Нашрияи Омӯзгор

Сарфакорӣ аз гӯшаи фарҳангу маърифат аст

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 141        Шарҳ: 0

Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии кишвар ба таҳлили амиқи вазъи имсолаи обиву энергетикӣ иртибот дошта, ба мардум тавзеҳ медиҳад, ки бо сабаби тағйирёбии иқлими сайёра, кам гардидани сатҳи оби дарёҳо таъсири он ба кишвари мо низ расидааст ва душворию монеаҳои мушаххасро ба миён овардааст.

Захираи барф дар баландкӯҳҳои болооби дарёҳо кам ва ҳоло дар дарёи Вахш, ки рудхонаи асосии истеҳсоли неруи барқ дар кишвар ба шумор меравад, сатҳи об поин гардида, резиши об ба обанбори “Норак” кам шудааст. Ин ҳамон ҳушдору огоҳсозии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳанӯз дар солҳои навадуми асри гузашта аз минбари баланди СММ аз оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим ва проблемаҳои марбут ба об ба ҷомеаи башарӣ таъкид карда буданд. Оқибатҳои тағйирёбиву бесобиқаи иқлими сайёра танҳо мушкилоти Тоҷикистон нест ва ҳамарӯза шоҳидем, ки дар баробари камобшавии дарёҳову рудхонаҳо, сӯхтори ҷангалзорҳову обхезиҳои зиёд ба марги одамон низ сабаб гашта истодааст. Дар ҳақиқат, агар ҷомеаи башарӣ вобаста ба ин масъала ба хулосаи амиқ наояд, оқибатҳои ин раванд барои инсоният боз ҳам ногувору даҳшатнок хоҳад буд.

Мардуми шарафманди кишварамон огаҳанд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи энергетика хеле рушд ёфта, истиқлолияти энергетикӣ ҳамчун ҳадафи муҳими стратегӣ эълон гардид. Ба кор даровардани неругоҳҳои барқи обӣ, ба истифода додани маркази муҳташами барқу гармидиҳӣ, беҳдошти инфрасохтори энергетикӣ, ворид намудани технологияи муосир дар истеҳсолот ва интиқоли неруи барқ аз ҷумлаи иқдомҳоест, ки дар ин замина амалӣ гардидаанд.

Ба истифода додани ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» воқеаи фараҳбахши таърихӣ барои халқи тоҷик буда, далели равшани ба ин самт таваҷҷуҳи амиқ доштани Роҳбарияти Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Воқеан ҳам, дар ҳолати пурра ба истифода додани 6 агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар солҳои камобӣ ба миён омадани масъалаи норасоии неруи барқ аз байн меравад ва ҳам қисмате аз кишварҳои минтақа бо об таъмин мегарданд. Чунки обанбори Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун бузургтарин иншооти минтақа бо дарназардошти манфиати ҳамаҷонибаву таъйиноти танзими бисёрсола бунёд гардида истодааст. Дар баробари ин, то имрӯз дар кишварамон ҳудуди 40 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар самти рушди соҳаи энергетика амалӣ гардида, шиддати норасоии неруи барқро ба маротиб коҳиш додааст. Натиҷаҳо дар ин самт назаррасанд ва тибқи маълумоти оморӣ, соли 2019-ум истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ 20 млрд 676,2 млн кВт. соатро ташкил додааст, ки ин нисбат ба соли 2018-ум 934,5 млн. кВт зиёд аст. Яъне, истеҳсоли неруи барқ бо дарназардошти зиёд шудани шумораи аҳоливу теъдоди корхонаҳои саноатӣ сол ба сол меафзояд. Ҳоло бошад, моро зарур аст, ки захираҳои мавҷударо самаранок истифода намоем.

Солҳое, ки мушкилоти таъмини барқ аҳолиро домангир буд ва баъзе деҳаҳои дурдасти кӯҳистон ҳафтаҳои дароз бо неруи барқ таъмин набуданд, ҳамчун афсона дар саҳифаҳои таърих боқӣ монд. Боиси хушнудист, ки шурӯъ аз зимистони соли 2017 мардуми кишварамон бо неруи барқ пурра таъмин гардиданд. Мутаассифона, инсоният дар муқобили ҳаводису рухдодҳои табиат оҷиз мебошад, аз ҷумла, бо сабаби гармшавии иқлими сайёра сатҳи оби дарёҳо кам гардидааст, ки мушкили истеҳсоли неруи барқро ба миён овардааст. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони кишвар ба он ваҷҳ муроҷиат намудааст, ки вазъиятро дуруст дарк намоянд ва истифодаи оқилонаву сарфакоронаи барқро ба роҳ монанд. Тавре дар Муроҷиатнома зикр гардидааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири бемаҳдуд бо барқ таъмин будани аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти миллии кишвар шартномаҳои байнидавлатиро бобати интиқоли барқ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муваққатан қатъ намуд.

Мо - кормандони соҳаи маориф ва илми кишвар бояд ҷавҳари аслии мазмуну мантиқи ин Муроҷиатномаро беш ва пеш аз дигарон дарк намуда, бобати истифодаи оқилонаи неруи барқ дар хона ва дар ҷои кор намунаи ибрат бошем. Мардуми фарҳангпарвари тоҷик ба аҳли зиё - олимону донишмандон ва устодону омӯзгорон ҳамеша эътимоду эътиқод дорад ва ҳеҷ гоҳ нисбат ба маслиҳату андеша ва тавсияҳои онҳо бетафовут нест. Аз ин рӯ, мақсаду ҳадафи навиштани ин сатрҳо ҳамчун рисолат дар он аст, ки кормандони соҳаҳои маорифу илм, олимону донишмандон ва махсусан, омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбиро даъват намоям, ки дар раванди таълими наврасону ҷавонон аз маҳорати касбии худ истифода карда, фарҳанги сарфакорона истифода бурдани неруи барқро мунтазам тарғиб намоянд.

Ҳанӯз соли 2009 дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр ёфта буд: «Мо бояд ба маданияти истифодабарӣ ва сарфакории неруи барқу газ ва об эътибори ҷиддӣ диҳем. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла, Аврупо, чунин маданиятро дар мактабҳо аз синни хурдсолӣ тарғиб менамоянд».

Кормандони соҳаи маориф бобати таҳкими чунин маданият ва тарғиби он дар назди омма, махсусан, насли наврас дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд муваззафу масъул бошанд.

Шоистаи таъкид аст, ки аз ҷониби мутахассисони ШСХК «Барқи Тоҷик» бо унвони «Маърифати энергетикӣ» дастуре таҳия гардидааст, ки он дар таълифи дастуру барномаҳои дигар мусоидат менамояд. Ин дастур ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда мешавад. Мунтазам дар замири наврасону ҷавонон тарбия намудани маърифати сарфакорӣ ба манфиати имрӯзу ояндаи ҷомеа мебошад.

Мусаллам аст, ки норасоии неруи барқ дар пешқадамтарин мамолики ҷаҳон низ эҳсос мегардад ва онҳо низ дар ин роҳ сарфакориро як навъи устувори таъминоти энергетикӣ ҳисобидаанд. Аз ин рӯ, бояд дарк намоем, ки дар баробари бунёди иқтидорҳои истеҳсолӣ сарфакорона истифода бурдани неруи барқ омили муҳими рушди бомароми иқтисодиёти кишварамон мебошад.

Ҳамчунин, дар Муроҷиатнома қайд гардидааст, ки ҳар як шаҳрванд, ҳар як оила, тамоми ташкилоту муассисаҳо ва ширкату корхонаҳо сарфи назар аз моликият бояд истифодаи сарфакоронаи барқро ба роҳ монанд.

Мо – кормандони соҳаҳои маориф ва илми мамлакат дар ин самт имконияти бештарро соҳибем ва аз рафтору муносибати дилсӯзонаи мо наврасону ҷавонон ибрат мегиранд ва бо тарғибу ташвиқи ҳадафмандонаамон дар дарсҳо ва маҳфилҳову чорабиниҳо истифодаи сарфакоронаи неруи барқро маърифат мекунанд.

Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар дар шароити мушкили иқтисодиву иҷтимоии аҳли башар ва тағйирёбии бесобиқаи иқлими сайёра саривақтист. Маълум аст, ки дар таълимоти фарҳангиву мазҳабии мо сарфаву сариштакорӣ яке аз хислатҳои неки инсонӣ ҳисобида мешавад.

Бинобар ин, мо - кормандони соҳаҳои маорифу илми кишвар, ки ояндасозони ҷомеа дониста мешавем, Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишварро дастгирӣ намуда, тарғибу ташвиқ ва дар амал татбиқ намудани онро аз вазифаҳои муҳимми касбии хеш мешуморем. Имрӯз дар мамлакатамон ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар татбиқ мегардад, ки ба истиқлолияти комили энергетикӣ вобастагии амиқ дошта, ба рушду пешрафт ва шукуфоии бештари Ватани азизамон мусоидат менамояд.

М. Имомзода,

 вазири маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш