Нашрияи Омӯзгор

Пешвои миллат ва рушди маориф

Сана: 2020-10-02        Дида шуд: 88        Шарҳ: 0

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи дониш ва 70-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (соли 2015) таъкид доштанд, ки “тамоми фикру андешаи ман ҳамчун Сарвари давлат дар баробари таъмин намудани сулҳу оромии кишвар ба ҳалли масъалаҳои маориф ва дастгирии ин соҳаи барои ҷомеа ва давлат ниҳоят муҳим банд буд. Ва чунонки мушоҳида мекунед, ман ҳамаи имконияту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона карда, ба рушди ин соҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ диққати махсус медиҳам ва ин масъаларо ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати Давлат ва Ҳукумат бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо дастгирӣ менамоям".

   Воқеан ҳам, Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ соҳаи маорифро самти афзалиятнок эълон намуда, онро омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд. Ҳамчунин, Ҳукумати кишвар ба рушду инкишофи бемайлони ин соҳаи ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Аз ин ҷост, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар 7 соли охир (солҳои 2013-2020) таҳти роҳнамоию ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои маориф ва илм ба таври назаррас рушд ёфтанд.

Маблағузории соҳа

   Дар замони Истиқлоли давлатӣ маҳз бо дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар маблағгузорӣ ба соҳаи маориф мунтазам  афзоиш ёфт. Агар дар соли 2013 ба соҳаи маориф 2 миллиарду 130 миллиону 836 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2020 ба 5 миллиарду 4,6 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2013 2 миллиарду 873 миллиону 817 ҳазор (ё 1,3 маротиба) зиёд мебошад. Яъне, нишондиҳандаи маблағузории соҳаи маориф дар соли 2020 нисбат ба ММД 5,7 фоиз ва нисбат ба хароҷотӣ буҷети давлатӣ 19 фоизро ташкил медиҳад. Яке аз ислоҳоти самарабахш дар ин самт ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ (меъёрӣ) дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад. Вобаста ба маблағгузории сарикасӣ мустақилияти молиявии мактабҳо бештар гардида, иштироки ҷомеа дар идоракунии мактаб таъмин гардид. Акнун мактаб мустақилона самти афзалиятноки истифодабарии маблағҳоро муайян намуда, имконият пайдо мекунад, ки онҳоро самаранок истифода барад.

Таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ

   Дар соҳаи маориф зинаи таҳсилоти томактабию умумӣ ҳамчун зинаи асосӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Аз ин рӯ, дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар 7 соли охир кӯшишҳо ба дигаргунсозии мазмуну моҳияти таълим, ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот ва шаклгирии мактаби миллӣ зиёд гардида, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд. Ин санадҳо фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумиро танзим намуда, дар ҳамоҳангсозии муносибатҳои субъектҳои раванди таълим, фароҳам овардани шароити мусоиди донишандӯзии хонандагон, истифодаи усулҳои ҳамкорӣ дар таълим ва технологияи инноватсионӣ, таҳкими заминаи моддӣ-техникӣ ва дар маҷмӯъ, ба баланд бардоштани сифати таҳсилот мусоидат намуданд. Аз ҷумла, дар зинаи таҳсилоти томактабӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти томактабӣ», Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ, Низомномаи намунавии муассисаҳои томактабӣ таҳия ва қабул карда шуданд. Инчунин, дастурҳои таълимию методии таҳия гардида фазои холигии муассисаҳои томактабиро пур намуданд. 

   Имрӯз шумораи кӯдакистонҳо дар ҷумҳурӣ аз 527 адади соли 2013 ба 662 адад расидааст, ки 135 кӯдакистон зиёд мебошад. Шумораи кӯдакон дар онҳо аз 80442 нафари соли 2013 ба 102175 нафар расид, ки 21733 кӯдак зиёд мебошад. 

   Дар ин миён, бо мақсади бештар фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ шакли алтернативӣ - марказҳои инкишофи кӯдак таъсис ёфт ва шумораи ин марказҳо агар дар соли 2013 1031 ададро ташкил медод, теъдоди он имрӯз ба 1771 расидааст. Фарогирии кӯдакон ба марказҳо дар соли 2013 25616 нафарро ташкил дода бошад, ин нишондод имрӯз ба 49721 нафар расид, ки 740 марказ ва 20105 кӯдак зиёд мебошад. 

  Ҳамзамон, бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014) қабул гардид, ки самтҳои асосии рушд ва тадбирҳои дастгирии давлатии рушди соҳибкории хусусиро дар самти ташаккул ва рушди муассисаҳои томактабии хусусӣ муаяйн менамояд. Агар дар ҷумҳурӣ соли 2015 48 кӯдакистони хусусӣ бо фарогирии 3548 нафар кӯдак фаъолият менамуд, имрӯз теъдоди муассисаҳои томактабии хусусӣ ва марказҳои хусусии инкишофи кӯдак 168 ададро ташкил дода, дар онҳо 9234 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.

   Илова бар ин, бори аввал дар зинаи таҳсилоти томактабӣ силсилаи филмҳои омӯзишии аниматсионӣ барои кӯдакони синни томактабӣ  сабт гардиданд. Айни замон 50 серияи филми аниматсионӣ (ҳар як филм то 15 дақиқа) бо номи “Сандуқчаи зулбиё” сабт ва дастраси тамоми муассисаҳои томактабӣ гардонида шуд, инчунин, тавассути телевизиони кӯдакону наврасон – “Баҳористон” пешниҳоди наврасон гардида истодааст. 

   Агар дар соли 2013 дар ҷумҳурӣ 3836 муассиса бо фарогирии 1 713 742 хонанда фаъолият мекард, пас, имрӯз дар кишвар 3893 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 2 035 158 хонанда фаъолият мекунад, ки дар он 124 593 омӯзгор, аз ҷумла, 74046 нафар зан ба таълиму тарбия машғуланд.  

   Дар зинаи таҳсилоти умумӣ, дар ин давра ҷиҳати мустаҳкам гардонидани базаи моддиву техникӣ ва таъмин намудан бо технологияи муосир “Барномаи давлатии татбиқи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки тибқи барномаи мазкур омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ аз синфи 5 пешбинӣ шудааст. 

  Агар соли 2014 муассисаҳои таълимӣ бо 48125 компютер ва 8008 принтер таъмин буданд, имрӯз бошад, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  66780 адад компютер ва 10778 принтер, инчунин, 3046 тахтаи электронӣ мавриди истифода қарор доранд.  

  “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” низ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд, ки ба фарқ аз барномаи пешина дар баробари кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо, инчунин, таъмини кабинетҳои суруд ва мусиқии муассисаҳои таълимӣ бо асбобҳои мусиқиро низ дар бар мегирад.

   Қабули барномаи мазкур ба омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ, фароҳам овардани шароит барои тадрис бо усулҳои муосир, тарбияи эстетикии хонандагон ва баланд гардидани сифати таҳсилот мусоидат менамояд.

   Баҳри таҳким бахшидани мундариҷаи таҳсилот, шурӯъ аз соли  2016 гузариш ба муносибати нави таълимӣ – муносибати босалоҳият ба таълим оғоз гардида, маводи зарурӣ (стандарт, барнома, замима ба китобҳои дарсӣ ва роҳнамои омӯзгор) омода карда шуда, омӯзгорони ҳамаи фанҳои таълимӣ аз курсҳои омӯзиши муносибати босалоҳият ба таълим гузаронида шуданд.

  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди истеъдодҳои кишвар заминаи мусоид ба вуҷуд овард. Бунёд ва ба истифода додани муассисаҳои таълимии типи нав ва ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯй самараи неки даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, ба хонандагон ҷиҳати аз худ намудани илмҳои пешрафта ва технологияи навин мусоидат намуда, аз таваҷҷуҳи хосаи Президенти кишвар дарак медиҳад.

   Қабули “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020” дар ин маврид такони ҷиддие дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ташкил карда шуд. Бо таъсис ёфтани марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ ташкил гардида, марказҳои мазкур барои дарёфти хонандагони лаёқатманд ва омода намудани онҳо ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, алалхусус, дар мактабҳои Президентӣ, гимназия ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат корҳои назаррасро ба сомон расониданд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ 72 маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо 650 маҳфили фаннӣ ташкил шуда, дар онҳо 9610 нафар хонанда фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, дар ин муддат таваҷҷуҳ ба рушди ҳаракати олимпӣ низ зиёд гардид. 

   Агар то соли 2012 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ як  олимпиадаи фаннӣ - олимпиадаи фанни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо иштироки 943 нафар хонанда доир гардида бошад, пас, имрӯз дар ҷумҳурӣ 21 озмун ва олимпиада – олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, олимпиада аз фанни математика ба номи Умари Хайём, олимпиада аз  фанни технологияи иттилотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ, олимпиада аз  фанни физика (астрономия) ба номи Абӯрайҳони Берунӣ, олимпиада аз фанни химия ба номи Закариёи Розӣ, олимпиада аз фанни биология ба номи Абӯалӣ Сино, олимпиада аз фанни география ба номи Носири Хусрав, олимпиада аз фанни  ҳуқуқ ба номи Куруши Кабир, олимпиада аз фанни таърих ба номи Бобоҷон Ғафуров, олимпиада аз фанҳои  забон ва адабиёти тоҷик ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, олимпиада аз фанни  забони русӣ ба номи Александр Пушкин, олимпиада аз фанни забони англисӣ ба номи Уилям Шекспир, олимпиадаи даставии хонандагони мактабҳои Президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат аз фанҳои табиӣ-риёзӣ, олимпиадаи даставии хонандагони мактабҳои Президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, олимпиадаи даставӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ (барои синфҳои 9-10), олимпиадаи даставӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (барои синфҳои 9-10), олимпиадаи фаннӣ барои наврасон (барои синфҳои 5-8), олимпиадаи лоиҳавӣ-ихтироъкорӣ «INTEX», олимпиадаи «Spelling Bee», олимпиада оид ба шоҳмот байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва озмуни «Хонандаи сол» ташкил карда шудааст.

  Ҳадаф аз ин тадбирҳо ҷалби хонандагони болаёқат, ихтироъкор ва боистеъдод ҷиҳати аз худ кардани дастовардҳои навтарини илмию техникӣ, ба таври фарогир омӯхтани фанҳои алоҳида, пурра ошноӣ пайдо кардан ба технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, ихтироъкорӣ, инчунин, омодагӣ ба озмун ва олимпиадаҳои байналмилалӣ ва вусъат бахшидан ба ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

  Шоистаи таъкид аст, ки хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ ширкат кардаву Парчами кишварамонро баланд мебардоранд. Солҳои 2013-2020 хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалию ҷаҳоние, ки дар Федератсияи Россия, Қазоқистон, Туркия, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Беларус, Ҳолланд, Ҳиндустон, Индонезия, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Руминия, Булғория, Кореяи Ҷанубӣ, Ветнам, Тайланд, Дания, Африқои Ҷанубӣ, Куба, Аргентина, Бразилия, Молдова, Латвия, Ӯзбекистон, Малайзия, Франсия, Англия, Маҷористон, Ҷопон, Словакия ва Чехия баргузор шудаанд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 1216 ҷойи ифтихорӣ (248 ҷойи якум, 366 ҷойи дуюм ва 602 ҷойи сеюм) гардиданд.

   Агар дар ҷумҳурӣ то соли 2009 як муассисаи таълимии Президентӣ фаъолият менамуд, дар соли 2020 ин шумора ба 9 адад расид, хонандагони ин навъи муассисаҳо дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ 60,1 % ҷойҳои ифтихориро ба даст овардаанд. 
 

Таҳсилоти миёнаи касбӣ

   Дар марҳилаи пешрафти ҷомеаи башарӣ ва талабот ба кадрҳои баландихтисос диққати роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, Сарвари маорифпарвару хирадманди он ба соҳаи касбӣ равона карда шуда, барои рушди соҳаи мазкур шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.  

   Дастоварди наҷибе, ки дар самти таҳсилоти миёнаи касбӣ дар ин давра рӯйи даст омад, ин ба тасвиб расидани сохтор ва мақоми муассисаҳои таълимӣ «Дар бораи иваз намудани номи техникум ва омӯзишгоҳҳо ба коллеҷҳо» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.11.2012, №630) мебошад. 

   Бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таъсис додани муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ва соҳибмаълумот намудани ҷавононе, ки рағбат ба гирифтани маълумоти касбӣ доранд, дар солҳои охир натиҷаҳои дилхоҳ рӯйи кор омад. Маҳз ҳамин омил боис шуд, ки дар солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимии касбии ғайридавлатӣ ба 19 адад расида, теъдоди зиёди ҷавононро ба таҳсил фаро гирифтанд ва имрӯз ин муассисаҳо аз рӯйи 5 самт - тиббӣ, омӯзгорӣ, техникӣ, технологӣ ва фарҳанг мутахассисонро тайёр менамоянд.  

   Бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат ва талаботи имрӯзи ҷомеаи Тоҷикистон ва бо дарназардошти таъмини амнияти миллӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб ва коллеҷи техникӣ – оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар ноҳияи Данғара таъсис дода шуд. 

   Бо назардошти эҳё  намудани ҳунарҳои мардумӣ ва санъати ороиши амалии халқи тоҷик, бо дастуру Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, ки соли 2009 ташкил гардид, айни замон аз рӯйи 11 ихтисос мутахассисонро омода менамояд, ки нисбат ба соли 2013 7 ихтисос зиёд аст. 

   Дар ҷумҳурӣ 75 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият менамояд, ки нисбат ба соли 2013  26 адад зиёд аст ва аз рӯи 166 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд.  Теъдоди умумии донишҷӯён муассисаҳои номбурда  87736 нафарро ташкил медиҳад. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 6578 нафар омӯзгор (соли 2013- 4021 нафар) фаъолият карда истодаанд, ки аз ин теъдод 125 нафарашон номзад ва доктори илм мебошанд.

  Заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ низ рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Алҳол, дар ин зинаи таҳсилот 4260 адад компютер мавҷуд буда, синфхонаҳои таълимӣ бо 262 адад тахтаи электронӣ, 373 адад проектор ҷиҳозонида шуда, 24 кабинети лингофонӣ ва 10 ҳуҷраи озмоишӣ бо таҷҳизоти барқӣ фаъолият доранд. 

  Гузариш ба низоми кредитии таҳсилот тақозои замон ва талаботи соҳаи таълиму тарбияи ҷаҳони имрӯза аст. Аз оғози соли таҳсили 2013-2014 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба таври заминавӣ (пилотӣ) гузаштани як ё ду ихтисосро ба низоми кредитии таҳсил таъмин намуданд. Алҳол, муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба ин низоми таҳсил пурра гузаронида шуданд. 

  Баъд аз таъсиси Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» зарурати таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ бо мутахассисони соҳавии дорои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба миён омад. Аз ин рӯ, литсейи касбии саноати кишоварзии ба номи Ютако Акинои назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ба коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара табдил дода шуд, ки мутахассисонро дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омода менамояд. 

  Қобили зикр аст, ки биноҳои таълимии аксари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз солҳои 1930-1940 асри гузашта сохта шуда, кӯҳнаю фарсуда гардида буанд. Бо дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биноҳои таълимии коллеҷи омӯзгории ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт, коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар, коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи К. Қурбонови шаҳри Кӯлоб бо тарҳи наву замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, чанде қабл бинои коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ба истифода дода шуда, сохтмони коллеҷи муҳандисӣ – техникии ноҳияи Нуробод ва коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан идома дорад, ки дар доираи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегиранд.
 

Таҳсилоти олии касбӣ

   Дар ин давра соҳаи таҳсилоти олии касбӣ рушди тозаи худро ёфт. Дар соли таҳсили 2012-2013 дар ҷуҳурӣ 38  муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият менамуд, ки дар онҳо 151003 нафар донишҷӯ аз рӯи 286 ихтисос таҳсил менамуданд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 40 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии зиёда аз 210 ҳазор донишҷӯ фаъолият доранд.

   Маҳз бо дастгирии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ таъсис дода шуд, ки аз иқдомҳои некбинонаи Сарвари давлат мебошад. Ҳамзамон, дар ин муддат бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави таълимии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара,  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ,  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ,  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки аз дастовардҳои муҳим ба шумор мераванд. Ҳамзамон, сохтмони бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо маром идома дорад. 

   Тайи ин солҳо таҳия ва  мавриди қабул қарор ёфтани ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ яке аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Гузашта аз ин, ҷиҳати иҷрои дастуру супориши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади ташкили раванди таълим дар шароити низоми таҳсилоти фосилавӣ ва гузариши пурраи шакли таҳсили ғоибона ба ин низом корҳои назаррас низ ба сомон расонида шуд.

   Аз ҷумла, Низомномаи таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 29 майи соли  2017, №7/35) тасдиқ карда шуд. Инчунин, барои татбиқи низоми технологияи таҳсили фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати таҳияи нақшаҳои таълимии таҳсилоти фосилавӣ оид ба ҳар як ихтисос, таъмини пурраи раванди таълим бо маводи таълимию методӣ ва воситаҳои таълими фосилавӣ, таҳияи барномаи ягонаи идоракунии раванди таҳсилоти фосилавӣ, таъсиси маркази таҳсилоти фосилавӣ, таъсиси сомонаи интернетии таҳсилоти фосилавӣ дар сомонаи муассисаҳо чораҳои судманд амалӣ гардида, харидорӣ ва насби портали таҳсилоти фосилавӣ ҷорӣ гардид.

   Бо мақсади ташкили ҷараёни таълим дар шароити низоми таҳсилоти фосилавӣ ва гузариши пурраи шакли таҳсили ғоибона ба ин низом, шурӯъ аз соли таҳсили 2017-2018 бо ҷалби ширкати «Ватан-ИТК», мутахассисони соҳаи IT-технологияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе Барномаи ягонаи идоракунии раванди таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мавриди озмоиш ва такмил қарор гирифт, ки айни замон пурра фаъолият менамояд.

   Гузашта аз ин, барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Стандарти давлатии таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари зинаи таҳсилоти олии касбӣ  таҳия ва тасдиқ гардиданд.

   Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ корҳои зиёде, аз қабили таҷдиди назар кардани мазмуну мундариҷаи таълим, муайян намудани самтҳои афзалиятноки илмӣ, созмони технопаркҳо, таъсиси корхонаҳои хурди илмиву истеҳсолӣ, такмили ихтисоси кормандон ва устодон, ривоҷу равнақ додани робитаҳои байналмилалӣ дар асоси табодули донишҷӯён, кормандони илмӣ ва омӯзгорон ва ғайра ба анҷом расонида шудааст.

   Яке аз дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тайи чанд соли охир гузариш ба низоми кредитии таълим мебошад. Айни замон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ пурра ба низоми кредитии таҳсилот гузаштаанд. 

   Дастоварди муҳими дигар, ин ташкили Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳамасола довталабон аз тариқи имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул карда мешаванд.

   Гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ ҳамқадами замон буда, мутобиқ намудани нуфузи муассисаи таълимӣ ва мавқеъ пайдо намудан дар феҳристи муассисаҳои таълимии сатҳи байналмилалӣ эътирофшуда мебошад. Дар ин раванд, Донишгоҳи далатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таълимӣ имкон пайдо намуданд, ки аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаранд ва соҳиби сертификат ва шаҳодатнома гарданд.    


Илм ва инноватсия 

   Имрӯзҳо сиёсати давлатӣ ба рушди илму технология, фаъолияти инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани навгониҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишварамон нигаронида шудааст. Фаъолияти илмию инноватсионӣ тибқи талаботи ҷаҳони муосир ба роҳ монда шуда, як қатор комёбиҳои назаррас рӯйи даст омаданд. 

   Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 19 ноябри соли 2013, №12 ) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Тибқи тағйироти мазкур вазифаҳои пешбурди сиёсати илм ба зиммаи Вазорати маориф ва илм вогузор шудааст.

   Дар ин самт низ таҳия ва қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2020” аз 30 майи соли 2015, №354, “Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, “Барномаи рушди неру ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020», ”Барномаи илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020” аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.

   Гузашта аз ин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2014 Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис ёфт ва баъд аз тасдиқи Низомномаи муассисаи мазкур ибтидо аз сентябри соли 2015 бори аввал дар таърихи ҷумҳурӣ қабул ба докторантура аз рӯи ихтисос шурӯъ гардид. 

   Ҳамчунин, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷудо кардани грантҳои хурд ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва кашфиёту ихтироъкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Низомномаи посдокторантура” тасдиқ гардид.

  Дар солҳои 2013-2020, ҳамчунин, амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Парки технологӣ” вусъат ёфта, дар 13 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ паркҳои технологӣ таъсис дода шуданд.

  Дар солҳои охир ба тарбияи кадрҳои илмию педагогӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Аз ҷумла, дар соли таҳсили 2019-2020 дар ҷумҳурӣ 18 шӯрои диссертатсонӣ, ки дар Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба қайд гирифта шудаанд, амал мекунад ва дар онҳо наздики 180 нафар рисоли илмии худро дифоъ кардаанд, ки аз ин 20 рисолаи докторӣ ва 159 рисолаи номзадӣ мебошад. 

  Айни замон дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ 58 Шӯрои диссертатсионӣ, ки дар назди Комиссияи олии аттестатсионӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, аз рӯи 160 ихтисос фаъолият менамоянд. Дар шӯроҳои мазкур то имрӯз наздики 300 нафар рисолаҳои илмии худро дифоъ намудаанд. Аз шумораи мазкур 22 нафар рисолаи докторӣ, 2 нафар докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) ва боқӣ рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд.

  Тибқи ҳисоботи оморӣ дар соли хониши 2019-2020 шумораи умумии магистрантон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ 6737 ва докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) 1176 нафарро ташкил медиҳанд, ки 40% онҳо дар бахши илмҳои дақиқ, техникию технологӣ ва инноватсионӣ ба таҳсил ва илмомӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Айни замон дар ҷумҳурӣ 4121 нафар кадри илмӣ фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 728 нафар доктори илм ва 3393 нафар номзади илм мебошанд. 
 

Таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсию бадеӣ ва илмию методӣ

   Яке аз самтҳои афзалиятнок таҳия, нашр ва таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ мебошад.

   Таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ давоми солҳои 2013 то нимсолаи аввали соли 2020 нишон дод, ки дар ин давра 311 номгӯй китоби дарсӣ барои тамоми зинаи таҳсилот (барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна касбӣ ва олии касбӣ) ба миқдори 20 миллиону 756 ҳазору 961 нусха, 180 номгӯй маводи таълимӣ ба миқдори 1 миллиону 901 ҳазору 442 нусха чоп ва дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шудааст. Ҳамзамон, дар ин давра аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 529 номгӯй китоби бадеӣ ба теъдоди 992 ҳазору 915 нусха нашр, инчунин, қисман аз муассисаҳои нашриявии «Маориф» ва «Адиб» харидорӣ шуда, ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шудааст. 

   Давоми ин солҳо дар доираи ҳамкориҳо бо ҳамкории шарикони рушд низ теъдоди зиёди китобҳои бадеӣ ба миқдори 2 миллиону 486 ҳазору 600 нусха нашр ва ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ройгон дастрас гардонида шудааст.

   Айни замон дар доираи нақшаҳои «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» нашрҳои сеюм ва чоруми китобҳои дарсӣ бо назардошти ислоҳоти соҳаи маориф, хусусан, татбиқи принсипи муносибати босалоҳият ба таълим аз нигоҳи мазмун ва мундариҷа такмил ва бознигарӣ шуда истодаанд. Афзалияти стандарту барнома ва китобҳои дарсии бо назардошти муносибати босалоҳият ба таълим таҳияшуда дар он зоҳир мешавад, ки он имконият медиҳад, то дар баробари донишҳои назариявӣ, маҳорату малакаи хонанда низ рушд ёбад. Дар баробари таҳия ва таҷдид намудани мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ ба он нукта таваҷҷуҳ зоҳир мешавад, ки хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар дар рӯҳияи худогоҳиву шинохти асолати миллӣ ва гузаштаи пурҳикмату наҷиби таърихӣ ба камол расанд.


Сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимӣ

   Табиист, ки бо дарназардошти торафт беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва суръати афзоиши аҳолии кишвар пайваста зарурати азнавсозии мактабҳои мавҷуда ва сохтмони муассисаҳои таълимии нав, хусусан, дар деҳаву шаҳракҳои навбунёд ба миён меояд. Агар дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 2500 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимӣ сохта ба истифода дода шуда бошад, пас аз ин теъдод 1444 иншооти соҳаи маориф аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар солҳои 2013-2020 сохта ба истифода дода шудааст, ки барои 279622 ҷойи нишаст мебошад. 

   Аз ҷумла, дар ин муддат (солҳои 2013-2020) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 630 иншоот барои 147531 ҷойи нишаст, аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 166 иншоот барои 38425 ҷойи нишаст, аз ҳисоби соҳибкорон ва бо тариқи ҳашар 648 иншоот барои 93666 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст.


Робитаҳои байналмилалӣ

   Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти соҳа ин дар асоси созишномаҳои дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ тибқи бурсия ба хориҷи кишвар ба таҳсил фиристодани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 

  Ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва кишварҳои хориҷӣ дар асоси беш 120 созишномаи ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаи маориф, илм ва техника ва 83 созишномаи ҳамкории байниидоравӣ ба роҳ монда шуда, айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии 40 кишвари хориҷӣ 30448 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои барои иқтисодиёти  миллии кишвар зарур ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. 

  Ҳамзамон, аз ҳисоби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» беш аз 230 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба хориҷи кишвар аз рӯи ихтисосҳои ба иқтисодиёти мамлакат зарур фиристода шудааст. Ҳоло шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми кишварҳои пешрафтаи олам тибқи бурсия ва стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон –  «Дурахшандагон» таҳсили илм менамоянд.

  Бо иншои чанде аз дастоварду нишон додани оморҳои зиёд, ки “муште аз хирвор”-и соҳа аст, иктифо мекунем. Танҳо ин нуктаро ҳам бори дигар таъкид месозем, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок ва калидӣ эълон гардида, дар натиҷаи таваҷҷуҳу ғамхориҳо сол аз сол сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар ҷумҳурӣ зиёд гардида, сифати таълим рӯ ба беҳбудӣ овард ва илму маърифат боло рафт. Ва афзалиятнок, калидӣ ва омили амнияти миллӣ номбар шудани маориф аз нигоҳи Роҳбари давлат дар замони имрӯза ҳар яки моро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои худ боз ҳам масъулияти бештар эҳсос намоем. Чунин баҳогузорӣ далели он аст, ки маориф ва илм ҳақиқатан дар ташаккули ҳаёти ҷомеа ва истиқлолияти кишвар нақши муҳим мебозад. 

Эҳсон САФАРЗОДА-

сардори Маркази матбуоти 

Вазорати маориф ва илми 

Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш