Нашрияи Омӯзгор

Равзанаи ошноӣ бо шоири тавоно

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 29        Шарҳ: 0

 

Чунонки ба ҳамагон маълум аст, соли равон 700-солагии шоири ғазалсарои адабиёти классикии форсу тоҷик, сухансарои барҷаста Камоли Хуҷандӣ таҷлил мегардад.

Ба ин хотир, дар ҷумҳурӣ чорабинию ҳамоиш, конфронсу семинар, мизи мудаввару симпозиумҳо баргузор шуда, ҳамчунин, аз ҷониби олимону муҳаққиқон ва адабиётшиносон мақолаву маводди зиёде таълиф гардида, асарҳои илмӣ - пажӯҳишӣ ба нашр мерасанд. Ба наздикӣ бо иқдоми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон китоби муҳаққиқи эронӣ Эраҷ Гули Сурхӣ таҳти унвони «Шарҳи ҳоли Камоли Хуҷандӣ» дар таҳияву баргардони забоншиноси шинохта Саидамир Аминов ба табъ расид. Китоби мазкур нигоҳи нав ба омӯзиши шарҳи ҳоли «булбули Хуҷанд» буда, дар он перомуни нусхаҳои хаттии қадимии ашъори шоир андешаҳои ҷолиб баён гардидаанд. Муаллиф, нахустин дастнависи ғазалҳои Камоли Хуҷандиро солҳои 1966-1967 дар дасти профессор, олими чех Ян Рипка дида будааст, ки аз 342 ғазал, 20 рубоӣ, 17 қитъа ва 2 қасида таркиб ёфта будааст. Ҳамин тавр, Эраҷ Гули Сурхӣ дар хусуси нусхаҳои хаттии мавриди истиноди олимон Брагинский – Шедфар оид ба шаш нусхаи дастнависи девони Камоли Хуҷандӣ маълумот дода, зикр мекунад, ки онҳо дастнависи китобхонаи Академияи улуми Озарбойҷони Шӯравӣ, ки ба соли 879 ҳиҷрӣ  (соли 1473 милодӣ) рост меояд ва аз 909 ғазал, 3 қасида, 82 қитъа, 13 рубоӣ ва 8 муаммо иборат мебошад, ба шумор меравад. Адабиётшиносон Брагинский ва Шедфер дастнависи китобхонаи шуъбаи Институти ховаршиносии Академияи улуми шаҳри Петербургро қадимтарин нусха ҳисобидаанд. Он дорои 794 ғазал ва 103 қитъа мебошад. Дар ин радиф нусхаи Институти ховаршиносии шаҳри Тошканд номбар мешавад, ки дар шаҳри Шероз ба дасти Дарвеш бинни Алийис Сироҷ китобат шудааст. Ҳамин тавр, дар асари мазкур аз нусхаҳои китобхонаи Институти ховаршиносии шаҳри Душанбе ва китобхонаи умумии шаҳри Самарқанд ёд карда мешавад. Ба андешаи муаллиф, чунин нусхаҳо хеле зиёд буда, нусхаи хаттии Азизи Давлатободӣ дар Табрез, ки дорои 944 ғазал, 2 қасида, 1 мустазод, 87 қитъа, 1 маснавӣ, 31 рубоӣ, 8 муаммо ва 9 такбайт мебошад, аз ҳамин қабил маҳсуб меёбад. Дар бораи нусхаи хаттии мавриди истифодаи Ҳусейнзода ва Асадуллоев Эраҷи Гули Сурхӣ чунин иттилоъ медиҳад: «Кори татбиқи «Девони Камоли Хуҷандӣ» бо девонҳои хаттие, ки дар даст доштам ва маҷмӯаи оқои Шедфер ба поён расида буд, ки дӯсти донишманд ва гиромиам, устод, доктор Камоли Айнӣ ҳафт китоб аз девони Камол марҳамат карданд, ки чаҳор ҷилди онро худ доштам. Ду ҷилд аз онҳо нусхаи Раҳим Ҷалил - Нависандаи халқии Тоҷикистон буд ва яке хулосаи Ҳусейнзода».

Атрофи нусхаи истиноди  Асадуллоев сухан ронда, чор нусхаи дигарро, ки мавсуф аз он истифода кардааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳад. Азбаски Шайх Камоли Хуҷандӣ сӯфии замон буд, муаллиф дар боби моҳияти таълимоти сӯфия дар ғазалиёти шоир дар фаслҳои «Шарҳи ҳоли Камол ва осори ӯ он тавр, ки устодони гузашта ва ҳол навиштаанд», «Навиштаи Ҷомӣ дар «Нафаҳот-ул-унс», «Хоҷа Убайдуллоҳ кӣ буд?», «Силсилаҳои сӯфия ва хоҷагон» ва ғайра муфассал сухан меронад. Аз ҷумла, Эраҷ Гули Сурхӣ дар бораи шаҳри Сарой, ки Камоли Хуҷандӣ дар он ёздаҳ сол иқомат ихтиёр карда будааст, низ маълумот медиҳад. Шайх Камол соли 798 ҳиҷрӣ бар асари ҳуҷумҳои пайдарпайи темуриён ба шаҳри Табрез бармегардад. Мусташриқони хориҷӣ зиндагинома ва эҷодиёти Камоли Хуҷандиро ба таври доманадор дар иртибот ба марҳалаҳои таърихӣ мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор додаанд, ки дар ин масъала навиштаи «Назари профессор Эдвард Браун дар бораи Камоли Хуҷандӣ» маълумоти саҳеҳ медиҳад. Тариқати ҳаллоҷия низ ба ҷаҳонбинию тафаккури Камоли Хуҷандӣ бетаъсир намонда буд… Хуллас, китоби Эраҷ Гули Сурхӣ тадқиқоти ҷолибу муҳтавоманд буда, барои омӯзиши паҳлуҳои норавшани ҳаёт ва эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ сарчашмаи илмии боэътимод мебошад.

 

Шодӣ РАҶАБЗОД,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш