Нашрияи Омӯзгор

Пешвои миллат ва рушди илм

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 56        Шарҳ: 0

 

Истиқлоли давлатӣ ба рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ мусоидат намуд ва дар ин замина корҳои зиёди арзишманду мондагор анҷом пазируфтанд. Аз ҷумла, илмҳои мафкурасозу ҳувиятсоз низ рушду такомул ёфтанд ва имрӯз бештар мавзӯъҳое мавриди пажӯҳишу омӯзиш қарор мегиранд, ки ба худшиносу худогоҳ гардидани аҳли ҷомеа, хусусан, насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунанд.

Дар ин пажӯҳишҳо саҳифаҳои норӯшани таърихи халқамон бо диди илмӣ баррасӣ мегарданд ва дар ин ҷода  саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як китоби нав (зери назари академики Академияи имлҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз) бо номи «Саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илмҳои филологӣ» (-Душанбе-2020. – 266 саҳ.) ба нашр расид, ки мураттиб ва муаллифи пешгуфтори он доктори илмҳои филологӣ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ мебошад.

Дар пешгуфтори китоб Сироҷиддини Эмомалӣ вобаста ба рушди илмҳои филологӣ дар замони соҳибистиқлолӣ маълумоти мухтасар ироа карда, аз ташаббусҳои беназири Пешвои миллат дар ин самт ёдовар шудааст.

Шоистаи таъкид аст, ки маҳз бо талошу пайкорҳои мунтазами Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургдошти фарзонафарзандони миллат, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, эҳёи суннатҳову ҷашнҳои миллӣ дар мамлакат амалӣ гардиданд. Таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди илмҳои филологӣ такони ҷиддӣ бахшид ва бо ин мақсад дар назди якчанд мактаби олии кишвар шӯроҳои диссертатсионӣ ба фаъолият оғоз карданд.  Албатта, ташаббусҳои наҷиби Сарвари  давлат барои боз ҳам  вусъат ёфтани илмҳои мафкурасоз, ба забони илм табдил гардидани забони тоҷикӣ ва муаррифии илми кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар китоби мазкур  беш аз 20 мақолаи олимону донишмандон ва пажӯҳишгарон гирд оварда шудааст. Масъалаи умдаи бахши илмҳои филологӣ дар мақолаҳои «Симои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти тоҷик», «Раҳкушову раҳнамо», “Зинатафзои даврони нави Тоҷикистон», «Баҳси нахустшоирони порсигӯ дар китоби «Забони миллат-ҳастии миллат», “Тараннуми ваҳдат дар ашъори шоирони даврони истиқлолият», «Пажӯҳиши таърихи афкори забоншиносии тоҷик дар давраи истиқлол», «Пешвои миллат – эҳёгари ҷашнҳои бостонӣ», «Пешвои миллат ва сиёсати забон дар Тоҷикистон», «Дар мактаби худшиносии Пешвои миллат» ва ғайра  таҷассуми худро ёфтаанд.

Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар мақолаи пурмуҳтавои хеш «Симои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти тоҷик»ба таври фарогир ашъори шоирони муосирро дар тасвири симои Пешвои миллат мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор додааст. Ба таъкиди мавсуф, «Назми васфӣ доир ба шахсияти Эмомалӣ Раҳмон асосан аз рӯзҳои аввали Иҷлосияи таърихии XVI –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида бошад ҳам, шакл-гирии он аз замони ба имзо расидани сулҳи тоҷикон дар шаҳри Маскав, яъне соли 1997 вусъати тоза касб намудааст”. Воқеан, баъди имзои созишномаи тақдирсоз, аксари шоирон ашъори ватандӯстонаи меҳрбору самимии худро эҷод карданд, ки аз як тараф, симои Пешвои миллатро таҷассум намоянд, аз ҷониби дигар, бозгӯи воқеияти замон мебошанд. Дар ин радиф  ғазали устод Лоиқ Шералӣ аз нахустин таълифотест, ки ба сулҳи сартосарӣ ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ расидани мардуми тоҷикро ситоиш мекунад:

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури Ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад...

Ба таъбири А. Раҳмонзода, “Ин ғазал намунаи волои ғазали шукрона буда, барои эҳёи суннатҳои устувори адабӣ таъсири вофир гузошт”.

Муаллиф дар мақолаи мазкур шеърҳои дар ин замина эҷодшударо аз эҷодиёти  шоирони шинохта Муъмин Қаноат, Меҳмон Бахтӣ, Бозор Собир, Гулназар, Камол Насрулло, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Ҳақназар Ғоиб... мавриди таҳлил қарор дода, ба маҳорату ҳунари шоирии онҳо баҳои баланд додааст.  Мавсуф,  ҳамчунин, шеърҳои дар ин ин мавзӯъ эҷодшударо радабандӣ кардааст: “Дар ин силсилаи шеърҳо аҳаммияти се масъала бештар дар мадди назари адибон қарор гирифтааст. Аввалан, ба эътидол омадани вазъи сиёсии кишвар ва паси сар намудани буҳрони сиёсие, ки дар мамлакат пеш омада буд. Сониян, ба сари қудрат омадани ҷавоне, ки мехост ба Ватанаш танҳо сулҳу ваҳдат оварад ва халқашро аз вартаи парокандагӣ ва шубҳаву гумон наҷот бахшад. Сеюм, аҳаммияти сулҳ барои ба эътидол овардани ҷомеа ва роҳ кушодан ба сӯйи тараққиёт дар мамлакат. Дар доираи ин мавзӯъҳо шоирони тоҷик кӯшиш намуданд, ки масъалаҳои таъмини ваҳдати миллӣ ва устувор намудани сулҳу суботро дар кишварро бештар таҷассум намоянд”.

Академик Муҳаммадюсуф Имомзода ва дотсент Муртазо Зайниддинзода дар мақолаи “Раҳкушову раҳнамо” вобаста ба хидматҳои мондагори Пешвои миллат дар таъмини сулҳу ваҳдат дар кишвар,  рушди соҳаи маориф дар замони истиқлол, масъалаҳои худшиносиву худогоҳии миллӣ ва баланд гардидани обрӯю нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ бо далелҳои дақиқи илмӣ сухан ронда, бо овардани гуфтаҳои донишмандон ва арбобони сиёсии ҷаҳон андешаҳои худро тақвият бахшидаанд.

Профессор Муҳаммаддовуд Саломиён дар мақолаи “Зинатафзои даврони нави Тоҷикистон” руҷӯи таърихие ба хидматҳои Пешвои миллат дар барқарории сулҳу ваҳдат дар кишвар намуда, таъкид кардаааст: “Мактаби таҷрибаи сиёсии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самтҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, хоса, хидматҳои боровари ӯ дар инкишофу такмили ваҳдату сулҳ сазовори омӯзиш ва раҳнамои зиндагии имрӯзиёну фардоиёни миллати тоҷик ва аҳли башар аст”.

Дар китоби мазкур, ҳамчу-нин, мақолаҳои одимону донишмандони кишвар Мукаррама Қосимова, Аламхон Кӯчаров, Муҳриддин Низомӣ, Давлатбек Хоҷаев, Равшан Раҳмонӣ, Мисбоҳиддин Нарзиқул, Мирзо Солеҳов... ҷой дода шудааст, ки дар онҳо фаъолияту хидматҳои мондагори Пешвои миллат дар рушди илмҳои филологӣ инъикос гардидаанд.

Китоби “Саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илмҳои филологӣ” ҳамчун дастури раҳнамо барои муҳаққиқони соҳа ва доираи васеи аҳли илму адаб судманд буда, хидматҳои шоистаи Сарвари давлатро бо диди амиқ ва пажӯҳиши тоза баррасӣ намудааст.

Н. ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш