушкилот мувоҷеҳ нашаванд. Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки:

“Агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву неруманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд бошанд, дастовардҳои навини илму технологияҳои инноватсиониро аз худ намоянд”.

Ҳангоми омӯзиши дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат дар семинарҳои махсусу мақсаднок нуктаҳое баррасӣ мешаванд, ки дархӯри замони воқеианд. Ба ин мазмун, ки истифодаи эҷодкорона ва боҳадаф аз технологияҳои навин ба насли муосир имкон медиҳад, ки дар таҳсилот дастболо шаванд. Дар ин раванд вақти он фаро расидааст, ки баъд аз таҳсили муваффақона насли даврони ҷадид бояд ба ихтироъкориву эҷодкорӣ шуғл варзад ва маҳсулоти офаридаи ӯ дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир бошад. Он гоҳ насли ояндаи маърифатманд аз рисолати фарҳангии хеш бештар бархурдор гардида, дар дунёи ихтироот устуворона муқовимат карда метавонад ва ин мақсаду мароми ниҳоии давлат, оила, ҷомеа ва муассисаи таълимӣ ба шумор меравад.

Иқдоми дигари Пешвои миллат дар масири худшиносиву худогоҳӣ ва дарки арзишҳо ва ормонҳои миллӣ ҳар сол дар ҷумҳурӣ баргузор намудани ду озмун «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» мебошад, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Консепсияи миллии тарбия дар мамлакат заминаи боэътимодро ба вуҷуд меорад. Масъалаи мазкур дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2019) ба таври махсус таъкид гардид. Гузашта аз ин, дар Паём эълон гардидани рушди омӯзиши бовусъати фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ то соли 2040 далели он аст, ки ҷомеаи кунунии мо ба таълими босифати фанҳои мазкур дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ниёзи ҷиддӣ дорад.

Дар ин замина раёсати Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар соли равон чандин семинари махсусро бо иштироки омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ доир намуда, ҳалли масъалаҳои мубрамро дар ин самт мавриди баррасӣ қарор доданд. Айни замон кор дар ин ҷода муваффақона идома дорад.

«Танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро дарёбад».

Ин андешаи олии Сарвари кишвар дар семинари мақсаднок, ки дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф баргузор гардид, чунин тавзеҳ ёфтааст.

Таърих гувоҳ аст, ки илму дониш зербинои шаъну шуҳрат ва манзалати ҳар як миллат будааст. Маҳз дар заминаи илму дониш мутахассисони лоиқи давр ба камол расида, дар ҷомеаи мутамаддин ҷойгоҳи худро дармеёбанд. Ибораи «миллати босавод» беҳтарин сифати ҳар як миллату халқиятро таҷассум менамояд. Миллати босавод дунёро ба чашми хирад менигарад ва барои рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассутӣ арзишҳои олии хеш саҳми арзандаи худро пайваста мегузорад. Ва мусаллам аст, ки насли соҳибмаърифату донишманд пешбарандаю ҳифзкунандаи давлату миллати худ буда, аз омилҳои хатарзои ҷаҳони муосир дар амонанд.

Рисолати мо, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, аз он иборат аст, ки насли ояндасози кишварро дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат тарбият намуда, барои рушди ҳамаҷонибаи Ватани азизамон-Тоҷикистон саъю талоши хешро дареғ надорем.

 

Хоналӣ ҚУРБОНЗОДА,

ректори Донишкадаи такмили ихтисос

ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф,

доктори илмҳои таърих


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш