Нашрияи Омӯзгор

Устоди соҳибэҳтиром

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 30        Шарҳ: 0

 

Соли 2016-ро ҳеҷ фаромӯш намекунам. Нахустфарзандам Насибаҷонро бо сарулибоси мактабӣ ва бо орзую умед ба муассисаи таълимии №55–и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе овардам. Дар саҳни таълимгоҳ маро омӯзгоре бо чеҳраи кушод истиқбол гирифт ва худро шиносонид: “Ман омӯзгори синфҳои ибтидоиям. Роҳбарият ба ман супориш дод, ки ҳамин соли таҳсил ба талабагони синфи 1 дарс бидиҳам. Агар раво донед, духтараки ситорагарматонро барои таълиму тарбия ба ман супоред”.

Омӯзгори накукору пуртаҷриба, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон Нозигул Хайруллоева дар тӯли 30 соли фаъолияти педагогияш ба садҳо “булбулакони боғи дониш” сабақ омӯхтааст.

Ӯ 4 сол (аз синфи 1 то 4) духтарчаам Насибаҷонро таълиму тарбияи хуб дод. Насиба зинаи аввали таҳсилро бо баҳои аъло хатм карда, ба синфи 5 гузашт. Ӯ ҳамеша майл ба хонишу омӯзиш дорад. Аз китобчаҳои хурди бачагона истифода бурда, мазмуни ҳар як ҳикояю афсонаи хондаашро дар байни аҳли хонавода бозавқ ва ифоданок бозгӯйӣ мекунад.

Нозигул Хайруллоева ҳунари нависандагӣ ҳам дорад. Бо қалами ӯ аз саргузашти фаъолияти омӯзгориаш китобе ба унвони “Нахли ҷавонӣ, бош зеби дӯстон!” (соли 2019) ба табъ расидааст. Муаллима ҳангоми хатми синфи 4 ва хайрухуш ба ҳар як хонандааш аз ҳамин китоб якнусхагӣ барои хотира туҳфа кард. Китоби мазкур бо имзои устоди фарзандам ба дастам расид.

Китоб аз сарсухан, суханҳои самимии директори мактаби №55 Гулчеҳра Хоҷаева оғоз меёбад. Баъд аз он мақолаҳои омӯзгори эҷодкор Нозигул Хайруллоева оид ба методикаи таълими ибтидоӣ, масъалаҳои педагогӣ, тарбиявӣ, ҳикояҳои хурди ӯ “Одоби хуб” ва ҳикоячаҳо доир ба ҳар як ҳарфи алифбои тоҷикӣ гирд оварда шудаанд.

Соли аввали таҳсил дар синфи 1 дар ҷашни “Хайрухуш бо “Алифбо” иштирок намудам. Ҷашни мазкурро омӯзгору шогирдон хеле пурмазмун ва ҷолиб гузарониданд. Дар охир, устод шогирдони хурдсоли худро вазифадор кард, ки китоби “Забони модарӣ”-ро низ ба монанди “Алифбо” тозаю озода нигоҳ доранд.

Боз дар якчанд дарси муаллима иштирок намуда, фаъолияти донишазхудкунии Насиба ва дигар ҳамсабақони ӯро мушоҳида карда, қаноатманд шудам.

Сарсухани ҳикояҳои омӯзгор ба қалами академик Муҳаммад Лутфуллозода мансуб аст. Устод ҳикояҳоро хонда, чунин баҳо медиҳад: “Ҳикояҳои Шумо бояд аз ду ҷиҳат арзишнок бошад: якум, аз ҷиҳати бадеию забониву зебописандӣ ва дуюм, аз ҷиҳати дидактикӣ, яъне, таълимӣ. Мо ба муаллифи ҳикоя, қабл аз ҳама, сиҳатию саломатӣ ва дар фаъолияти омӯзгорию эҷодиашон комёбиҳо хоҳонем.”

Дар қисми охири китоб таассуроти ҳамкорони омӯзгори хушсалиқа ва соҳибтаҷриба Сабоҳат Акобирова, Бунафша Ғаниева ва дигарон сабт гардидаанд.

Ҳоло дар синфи дуюм ба фарзандам Анӯшервон низ муаллима Нозигул Хайруллоева дарс медиҳад. Анӯшервон дар синфи 1 аллакай китобро буррову равон мехонд, аз рӯйи матни хурди хондааш ба саволҳо ҷавоб дода метавонист, ҳунари ӯ дар расмкашию сохтани ашё хеле хуб аст.

Бовар дорем, ки Анӯшервон ҳам чун апааш Насиба зинаи аввали таҳсилотро бо баҳои аъло ҷамъбаст менамояд.

Мо, аҳли оилаи Мировҳо, ба муаллима Нозигул Хайруллоева дар таълиму тарбияи хонандагони хурдсол комёбиҳо мехоҳем.

Дилбар МИРОВА,

омӯзгори коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ба номи

П.Бӯйдоқов, ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш